Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангалиро ғами бекорӣ аз "Корвон" ба мактаби прапоршикҳо овард


Сарбози собиқ Сангалӣ Сабзаев баъд аз хатми литсейи технологӣ барои худ коре наёфт ва дар бозори «Корвон» фурӯшанда шуд.

Вақте Сангалӣ Сабзаев шунид, ки дар вазорати мудофиа мактаби прапоршикҳо таъсис ёфтааст, ба ин ҷо омад ва ҳоло ҳамроҳи сад нафари дигар омодагӣ дорад, ки корманди доимии артишии Тоҷикистон шавад. Мегӯяд, шояд барои он ба ин ҷо омад, ки падараш ҳам низомӣ буд ва худ низ орзу дошт, бори дигар либоси ҳарбӣ дар бар намояд. Вай паси як миз бо Умедҷон Мансурзода менишинад, ки баъд аз як солу ҳашт моҳи хидмати ҳарбӣ ба ин мактаб омадааст.

Ҳарду -- Сангалӣ ва Умедҷон - бо ихтисоси механики тайёра ва чархбол таҳсил мекунанд ва оянда бо таъмири тайёра ва чархболҳои ҷангӣ машғул хоҳанд шуд. Ҳамзамон дар ин мактаб ихтисосҳои техникаи ҳарбӣ, мудири анбори техникӣ ва ақибгоҳ, сардори хадамоти ракетӣ ва артиллерӣ, механики танки Т72 ва ғайра омӯзонида мешавад.

Ҳадафи таъсис аз ин мактаб баланд бардоштани савияи ҷангиву тахассусии низомиён ва ҳавасманд кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ унвон мешавад.

Масъулон мегӯянд, дар ин мактаб ҷавононе, ки якуним сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хидмат намуданд ва шаҳрвандони дигаре, ки хидмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, бо омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Муҳлати таҳсил 4 моҳ буда, донишҷӯён бо кӯмакпулӣ, ҷои хоб ва се вақт ғизо таъмин мешаванд.

Мактаби навтаъсис таваҷҷӯҳи он ҷавононеро ҳам ба худ ҷалб кардааст, ки дар риштаҳои дигар таҳсил карда, аммо натавонистаанд барои худ ҷои кори муносиб пайдо кунанд. Дар миёни донишҷӯён 10 нафарашон ҷавононеанд, ки дар артиш хидмат намекунанд ва ҳамаи онҳоро орзуи марди низомӣ ва соҳиби кор шудани доимие, ки маоши хуб дошта бошад, ба ин ҷо овардааст.

Майор Сафармоҳ Мирзоева, сардори зершӯъбаи таълимии мактаби прапоршикони Вазорати мудофиа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, «бо фармони вазир аз қисмҳои ҳарбии қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои зудамал, аз мудофиаи зиддиҳавоӣ, ҳарбию ҳавоӣ бо теъдоди хизматчиёни ҳарбӣ бо мақсади таъмин шудан бо ҷои кор дар қувваҳои муссаллаҳ ба ин мактаб омадаанд».

Ба гуфтаи ӯ, кам будани теъдоди прапоршикҳо дар қувваҳои мусаллаҳ боис шудааст, ки чунин мактаб таъсис дода шавад ва ҷавонон баъди хатми мактаб ба таври ҳатмӣ се сол дар қисми ҳарбӣ фаъолият мекунанд ва ба онҳо 600-900 сомонӣ маош муқаррар мешавад. Баъди анҷоми ин муҳлат онҳо метавонанд қарордодашонро дар бораи кор тамдид кунанд.

Ба гуфтаи масъулон, бо мақсади ҳавасманд кардани ҷавононе, ки дар ин мактаб таҳсил мекунанд, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ ба муносибати Рӯзи Артиши Миллӣ, ки 23 феврал таҷлил мешавад, ба волидони онҳо 500 сомонӣ мукофот ирсол шудааст.

XS
SM
MD
LG