Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо додситонии кулл дар соли 2013 риояи қонуни забон дар 266 муассисаро санҷида, бар асоси ин санҷишҳо додситонӣ алайҳи 66 нафаре, ки муқаррароти қонуни забонро вайрон кардаанд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз кардааст. 11 тани дигар бо ин ҷурм ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд. Маблағи умумии ҷарима аз вайронкунандагони қонуни забон дар соли гузашта 99 500 сомониро ташкил дод.
Гавҳар Шарофова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи кумита изҳори нигаронӣ кард, ки то ҳанӯз муқаррароти қонуни забон дар бисёр ташкилоту муассисаҳо риоя намешавад. Зикр шуд, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ татбиқи қонуни забон хеле суст аст ва дар робита риоя накардани талаботи қонун дар ин ноҳия 12 санади огоҳӣ тартиб дода шудааст.
Кумитаи забон бо изҳори ташвиш аз саҳлангориҳо дар номгузорӣ гуфт, баъзан номҳои таърихӣ беасос ба номи афроди алоҳида иваз шуда, такрори номҳо дар чанд маҳал низ ба назар мерасад. Мирзоҳасан Султонов, узви ҳайъати мушовараи кумита гуфт, номҳои таърихӣ шаҳодатномаи миллатанд ва набояд ин бо номи ашхос иваз шаванд.
Ҳамзамон ба хотири аз байн бурдани ихтилофи назар дар ин замина аз ҷониби масъулон ва мутахассисони соҳа Қатъномаи истифодаи ҳарфи «Ӯ» қабул гардидааст, то истифодаи якгунаи ҳарфи «ӯ» аз ҷониби ҳама таъмин шавад.
Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамчунин тасмим доштааст, то ду моҳи дигар ҷорӣ нашрияи алоҳидаеро таъсис диҳанд, ки махсуси баррасии масъалаҳои риояи қонуни забон ва тарҷумаи истилоҳҳо ба забони тоҷикӣ хоҳад шуд.
Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди ҳукумати Тоҷикистон соли 2009 дар ивази як куммиссиюни камсалоҳияте, ки барои назорат бар раванди иҷрои қонуни забон сохта шуда буд, таъсис ёфт. Раҳбарии ин кумитаро то поёни соли 2013 забоншинос Додхудо Саймуддинов бар ӯҳда дошт. Баъди ба нафақа рафтани ӯ ба ин мақом Гавҳар Шарофова таъйин шуд.
Дар маҳофили Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди гузашти инак 25 сол аз таҳия ва тасвиби қонуни забони давлатӣ, ки ба забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон мақоми давлатӣ дод, ин қонун то ҳол пурра иҷроӣ нашудааст.
Ахиран аз ҷумла дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин масъала баҳс шуд, ки бо гузашти 22 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ сомонаҳои расмии аксари вазоартхонаҳову идораҳои давлатӣ ва қариб ҳамаи сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ба забони русианд.