Дар сӯҳбате, ки бо Дилшод Раҳимӣ, фолклоршиноси тоҷик доштем, нахуст пурсидем, ки дар асоси манбаъҳои муътамади таърихӣ дар ин замина чӣ ҳарфи тозае метавон гуфт?
Дилшод Раҳимӣ: Дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз андешаҳо зиёданд, аз ҷумла муаррихион, адибон бар асоси сарчашмаҳои таърихӣ, махсусан асотире, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст ва тасвирҳое, ки дар Тахти Ҷамшед насб шудаанд, бисёр хулосаҳо баровардаанд. Баъзеҳо онро ба замони ҳукмронии Ҷамшед, шоҳи пешдодӣ нисбат медиҳанд, бархе инро ба Куруши Кабир, бархеи дигар ба Каюмарс ва ғайра. Бояд гӯем, ки нисбат ба Ҷамшеду Каюмарс тааллуқ доштани ҷашни Наврӯз устура, яъне афсона аст. Аммо мо метавонем мантиқан гӯем, ки ҷашни Наврӯз даҳ ҳазор сол пеш, шояд аз ин ҳам пеш ба вуҷуд омадааст. Яъне, решаҳои ин ҷашн ба даврони хеле қадим рафта мерасанд. Аз ҳамон вақте ки инсоният фасли зимистонро айёми мушкилоту душворӣ мепиндошт ва чун баъди зимистони қаҳратун рӯзҳои гарм меомаданд, медиданд, ки табиат зинда мешавад, рустаниҳо мерӯянд, гулҳо мешукуфтанд, дарахтон барг мекунанд. Ин манзараҳо ба шуури мардуми ибтидоӣ беасар набуданд, мардум маҳз ҳамин давраро як давраи хуррамию хурсандии худ мепиндоштанд ва онро ҷашн мегирифтанд.
Радиои Озодӣ: Наврӯз бо дини зардуштӣ чӣ робита дорад? Оё ягон суннатҳои наврӯзӣ маҳз аз оини Зардушт омадааст?
Дилшод Раҳимӣ: Наврӯз хеле ҷашни қадим аст, пеш аз зардушт, пеш аз ислом, шояд ба ҳамон давроне, ки ориёиҳо кӯч мебастанд, таллуқ мегирад. Шояд ҳамон давроне, ки ҳанӯз дини шаклгирифтае ба вуҷуд наомада буд, мардум ҷашни баҳорро таҷлил мекарданд. Ақидаҳо зиёданд, ки мегӯянд, ҷашни Наврӯз ҷашни зардуштӣ аст. Ин комилан ғалат аст. Албатта, онҳое дар ин бора сухан мегӯянд, ки мутолиа надоранд. Агар «Авесто»-ро варақ занем, дар бораи ҷашни Наврӯз ягон ҳарфе нест, «Авесто» китоби динии зардуштиҳо аст. Аммо Наврӯз ҷашни табиат, ҷашни оммаи мардум аст, ҷашни деҳқону боғбон аст. Аммо азбаски аз қадим омадааст ва дар замоне, ки оини зардуштӣ ҷорӣ буд, ҷашни Наврӯз ҳам дар байни мардум мавқеъ дошт, дини зардуштӣ ба ҷашни Наврӯз то андозае таъсир расондааст. Махсусан, ҳамон суфрае, ки «Ҳафт син» мегӯянд. Эрониҳо имрӯз ҳам «Ҳафт син»-ро нигоҳ доштаанд. Дар замони эрониёни қадим дар ҳафт табақча ба хотири ҳафтгонаи зардуштӣ - шаш фаришта ва Аҳурамаздо неъматҳои офаридаи Худовандро мегузоштанд. Ва ҳамин як намунае аст, ки мо медонем, ки дар тӯли таърих баъзе маъниҳо эътибор пайдо кардааст.
Радиои Озодӣ: Ин суоли ман ба он хотир буд, ки солҳои ахир бо наздик омадани Наврӯз баҳсҳо сари то куҷо ҷоиз будани таҷлили он аз тарафи бархе доираҳои мазҳабӣ зиёд мешавад. Манбаъҳои таърихӣ ва уламои исломӣ дар бораи Наврӯз чӣ мегӯянд? Аслан баҳсе чунин ҷоиз ҳаст дигар?
Дилшод Раҳимӣ: Албатта, баҳс дар ҳама ҷо ҳаст. Аммо баҳс бояд аз нигоҳи илмӣ ва дар асоси далелҳо бошад. Вақте мо Наврӯзро имрӯз мебинем, на он Наврӯзест, ки ҳазор сол пеш ё замони зардуштия буд. Имрӯз Наврӯз як ҷашни зебои баҳор, баробаршавии шабу рӯз, ҷашни кишоварзон аст. Аз ин зиёд нест. Кадоме аз ин унсурҳо хилофи ислом аст? Модоме, ки ихтилоф надорад, ман гумон мекунам ягон халале ба дини ислом намерасонад. Дар ҷашни Наврӯз мо ягон парастиш, ягон эътиқоди хилофи мусулмониро намебинем.
Радиои Озодӣ: Солҳои пеш дастурхони наврӯзиро бо “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин” оро медоданд. Имсол ба дастурхони идонаи шаҳри Душанбе “Ҳафт мим” илова мешавад? Ин суннатҳо кай ба оини наврӯзӣ афзуда шуданд?
Дилшод Раҳимӣ: Мо, мардумшиносон вақте байни аҳолии кишвар ба сафарҳои хидматӣ меравем ва аз мардум намунаҳои фарҳанги мардумро сабт мекунем, ман борҳо ин суолро додаам, ки «оё дар замони қадим суфраи «Ҳафт син» ё «Ҳафт шин» буд?», куҳансолон мегӯянд, ин хел гапҳо набуд. Аммо онҳо тасдиқ мекунанд, ки дастархони хоси тоҷикона буд, ки дар он дар як табақи калони чӯбӣ ҳафт навъи мева мегузоштанд. Ин суннати ҳафт мева дар байни тоҷикон маъмул будааст. Аммо «Ҳафт син», на «Ҳафт шин»(!) хоси эрониҳо аст, ки дар ҳамин даҳсолаҳои охир тавассути аҳли фарҳангу илм дар байни мардуми тоҷик роҳ ёфт ва имрӯз маъмул шудааст. Аммо дар ягон сарчашмаҳои таърихӣ ва ҳатто «Наврӯзнома»-и Хайём дар бораи «Ҳафт син», «Ҳафт шин» ва «Ҳафт мим» ягон ишорае нест. Ҳамчунин дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Шоҳнома» ва «Таърихи Табарӣ» ва дигарҳо низ. Табақро эрониҳо «синӣ» мегӯянд, яъне ҳамоне ки мо «чинӣ» мегӯем, табақи чинӣ. Яъне ҳафт синӣ гузоштан, ҳафт табақ гузоштан будааст, ки тадриҷан аз ҷониби мардуми авом ба «ҳафт син» табдил ёфтааст. Ва баъдан боз ривоят бофтанд, ки гӯё қабл аз омадани аъроб ин «Ҳафт шин» буд, чун он ҷо шароб буд, шамъ буд, арабҳо гуфтанд, шароб ба шариати мо мувофиқ нест ва гирифтанд «ҳафт син» карданд. Ин ҳама ривоятҳои омиёнаи мардум аст, бофта аст. Сарчашмаҳои мардумшиносӣ ҳам ишорае ба ин чиз накардаанд.
Радиои Озодӣ: Аслан, дар замони муосир кадом суннатҳои тозае ба Наврӯз зам шуданд?
Дилшод Раҳимӣ: Яке аз суннатҳои тоза суфраи «Ҳафт син»- у «Ҳафт шин» аст. Дигар озмунҳое, ки баргузор мешавад ба мисли «Маликаи Наврӯз», «Арӯси сол» ё «Арӯси баҳор», ки бонуи зебое бо либоси сафед ба саҳна баромада, симои баҳорро таҷассум мекунад. Ин ҳама суннатҳои наванд, аммо рамзе дар худ доранд. Баъзе кӯшишҳои тақлид ба Соли нави масеҳӣ ҳам ба назар мерасанд, ки ба ҷои Бобои Барфӣ Бобои деҳқон ҳам пайдо шудааст. Ман фикр мекунам, Бобои деҳқон бад нест, бигзор вай ба саҳна ояд ва олоти коришро ба намоиш гузорад. Аммо бояд арчаро дар баҳор ороиш надиҳем. Дарахти шафтолую зардолу дар Наврӯз гул мекунанд, бигзор як шохаи ин дарахт ҳамчун як рамзи зебоии табиат бошад. Аммо Бобои Барфие, ки ба он ҷомаи сабз пӯшондаанд ва ба сару ришаш гулу райҳон овезон бошад, ин сохтакорӣ аст, ки ба фарҳанги мо рост намеояд.
Радиои Озодӣ: Ба назар чунин мерасад, ки солҳои охир Наврӯз бештар ба як ҷашни давлатӣ табдил ёфтааст ва таҷлили густардаи Наврӯз дар хонаводаҳои мардум камтар ба назар мерасад. Чаро чунин аст?
Дилшод Раҳимӣ: Дуруст мегӯед. Ман соли гузашта ҳамон шабу рӯзе, ки дар пойтахт ва маркази шаҳру ноҳияҳо хеле бо дабдаву шукӯҳ Наврӯзро ҷашн мегирифтанд, ман ба деҳа рафтам, ба зодгоҳам. Дидам, ки чун ҳавои хубу мусоид буд, ҳама деҳқонҳо дар даруни замин кор мекарданд. Парвои ҷашну хурсандӣ надоштанд. Ин чиз метавонад далел бошад, то гӯем, мо ҷашнро аз мардум гирифтем, аммо сирф расмӣ ва то андозае аз мардум дур кардем. Арҷгузории самимӣ ба Наврӯз дар байни мардум намондааст. Аммо мо мебинем, ки дар муассисаҳои давлатӣ, телевизион ва радио, дар ҳар куҷо зиёфатҳову намоишҳо. Ҳама машғули базму тараб, аммо деҳқони бечора ба кишоварзии худ овора. Асосгузори ҷашн деҳқон аст. Дар Афғонистон рӯзи Наврӯз деҳқононро ба саҳна мебароранд, бо ҳамон олоти корӣ, бо барзагову юғу испор. Намоишу гузариши худи кишоварзон баргузор мешавад. Бояд мо низ дар ин ид ба кишоварзон бештар таваҷҷуҳ кунем. То донем, ки деҳқон ҳам як рӯзе доштааст. Рӯзи муаллим, дорем, рӯзи кормандон тиб, варзишгарон, аммо рӯзи деҳқон нест. Ана ҳамин Наврӯз аслан рӯзи деҳқон аст ва мо бояд ҳамин чизҳоро ба назар гирем, ки Наврӯз танҳо ҷашни аҳли фарҳангу сиёсат нест, пеш аз ҳама ҷашни мардуми омма аст. Бояд ба мардуми оддӣ дар остонаи Наврӯз ҳадяҳо дода шавад. Махсусан ба деҳқонон ҷоизаҳо супурда шавад, то ба кори кишоварзиву боғдорӣ дилгарм шаванд. То имрӯз мо консепсияи Наврӯзро надорем. Бояд Консепсияи Наврӯз аз тарафи мутахассисон навишта ва ба ҳукумат пешниҳод шавад. То имрӯз Наврӯзро бе назму тартиб, ҳар куҷо ҳар тавре хоҳад, ҷашн мегирад. Чаро аз замони қадим то асри бист ба як равиши хос омад, аммо мо ба парокандагии Наврӯз роҳ медиҳем. Ба иди Қурбон ҳазору чорсад сол шудааст. Ва мардум воқеан онро дӯст медорад. Чаро? Зеро як равиши муайян дорад. Ҳар сол аз тарафи шахсиятҳои динӣ таблиғу раҳнамоӣ мешавад. Аммо мебинем, бархе суфраи «Ҳафт шин» меороянду дар он шоколод ё ҳатто шона мегузоранд. Айб аст. Дар фарҳанги мардуми тоҷик шонаро дар рӯи дастархон намегузоранд. Дар эътиқоди мо шона ва ҷорӯб ду ашёи нопок ҳастанд.
Радиои Озодӣ: Шоҳони пешин рӯзҳои аввали Наврӯз ҳамроҳи аҳли дарбор ҷашн мегирифтанд ва рӯзҳои охирро ҳамроҳи омма. Ҳамзамон роиҷ буд, ки дар Наврӯз маҳкумонро авф мекарданд. Чаро ин анъанаҳо имрӯз аз ҷониби раҳбарони давлатҳо иҷро намешавад?
Дилшод Раҳимӣ: Ман кишварҳои дигарро наметавонам намуна орам. Аммо ҳукумати Тоҷикистон як андоза ба ҳамин суннат такя дорад. Масалан, бо мулоқот бо зиёиён ё мусобиқаҳои варзишӣ.
Радиои Озодӣ: Агар қонунро авфро, ки дар баъзе ҷашнро қабул мекунанд, шояд беҳтар аст, дар рӯзҳои Наврӯз ба тасвиб расонанд?
Дилшод Раҳимӣ: Хеле хуб мебуд. Ин эътибори Наврӯзро боло мебардорад. Бигзор авфи омма ҳам набошад, авфи як гуруҳи зиндониён шавад. Аслан, бахшиш, авф, оштӣ кардан яке аз вижагиҳои Наврӯз аст. То ба имрӯз дар байни мардуми куҳистон боқӣ мондааст, ки пеш аз Наврӯз бояд ҳамаи қаҳриҳо оштӣ бошанд, кинаю кудурат бояд аз байн зудуда шавад. Аммо имрӯз давлат дигар шудааст, замон дигар аст, идеология дигар аст ва бо он тартибе, ки дар давраи Сосониён буд, мо имрӯз наметавонем ба пуррагӣ тақлид кунем. Албатта, ҷанбаҳои хубро бояд гирем, аммо чизҳое ҳаст, ки шарт нест, роиҷ бошад.
Радиои Озодӣ: Оё дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон Наврӯз чӣ вижагиҳо дорад? Барои мисол дар Хаталон чӣ анъанаҳои хоси наврӯзӣ ҳаст? Дар Суғд чӣ суннатҳои вижае барҷо монда? Ва дар Бадахшон?
Дилшод Раҳимӣ: Умумиятҳои зиёд дошта бошанд ҳам, аммо баъзе вижагиҳо ҳаст. Масалан, дар Бадахшон «Шогуни баҳор» мегӯянд, онҳо суннатҳои дигар доранд. Ҳатто то ба солҳои наздик ва шояд имрӯз ҳам бошад, гӯсфанд қурбонӣ мекунанд. Дар гузашта аспро ба хона медароварданд. Дар Яғноб рӯзи оштидиҳии қаҳриҳо ҳаст. Мунодӣ - шахсе болои теппа ё боми баланде баромада нидо медиҳад, ки «фалон рӯз Наврӯз мешавад, ҳама дегу табақҳои бобоиро гирифта ба фалон маҳалла биёед» ва ҳама ғизову ҳар чизе, ки доштанд, гирифта ба он ҷо мерафтанд. Ин расм имрӯз ҳам боқӣ мондааст. Мо аз сарчашмаҳо медонем, ки дар Ҳисор чун лаҳзаи баробаршавии шабу рӯз фаро мерасид, олимон ва мунаҷҷимон ба мир хабар медоданд ва аз он ҷо супориш мешуд ва аз назди арки мири Ҳисор тӯп мепаронданд. Ин як тӯпи шодиёна буд. Аз болои карнайи Ҳисор садои дафу дуҳул баланд мешуд ва мардуми атроф ҷамъ меомаданд. Анъанаи гулгардонӣ дар баъзе ҷойҳо аз байн рафта бошад ҳам, дар байни мардуми водии Зарафшон ва Хатлон боқӣ мондааст. Анъанаи ҷуфтбаророн бо ворид шудани техникаҳои муосир аз байн рафтааст, шояд дар кӯҳистон боқӣ монда бошад.
Радиои Озодӣ: Баъди суқути Шӯравӣ ки робитаҳо канда шуданд, аз тоҷикони бурунмарзӣ ба хусус онҳое, ки дар Узбакистон монданд, иттилоъ торафт камтар мерасад ки чӣ ҳавлу ҳол доранд? Ва ҳатто аз Наврӯзи ин мардум ҳам дигар маълумот кам аст, ки чӣ гуна таҷлил мекунанд? Оё Наврӯз дар сарзаминҳои тоҷикнишини Узбакистон – Самарқанд, Бухоро, Сариосиё, Шаҳрисабз ва ғ. чӣ гуна таҷлил мешавад?
Дилшод Раҳимӣ: Мо тавассути Интернет дар бораи ҷашни Наврӯзи тоҷикони бурунмарзӣ метавонем ошно шавем. Тоҷикону Самарқанду Бухорову Фарғона ва дигар навоҳии Ӯзбакистон суннатҳои Наврӯзро ҳифз кардаанд ва бо шодию сурур ҷашн мегиранд. Баргирифта аз тоҷикон, дигар мардумони Осиёи Марказӣ - ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, уйғурҳо, туркманҳо ва дар Қафқозу дигар минтақаҳо дар паҳлӯи тоҷикон онҳо ҳам Наврӯзро моли худ медонанд. Ин як чизи табиӣ аст, ки фарҳанг марзҳои сиёсиро намепазирад ва убур мекунад. Онҳо Наврӯзро қариб бо ҳамин ном гирифтанд ва бо талаффузи худашон мегӯянд. Мо шод ҳастем, ки соли 2010 СММ ҷашни миллии моро ҷашни байналмилалӣ эълон кард.
Радиои Озодӣ: Наврӯзро натанҳо форсизабонҳо, балки тамоми халқҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз низ ҷашнаш мегиранд. Оё чӣ тозагие ин мардумон ба Наврӯз овардаанд?
Дилшод Раҳимӣ: Тозагие, ки имрӯз ворид карда бошанд, намебинем, аммо ҳудуди чанд аср шуд, ки Наврӯзро қабул кардаанд. Озарбойҷониҳо бо таъсир аз эрониҳо тухмро ранг мекунанд ва мисли тоҷикон хона ба хона мегарданд, аммо гул не, ҳадяҳои наврӯзӣ доранд ва таронахонӣ мекунанд. Ҳалвои махсус мепазанд. Сумалаке, ки мо дорем, қирғизҳо гирифтаанд ва сумулак мегӯянд. Ва дар баробари ин онҳо як хӯроки миллӣ доранд бо номи бешмармақ. Онро дар табақҳо мекашанд ва хоси Наврӯз медонанд. Дар дигар фаслҳои сол ҳам онро доранд, аммо дар дастурхони наврӯзиашон ҳатман ҳаст. Бозиҳои варзишиашон аспдавонию бузкашӣ, найзаандозӣ ва дигарҳост.
Радиои Озодӣ: Албатта, Наврӯз дар Тоҷикистон ҷашни давлатист. Аммо аз тарзе ки ин идро ҷашн мегиранд дар Тоҷикистон, манзурам, дар сатҳи расмиву мардумӣ, чӣ бароятон имрӯз хуш меояду чӣ не?
Дилшод Раҳимӣ: Тавре гуфтем, мавқеи деҳқон бояд дар ин ҷашн бардошта шавад. Мо кӯшиш мекунем, Наврӯзро тавассути садою симо зиёд таблиғ кунем, аммо агар пурсем, мардум воқеан соли нави масеҳиро бештар дӯст медоранд, дар қиёс ба Наврӯз. Дар Соли нав ба кӯдакон ҳадя медиҳанд, чаро дар Наврӯз надиҳанд? Ин як усули психологӣ аст. Падару модарон ба фарзандони худ туҳфа харанд. Аз корхонаҳо ба коргарон туҳфа ё ҳадди аққал як маош ҳадяи идона дода шавад. Дар иди Рамазону Қурбон ҳам ба кӯдакон тӯҳфа медиҳанд.
Ва чизи дигар он аст, ки мо мутахассисони Наврӯзро намебинам. Чанд нафар ҳастанд, ки солхӯрда шуданд. Ман мутахассиси Наврӯз нестам, бо кулли фолклор сари кор дорам. Чаро ҳукумат ба ин таваҷҷӯҳ намекунад? Чаро олимони ҷавонро дастгирӣ намекунанд? Олимони ҷавон ҳама тарки кор мекунанд. Ман пешниҳод мекунам, ки маркази махсуси наврӯзшиносӣ бояд таъсис ёбад ва қомуси Наврӯз навишта шавад. Бояд аз Наврӯз ҳимояи воқеӣ кунем, танҳо бо карнаю сурнай масъала ҳал намешавад, таҳқиқ бояд бошад, филмҳо ба забони инглисӣ бошад ва ба ҷаҳон паҳн шавад.