Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маблағи муолиҷаи Шаҳболро кӣ бояд пардозад?


Шаҳбол Мирзоев.
Шаҳбол Мирзоев.

Додситони низомӣ алайҳи Усмон Ғайратов, сарбози қисми ҳарбии марзбонии 2620, ки дар ҳузури чанд ҳамхизматҳои дигар сарбоз Шаҳбол Мирзоевро латтукӯб кардааст, парванда боз намудааст.

Дилшод Исломов, муовини додситони ҳарбии Гарнизони шаҳри Душанбе рӯзи 14-уми март бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки алайҳи сарбоз Усмон Ғайратов, ки ҳамзамон ба ҳайси фелдшер дар бунгоҳи тиббӣ кор мекардааст, барои «вайрон кардани қоидаҳои низоми қисми ҳарбӣ бо моддаи 373 қисми 2 парванда боз карда шудааст.»

Ҷаноби Исломов афзуд, ки агар ҳамаи ваҷҳҳо дар нибати сарбоз Усмон Ғайратов собит шаванд, мувофиқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон ба ҷазо кашида хоҳад шуд. Зимнан, тавре падари Шаҳбол Мирзоев мегӯяд, дирӯз муфаттишони додситони ҳарбӣ омада аз вазъи саломатии писараш хабардор шуда ва аксҳо гирифтанд. Ба гуфтаи Нӯъмон Мирзоев, онҳо ба вижа дар мавриди пойҳои захмии ӯ бо тааҷҷуб пурсидаанд, ки сабаби варам кардани пой ва изи чоки теғ аз куҷост? Шаҳбол гуфтааст, ҳар маротибае, ки ӯро латтукӯб мекарданд, бо теғ (лезва) пойҳояшро чок мезаданд, ки оё дардро ҳис мекунанд ё не.

Ҳамчунин барои кӯмаки ҳуқуқии ройгон ба ин сарбози латтукӯбшуда созмони ҳуқуқшиносони ҷавон мавсум ба «Ампаро» изҳори омодагӣ кардааст. Хуршеда Раҳимова, як масъули созмони ҳуқуқшиносони ҷавон бо номи «Ампаро» рӯзи 14-уми март бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки пас аз огоҳӣ аз ҳодисаи латтукӯби Шаҳбол Мирзоев дар сомонаи "Озодӣ", тасмим гирифтаанд, ки вакили мудофеи онҳо бо падари Шаҳбол Мирзоев дар тамос шуда, ба таври ройгон кӯмаки ҳуқуқӣ расонад. Созмони "Ампаро" марказаш дар Хуҷанд аслан ба масоили ҳуқуқии сарбозону аскарони даъватшуда ба қисмҳои ҳарбии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сару кор дорад.

Ба таъкиди ҷаноби Мирзоев, фармондеҳи қисми ҳарбӣ ягон бор ба аёдати сарбози худ наомадааст, то бо ӯ масъалаи маблағро дар миён гузорад.
Аммо Зафар Мирзоев, фармондеҳи қисми ҳарбӣ исрор мекунад, ки ҳамарӯза бо падари сарбози маъюб вомехӯрад, аммо мегӯяд, «дар бораи пардохти маблағи табобат чизе гуфта наметавонам ва намедонам кӣ маблағро мепардозад?».

Нуъмон Мирзоев.
Нуъмон Мирзоев.
Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев мегӯяд, ки феълан дар ҳоле қарор дорад, ки ба ҳамаи навъҳои кӯмакҳо ниёз дорад. Вай гуфт, ки ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ариза навишта, аз бадрафторӣ дар нисбати фарзандаш маълумот пешниҳод намуда хостори мусоидат барои ба ҷазо кашидани омилони бадрафтории фарзандаш шудааст.

Вай мегӯяд ҳоло масъалаи асосӣ ба по хезонидани фарзандаш аст, ки бар асари латтукӯб аз гардан поёнаш аслан ҳаракат намекунад ва панҷаҳои дастонаш намеҷунбанд: «Нусхаҳои ташхиси тибии Шаҳболро ба Олмону Ирон ва Русия ирсол доштаанд ва мунтазири посухи онҳо мебошад.» Тавре падари Шаҳбол мегӯяд, дирӯз пас аз нашри хабари латтукӯби фарзандаш аз Қисми ҳарбӣ намояндаҳо омада, омодагӣ кардаанд, ки дар масъалаи таъмини доруву даво кӯмак хоҳанд кард.

