Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми сармоягузорон ва донорҳо дар Хоруғ


Дар Хоруғ таҳти унвони «Помиринвест-2011» форуми сармоягузорон ва созмонҳои кӯмакрасон ифтитоҳ ёфт.

Дар он намояндагони зиёда аз 80 сармоягузор ва созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Тоҷикистон ширкат доранд. Созмондиҳандагони ин анҷуман мегӯяд, мақсад аз ин форум ҷалби таваҷҷӯҳ ба имкониятҳои табиии минтақа ва дарёфти коршарикон барои барномаҳои муҳими тавлидотӣ ва хадамотист.

Роҳбари ассотсиатсияи «Миллал-Интер» Боймамад Алибахшев гуфт, ки дар ин форум соҳибкорони вилоят зиёда аз 160 лоиҳаи марбут ба коркарди маҳсулот ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳиро муаррифи мекунанд.

Соҳибкорони минтақа интизор доранд, ки форум шинохти беҳтареро дар мавриди лоиҳаҳои боаҳамияти ба намоиш мегузорад ва бо кӯмаки сармоягузорону донорҳо лоиҳаҳои бештаре дар ин бахш амалӣ ҳоҳанд шуд.

Ба гуфтаи академик Оғоназар Ақназаров айни ҳол дар Бадахшон ҳамагӣ ба андозаи як дар сади маодин ва сангҳои ороишию гаронбаҳо ва камтар 10 дар сади маҳсулоти кишоварзӣ коркард мешавад. Вай афзуд, соҳибкорони бадахшӣ бояд аз чунин ҳамоишҳо ба мақсади рушди бахши тавлид самаранок истифода кунанд. Гуфта шуд, ки дар Бадахшон 12 кони маодин пурра омӯхта шуда, интизори сармоягузоронанд.

Дар форуми "Помиринвест-2011"



Набот Додихудоева, як соҳибкори минтақа мегӯяд, ки бовар дорад, ки меваву сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Бадахшон дар ҳама гуна бозор рақобатпазир аст.

Вай изофа намуд, ки маҳсулоти тақрибан дастӣ омодашудаи ширкатҳои марбутаи Бадахшон, ки ба намоиш гузошта шудаанд, таҳаҷҷӯҳи сармоягузоронро ҷалб хоҳад кард:
“Ҳозир мо тут ва чормағзро аз сокинони ноҳияи Рушон мехарем, дар оянда мехоҳем, ин меваҷотро аз ноҳияи ҳам Ванҷ харид ва коркард кунем, агар корхонаи хурд боз шавад, ҷойи кори бештар пайдо хоҳад шуд.”

Форум ду рӯз идома меёбад ва дар ин муддат ширкаткунандагони он дар бахшҳои коркарди саноатии маҳсулот, сайёҳӣ ва энергетика табодули афкор мекунанд ва ба барномаҳои пешниҳодшуда ошно мегарданд.

Дар форум зиёда аз ва 20 соҳибкор аз кишварҳои хориҷӣ низ иштирок мекунанд. Сафаралихон, як соҳибкор аз маҳалли Хунзои Покистон гуфт, ки боз шудани роҳи нақлиётии байни ду кишвар тавассути долони Вахони Афғонистон имконияти мушорикати соҳибкорони ҳар ду тарафро дар лоиҳаҳои коркарди саноатӣ бештар месозад.

Ин форум мебоист ҳанӯз тобистони соли гузашта баргузор мешуд. Аммо бар асари ҳаводиси Рашт ба таъхир афтод. Коршиносон айни ҳол баргузор шудани онро аломати бозгашти эътимоди хориҷиён ба эътидоли авзоъ дар кишвар ва минтақа арзёбӣ мекунанд.

Ин форум бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкориҳои техникии Олмон баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG