Дар бораи пайдоиши Наврӯз то имрӯз андешаҳо гуногун аст. Як гурӯҳ пайдоиши онро ба давраи ҳукмронии Ҷамшед нисбат медиҳанд, бархе онро ба замони Куруши Кабир.
Ба бовари таҳлилгарони тоҷик, раъйпурсӣ дар Қрим ва рӯйдодҳое мисли ин ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ таъсир хоҳанд кард, вале гумон аст, ки Ғарб дар масъалаи Қрим дар муқобили Русия то охир истодагарӣ кунад.
Шаби 14 ба 15-уми март афроди номаълум вориди хонаи сокини кӯчаи Деҳлавии пойтахт Ашӯр Акобиров шуда, ӯро куштанд ва манзили ӯро ба оташ кашиданд, ки бар асари ин оташсӯзӣ писари 12-солааш Ҷовидон ҳам ба ҳалокат расидааст.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси варзида ва раҳбари созмони ҷамъиятии «Дурнамо+», ки ахиран ба дарёфти ҷоизаи «Зани шуҷоъ» аз ҷониби вазорати корҳои хориҷии Амрико мушарраф гашт, ахиран аз он кишвар баргашт.
Додситони низомӣ алайҳи Усмон Ғайратов, сарбози қисми ҳарбии марзбонии 2620, ки дар ҳузури чанд ҳамхизматҳои дигар сарбоз Шаҳбол Мирзоевро латтукӯб кардааст, парванда боз намудааст.
Иттиҳоди байнипорлумонӣ ва Бунёди Занон дар Созмони Милали Муттаҳид бо нашри як гузориш рӯзи чаҳоршанбеи 12-уми март гуфтаанд, ки соли гузашта дар кишварҳои ҷаҳон теъдоди занон дар порлумонҳо афзудааст.
Раҳбарияти Иттифоқи нависандаҳои Тоҷикистон мегӯяд, бештари ҷавононе, ки солҳои охир ба ин созмон пазируфта шудаанд, аз ҷумлаи бонувон буда, дар кори эҷодӣ навоварӣ ва ҷасорат нишон медиҳанд.
Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад, ки аз харидани атру шампунҳое, ки бо номи ситораҳои мусиқии тоҷик ба бозор бароварда шудаанд, худдорӣ кунанд.
Зикриоллоҳ Ҳакимов, овозхон ва оҳангсози саршиноси тоҷик аз сафари ҳунарӣ аз кишвари Ҳиндустон баргашт.
Бархе аз занон, ки пас аз итмоми муҳлати ҳабс озод шудаанд, мегӯянд, "доғи судӣ" имкон намедиҳад, онҳо ба зиндагии оддӣ баргарданд ва Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон мегӯяд, 16 дарсади онҳо дубора даст ба ҷиноят мезананд.
Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ҳаводиси Украина шабоҳатҳое ба рӯйдодҳои соли 1992-и Тоҷикистон дорад, аммо мавқеи ҷуғрофӣ ва фарҳанги сиёсии мардум дар Украина имкон намедиҳад, ки кор дар онҷо чун дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашад.
Филми Искандар Усмонов, коргардони ҷавону муваффақи тоҷик -«Барқия» дар як ҷашнвораи ҷаҳонии синамо дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон сазовори ҷоизаи доварон шудааст.
Сарбози собиқ Сангалӣ Сабзаев баъд аз хатми литсейи технологӣ барои худ коре наёфт ва дар бозори «Корвон» фурӯшанда шуд.
Намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мегӯянд, надонистани забони давлатӣ монеаи кори онҳо дар сохторҳои давлатӣ шудааст. Биноан, онҳо ғолибан донишу таҷрибаи худро дар бахши хусусӣ ба кор мебаранд.
Кумитаи дини Тоҷикистон чопхонаҳои Душанбе ва вилоятҳои кишварро барои нашри китобҳои динӣ танқид кард ва гуфт, ки баъзе нашриёт ва матбааҳои давлатию хусусӣ адабиёти динӣ ва дигар маводи мазҳабиро бидуни хулосаи давлатии диншиносӣ ва хилофи талаботи қонун ба табъ мерасонанд.
Филми коргардони маъруфи тоҷик Носир Саидов «Оинаи беҷило» дар ҷашнвораи байналмилалии "Фаҷр" дар Эрон сазовораи ҷоиза барои беҳтарин филмнома шуд.
Кумитаи забон бо ҷурми поймол кардани қонуни забон 66 нафарро ба ҷавобгарӣ кашонда, як қатъномаи алоҳида дар мавриди истифодаи ҳарфи "Ӯ" қабул кардааст.
Дар озмуни китоби беҳтарини соли 2013, ки вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор кард, 5 асар баранда эълон шуданд.
Филмсозони тоҷик мегӯянд, ки дар соли 2013 бо таҳияи ду филми ҳунарӣ қадамҳои умедбахше дар роҳи рушди синамои тоҷик гузошта шуд, аммо мушкилоти зиёде дар ин самт ҳамоно боқӣ мондааст.
Барои пешгирӣ аз бемориҳои хатарноки гулӯзиндонак ва кузоз, дар Тоҷикистон маъракаи густардаи эмкунии бонувони синни зоиш оғоз ёфт.
Ёфтҳои бештар