Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар Душанбе. Падару писар қурбони афроди ношинос шуданд


Шаби 14 ба 15-уми март афроди номаълум вориди хонаи сокини кӯчаи Деҳлавии пойтахт Ашӯр Акобиров шуда, ӯро куштанд ва манзили ӯро ба оташ кашиданд, ки бар асари ин оташсӯзӣ писари 12-солааш Ҷовидон ҳам ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон қотилон иҷоранишини ин манзил Аняро, ки бо аробачаи маъюбӣ дар кӯчаҳо бо талбандагӣ машғул буд, ҳафт корд заданд, ки ҳоло дар бемористон ба сар мебарад. То кунун сабабҳои ин ҳодиса ошкор нашудааст, вале мақомот гуфтаанд, ки дар робита ба ин ҳодиса ду нафарро боздошт карданд.

Ҳамсояҳои хонаводаи Акобиров, ки нахостанд номашонро зикр шаванд, бо таассуф аз ин фоҷеа гуфтанд, ки эҳтимол муҳити носолими хонавода, бо фурӯши шароб машғул будани падар ва равуои мизоҷони майпараст ба ин хонадон боиси марги кӯдаки бегуноҳ шудааст. Ҳарчанд ҳоло номи гумонбарони ҳодиса аниқ нашудааст, аммо ҳамсояҳо тахмин мекунанд, ки ҷинояткорон аз ин доира берун нестанд.

Ҷовидон Акобиров дар синфи 6 «Б»-и мактаби таҳсилоти умумии рақами 65 –и шаҳри Душанбе таҳсил мекард ва ба гуфтаи ҳамсинфону омӯзгорон бо баҳои хуб мехонду бо одобу ахлоқашон аз дигарон тафовут дошт. Баъд аз зӯҳри рӯзи 15 март, чанд соат баъди рух додани ҳодисаи куштор, дар рӯи ҳавлии мактаби рақами 65 бо раҳбари синфи 6 «Б» Зумрад Каримова замоне вохӯрдем, ки ӯ бо хонандагони ин синф аз ҷанозаи Ҷовидон бармегашт. Муаллима гуфт, имрӯз ҳоли модареро дорад, ки фарзандашро аз даст додааст ва сухан гуфтан барояш душвор аст.

Ҷовидон модар надошт ва дар тарбияи падаре ба воя мерасид, ки ба маю шароб алоқа дошт. Хонум Каримова меафзояд: «Чанд бор ба падараш гуфтам, ки Ҷовидонро ба ман диҳед, зери тарбияи худ мегирам, аммо падараш розӣ нашуд. Ҳарчанд худи Ҷовидон инро мехост.»

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, Ашӯралӣ чанд хоҳару бародар доштааст, ки яке аз бародаронаш то солҳои наздик дар додситонӣ фаъолият дошта, ҳоло бознишаста аст. Ашӯралӣ аз ҳамсари якумаш ҳам як писар доштааст, ки ҳоло дар Русия зиндагӣ мекунад. Ҳамсари дувумаш -- модари Ҷовидон тақрибан чаҳор сол пеш вафот кардааст. Ҷанозаи Ашӯралӣ аз хонаи хоҳараш ба хок супурда шуд.

Аммо на танҳо муаллима хостори зери тарбияи худ гирифтани Ҷовидон буд. Ба гуфтаи шоҳидони ҳол чанд сол пеш хоҳарбузурги Ҷовидон Карина, ки падараш шахси дигар буд, мехост Ашӯралиро аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум намуда, додарашро ба тарбияи худ гирад, аммо муваффақ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол чанд нафар аз мизоҷҳои Ашӯралӣ Акобиров, ки онҳоро барои бозпурсӣ ба шӯъбаи корҳои дохили даъват кардаанд, бидуни зикри номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки боздоштшудаҳо «Чужие люди» - ашхоси бегона буданд.

Шукрона, як бону, ки зоҳиран ҳамсараш ҳам яке аз мизоҷони Ашӯралӣ будааст, гуфт, «вақте ба ҷустуҷӯи шавҳарам ба хонаи Ашӯралӣ рафтам, ду ҷавони бегонаро он ҷо дидам. Онҳо мисли дузд рӯяшонро аз ман пинҳон карданд. Ба назарам онҳо нашъаманд буданд ва ман тарсида гурехтам». Шукрона тахмин мекунад, ки шояд ҳамин ду нафарро чун гумонбар боздошта кардаанд, ки гӯё миёни онҳову соҳиби хона моҷаро сурат гирифтааст ва оқибат боиси ин ҳодисаи нохуш шудааст.

Ҳоло ягона шоҳиди аслии ҳодиса пиразани маъюби рус Аня аст, ки дар ин хона ҳуҷраеро ба иҷора мегирифт. Ҷияни ӯ Женя дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Аня тақрибан соати дуи шаб ба ӯ занг зада гуфтааст, ки ӯро ҳафт корд
задаанд ва Женя зуд ба ёрии таъҷилӣ занг занад. Ба гуфтаи Женя, ҳоло Аня-хола зери назорати мақомот аст ва касеро иҷозат намедиҳанд, ки ба наздаш ворид шавад. Дар назар аст, ки баъди беҳбудӣ ёфтани саломатии Ана-хола боздоштшудаҳо аз ҷониби ӯ шиносоӣ шаванд.

Мақомоти тоҷик ба таҳқиқи ҳодисаи куштори ин хонавода оғоз кардаанд. Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 15-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир ба таҳқиқи ҳодисаи куштори шаби гузашта дар кӯчаи Деҳлавӣ оғоз кардаанд. Мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур аз шарҳи бештари ин ҳодиса барои халал ворид нашудан ба ҷараёни таҳқиқот, худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG