Бархе аз чеҳраҳои ҳунару фарҳанг мегӯянд, ба иллати он ки номашон дар «рӯйхати сиёҳ» афтодааст, роҳи онҳо ба Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон бастааст.
Соли 2013 барои Нигина Амонқулова, Зикриоллоҳ, Баҳром Ғафурӣ, Ҷонибек ва дигар ситораҳои мусиқии рӯзи Тоҷикистон барор ва нобарориҳои худро дошт.
Сиву ҳашт дарсади аҳолии Тоҷикистон фақир ҳастанд ва дар рӯз бо пули каме бештар аз 2 доллари амрикоӣ ё 12 сомонӣ, зиндагӣ мекунанд.
Беш аз 6000 хонаводаҳои тоҷик дар соли 2013 пош хӯрдаанд, ки зиндагии бархе аз ин хонаводаҳо ҳамагӣ як-ду моҳ тӯл кашидааст.
Дар ҳоле, ки як бахши муҳофизакори ҷомеаи Тоҷикистон то рафт бар сари аз феҳрасти идҳои кишвар берун кардани соли нав пофишорӣ мекунад, бахши дигар ба таҷлили соли нав омодагӣ мегирад.
Барои нахустин бор дар Тоҷикистон намоиши хайрияи мӯди либос баргузор шуд ва дар он худи маълулон ҳамчун "модел" рӯи саҳна баромаданд.
Ҳамарӯза аз радио, телевизион, саҳнаҳо ва минбарҳо ба сари Тоҷикистон сатил- сатил ишқ мерезад ва ҳама мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки дар сафи ошиқони ватан аввалин ҳастанд.
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафараш ба Бадахшон аз шаҳраки Карон, дидан кард ва зикр шуд, ки Карон таърихи наздик ба чаҳор ҳазорсола дорад.
Маҳдия Аминова, сокини деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор 5 сол бо ширфурӯшӣ зиндагии хонаводаашро таъмин мекунад.
Ҳунармандони театри мустақили Маскав бо намоишномаи «Мастер ва Маргарита» меҳмони Душанбе шуданд. Билетҳо ба ин намоишнома пеш аз пеш фурӯхта шуданд ва ҳар навбат дар толор ҷойи нишаст набуд.
Шоми 22-уми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили шеъри Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, баргузор шуд.
Шаҳрдории Душанбе тасмим дорад, ки фаъолияти таксиҳои “сесомонӣ”-ро дар пойтахти Тоҷикистон манъ кунад.
Намоиши «Мастер ва Маргарита» аз рӯи асари нависандаи барҷастаи рус Михаил Булгаков дар пешниҳоди ҳунармандони Театри мустақили Маскав аз ҷониби тамошогарони тоҷик хеле хуш пазируфта шуд.
Наргис Солеҳова, як корманди бонк тавонистааст барои ду фарзандаш шароитеро фароҳам созад, то онҳо баъди дарс, дар мактаби санъати ба номи Муҳиддин Аминзода ба омӯзиши фортепиано машғул шаванд.
Пайдо кардани хонанда ва дубора ба "аниси кунҷи танҳоӣ"-и мардум табдил додани китоб аз чолишҳои умдаест, ки аҳли адаби Тоҷикистон имрӯз дар рӯбарӯяш қарор доранд.
Мақомоти маҳбасҳои Тоҷикистон мегӯянд 16 дарсади зиндониҳои собиқ ва ё ҳар шашумин маҳбус баъди раҳоӣ аз зиндон дубора ҷиноят содир мекунад ва боз ба паси панҷара бармегардад.
Овозхони ҷавони тоҷик Меҳрнигори Рустам, ки дар Форуми байнамиллалии ҷавонон дар Фаронса миёни 194 давлат Тоҷикистонро муаррифӣ мекард, ба ватан баргашт.
Сабзаалӣ Назаров, як сокини Душанбе мегӯяд, даромади ҳаррӯзаи ӯ ба шаш қуттие, ки дар хонааш нигоҳ медорад, тақсим мешавад ва ҳар қуттӣ таъиноти хоси худро дорад.
Рӯзи панҷшанбеи 7 ноябр ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон иди касбии худ - Рӯзи театри тоҷикро таҷлил карданд.
Дар баробари чанд ҳизбу гурӯҳҳои сиёсие, ки аз ширкат дар интихобот худдорӣ ё онро таҳрим карданд, бархе аз мардуми оддӣ ҳам мегӯянд, дар интихоботи президентӣ ширкат накардаанд.
Ёфтҳои бештар