Нӯъмон Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт мегӯяд, писари ӯ Шаҳбол, шаби 8-уми март аз тарафи ҳамхидматонаш дар қисми ҳарбии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди латту кӯби сахт қарор гирифта, феълан дар беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе бистарист. Аммо фармондеҳи қисми ҳарбӣ подполковник Зафар Мирзоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «онҳо гӯштӣ гирифтаанд».

Ба гуфтаи Нӯъмон Мирзоев, сарбозони куҳнахидмат ё ба истилоҳ "дед"-ҳо писараш Шаҳболро, ки танҳо моҳи ҳафтум аст, хидмат мекунад, маъюб кардаанд, зеро гарданаш шикаста, як пояш аз ҳаракат мондааст. Худи сарбоз Шаҳбол Мирзоев дар ҳоле, ки дар яке аз ҳуҷраҳои бинои 5-уми беморхонаи Қарияи боло бистарӣ ва зери назари пизишкон буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шоми 8-уми март "дандонам дард кард ва ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ рафтам. Аз он тараф омадан дар ҳавлӣ Усмон Ғайратов, сарбоз маро бардошта ба замин зад. Дигар дасту пойҳоям аз ҳаракат монд. Вай ба болоям баромад. Ҳарчанд гуфтам, ки дасту поям қувват надорад касе маро гӯш накард. Маро ба дохил дароварда, чанд нафари дигар ба пойҳоям оби ҷӯш рехтанд, лезва заданд, сӯзан заданд, ки ҳис мекунам ё не. Ман дигар ҳис намекардам."

Шаҳбол афзуд, ки бо вуҷуди вазъи бадаш, танҳо бо гузашти як шабонарӯз ӯро ба беморхона овардаанд.

Дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз қисми ҳарбии 2620, ки Маркази таълимии сарбозон ба шумор меравад, дар мавриди ҳодисаи мазкур хабар додаанд ва ҳоло ин қазия баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи ин манбаъ, "бояд маълум карда шавад, ки сабаби аслии ин ҳодиса чӣ аст."

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш ним сол пеш бо хоҳиши худаш ба хизмати ҳарбӣ рафта буд. Вай гуфт, Шаҳбол 23 сол дорад ва Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аммо азбаски барои пайдо кардани ҷои кори хуб билети ҳарбӣ лозим буд, бо хоҳиши худаш ба хидмат рафт.

Ба гуфтаи Нӯъмон Мирзоев, ҳангоме ки бо писараш чунин ҳодиса рух медиҳад, худи ӯ муҳоҷири корӣ дар Русия аст ва хабарро шунида, аз он ҷо ба Душанбе омад: «Рӯзи 8 март ҷиянам, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад, ба ман занг зад, ки аҳволи писарат хеле вазнин аст. Вақте оҷилан ба бемористон омадам, писарам ба ман гуфт, ки маро заданд, гарданам шикастааст ва ҳароммағз беҷо шудааст. Ба гуфтаи худаш, ӯро Усмон Ғайратов задаст. Рӯзи аввал ӯро фелдшерҳо дар бунгоҳи тиббӣ нигоҳ доштаанд».

Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, «ба Шаҳбол гуфтаанд, агар гӯӣ, худам афтидам, мо туро ба беморхона мебарем, агар гӯӣ, ки маро заданд, дар ҳамин ҷо мемонем, мурдаатро мебаранд. Баъд Шаҳбол маҷбур ба шири модараш қасам мехӯрад. Аммо баъд мо ба ӯ фаҳмондем, ки вай ҷароҳати вазнин бардоштааст ва дигар наметавонад хидмати ҳарбиро идома диҳад, Шаҳбол ҳодисаи рухдодаро ошкоро нақл кард».

Ба гуфтаи наздиконаш, аз рӯи ҳодиса аз тарафи додситонии гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе парванда боз шудааст ва сарбоз Усмон Ғайратовро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Аммо онҳо мегӯянд, ки тафтишот суст ҷараён дорад, зеро кормандони бунгоҳи тиббии қисми ҳарбӣ баъди ин ҳодиса саҳлангорӣ намудаанд. Корманди беморхона Ширинова Шаҳболро чанд сӯзандору кардааст ва ӯро танҳо рӯзи дигар ба беморхона овардаанд.

Нӯъмон Мирзоев, гуфт, муовини аввали додситонии гарнизони ҳарбӣ рӯзҳои аввал омада, ҳодисаро навишта гирифт, аммо масъулони қисми ҳарбӣ аз ҳоли писараш хабар намегиранд. Вай афзуд, ки писарашро ташхиси томографӣ карда, сабти ташхисро ба Олмон фиристодаанд ва маълум шудааст, ки барои табобати ӯ 64 ҳазору 400 евро лозим аст. Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, «ман рӯзгорамро аз ҳисоби азоби муҳоҷират таъмин мекунам. Ин қадар маблағро аз куҷо меёбам?»

Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, аз масъулони қисми ҳарбие, ки фарзандашро ба чунин ҳол овардаанд, ба мақомот мебарад, то маблағи табобати ӯро пардохт кунанд: «Масъулони қисми ҳарбӣ бояд фаҳмонанд, ки дар чӣ шароит фарзанди ӯ то аз ҳуш рафтан латтукӯб мешавад, вале онҳо хабар надоранд. Ӯ чанд рӯз боз дар беморхона хоб аст, вале масъулони қисми ҳарбӣ ба саломатии сарбози худ тақрибан аҳамият намедиҳанд,» - мегӯяд падари сарбоз.

Фаридун Маҳмадалиев
Фаридун Маҳмадалиев
Дар ҳамин ҳол, Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд: «Дар 70 дарсади қисмҳои низомӣ чунин ҳолат тамоман вуҷуд надорад, аммо аз рӯи маълумотҳое, ки ман дорам, дар 30 дарсади дигараш баъзан чунин ҳолатҳо ба назар мерасанд.»

Аммо Асрор Ҷӯраев, як сокини дигари деҳаи Понғози ноҳияи Ашт, ки ба гуфтаи худаш тариқи «облава» ба хидмати ҳарбӣ рафтааст ва солҳои 2010-2012 дар қисми ҳарбии 051058 Горди миллӣ дар шаҳри Роғун хизмат кардааст, дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ҳангоми хизмат борҳои дучори латтукӯби гурӯҳии сарбозони кӯҳнахидмат қарор гирифта, аз соли 2012 бо муолиҷаи пайомади ин хушунатҳо машғул аст. Вай ҳашт моҳ ба ин сӯ бемори бистарист ва наметавонад ҳаракат кунад. Аммо вай мегӯяд, «комиссариати ҳарбии ноҳия ҳангоми хизмат мубталои беморӣ шудани маро ба гардан намегиранд ва барои дастрас кардани ҳуҷҷатҳое, ки дар госпитали ҳарбӣ табобат гирифтани маро тасдиқ кунад, мусоидат намекунанд ва ҳама хароҷоти табобатро мо худамон мепардозем».

Латукӯби навхидматон аз ҷониби сарбозоне, ки аз як сол бештар хидмат кардаанд ва "дед" номида мешаванд, падидаест, ки аз замони артиши Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ монда, фармондеҳон дар аксар маврид ба он аз паси панҷа менигаранд. Се сол пеш як навор, ки дар он як сарбози куҳнахидмат 15 сарбози ҷавонро мекӯбад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда буд.

Ин яке аз сабабҳои асосии аз хидмати ҳарбӣ дурӣ ҷустани ҷавонон аст, ки дар натиҷа шеваи «гирудор» ё «облава»-ро дар маъракаи сарбозгирӣ роиҷ кардааст.

Маҳдии Собир, коршиноси масоили амниятӣ мегӯяд, қонун "дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" аз замони шӯравӣ мондааст ва имрӯз ниёз ба таҷдиди назар дорад. Ҷаноби Собир меафзояд, «бояд хизмати даъватӣ аз байн бурда шавад ва хизмат тибқи низоми шартномавӣ сурат гирад. Ин талаби артиши касбӣ аст."

Ба андешаи ӯ танҳо дар ин сурат, ки барои хидмати ҳарбӣ ба сарбоз маблағ пардохта мешавад ва ҳамаи сарбозон дар як сатҳ қарор мегиранд, чунин латтукӯби наваскарон аз ҷониби кӯҳнахидматон ҳам аз байн меравад.

Ба таъкиди Фаридун Маҳмадалиев, барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо дар сохторҳои вазорати дифоъ ва қисмҳои ҳарбӣ шахсони масъул сафарбар шуда, дар миёни сарбозон кори тарбиявӣ мебаранд. Ҳамзамон вай гуфт, дар ҳамаи қисмҳои низомӣ телефонҳо насб шуда, шумораҳои телефонҳое эълон гаштааст, ки сарбозони ҷавон аз хушунате, ки нисбаташон мешавад, хабар диҳанд.


Шаҳбол Мирзоев, сарбозе, ки дар қисми ҳарбӣ латтукӯб шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00


Сӯҳбати видеоии Шаҳбол Мирзоев дар саҳифаи Озодивидео дар Ютюб низ қобили дарёфт ва тамошост:

https://www.youtube.com/watch?v=tb3NS1cP16A&feature=youtu.be

)
XS
SM
MD
LG