Ба гуфтаи раҳбарони ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон, надонистани забони давлатӣ дар ҳоле онҳоро аз умури кишвар дур кардааст, ки имкониятҳои омӯзиши ин забон низ маҳдуд буда, тамаркуз ба он бо талошҳои ҳифз ва рушди забони ин ақаллиятҳо дар тазод аст.
Ин нукта ҳам зикр шуд, ки муносибатҳои ноҳамвори кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вазъи ақаллиятҳои миллӣ ва талошҳои забономӯзии онҳо таъсир кардааст. Дар ҳоле ки дар замони Шӯравӣ ин кишварҳо барои ҳамдигар мутахассис омода мекарданд ва китобҳои дарсӣ мефиристоданд, акнун ақаллиятҳо аз ҳимояти кишварҳое, ки дар онҳо аксариятро ташкил медиҳанд, маҳруманд. Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон мактабҳои узбакӣ ва дар Узбакистон сафи мактабҳои тоҷикӣ то рафт камтар шуда, бартарии забони давлатӣ ақаллиятҳоро маҷбур мекунад, ба забони модарии худ диққати камтар диҳанд.
Виктор Ким, раиси анҷумани куриёиҳои Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоише бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ, ки 21 феврал дар Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон баргузор шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкили аслие, ки ақаллиятҳои миллӣ бо он дучор мешаванд, надонистани забони давлатист ва давлат бояд барои омӯхтани он аз тарафи аққаллиятҳо ҳавасманд буда, барои ин шароити муносибро фароҳам орад. Ҷаноби Ким афзуд, «мутахассисони ботаҷриба набояд танҳо бо сабаби он ки забонро намедонанд, аз вазифаҳои давлатӣ берун монанд. Давлат бояд аз донишу таҷрибаи онҳо истифода барад».
Ба андешаи ӯ, барои ҷалби ақаллиятҳои миллӣ ба омӯзиши забони давлатӣ бояд курсҳои ройгони омӯзиши забони тоҷикӣ таъсис ёбад ва ба ин васила мутахассисони арзандаро дар идораҳои вазифаҳои давлатӣ бо кор таъмин намояд. Аммо набудани курсҳои омӯзиши забони давлатӣ ва адабиёти зарурӣ забономӯзии онҳоро мушкил кардааст. Ба таъкиди ҷаноби Ким, забони тоҷикие, ки бештари ақаллиятҳои миллӣ бо он ҳарф зада метавонанд, забони гуфтугӯии кӯчаву бозор аст ва ин сатҳи дониши забон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ ба кор намеояд.
Аммо Нуқра Аҳмадова, сардори шуъбаи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, донистани забони давлатӣ яке аз талабҳои асосии кор дар сохторҳои давлатист, аммо набудани мутахассисоне, ки ба омӯзонидани забони давлатӣ машғул шаванд, дар ин самт мушкил эҷод кардааст ва курсҳои омӯзишии пулакӣ ба талабот ҷавоб намедиҳанд. Хонум Аҳмадова гуфт, «ин вазифаи мақомоти иҷроияи давлат аст, ки бояд барои мутахассисон курсҳои омӯзиши забони давлатиро бо ҷалби мутахассисони варзида ба роҳ монанд».
Аммо шоир Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ сар задани чунин мушкилотро ба набудани дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамватанӣ рабт дода мегӯяд, ҳар нафаре, ки дар ҳамин сарзамин зиндагӣ мекунад, шаҳрванди ин кишвар аст ва бояд бо ҳамаи онҳо сарфи назар аз миллаташон муносибати яксон дошта бошанд. Ҳаёт Неъмат афзуд, «масъулияти ҳамватанӣ бисёр муҳиму муқаддас аст ва агар ҳар нафар инро донад, на фақат маҳалгароӣ, балки миллатгароӣ ҳам намешавад».
Дар ҳамин ҳол, намояндагони ақаллиятҳои миллӣ аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки теъдоди онҳо торафт дар Тоҷикистон коҳиш меёбад ва ҳифзи забони модарии худи онҳо ба маротиб душвортар шудааст. Виктор Ким, гуфт, онҳо барои ҳифзи забонашон наметавонанд кореро анҷом диҳанд, зеро имкону шароит ва бинои алоҳида надоранд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо ҷамъиятҳое, ки нуфузи бештар доранд, метавонанд бо нерӯи худашон барои ҳифзу нигаҳдошти фаъолияти забони модаришон дар Тоҷикистон корҳоеро анҷом медиҳанд, аммо шумораи куриёиҳо дар Тоҷикистон тақрибан 600 нафар боқӣ мондааст.
Мутобиқи маълумоти китоби «Атласи забонҳои дунё» дар ҷаҳон 2500 забон ба қайд гирифта шудааст, аммо дар зарфи 60 соли ахир 250 забон аз байн рафтааст. Ба ҳисоби миёна ҳар моҳ тақрибан ду забон аз байн меравад.
Зауре Саминова, раиси Ҷамъияти қазоқҳои Тоҷикистон «Байтерек» гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз дуюним ҳазор қазоқҳо зиндагӣ мекунанд ва ҷамъияти қазоқҳо бо баргузории маҳфилҳову нишастҳо ва курсҳои омӯзишӣ барои ҷавонон талош мекунад онҳо аз фарҳангу суннат ва забони модариашон канда нашаванд.
Аммо Римма Хамзина, раиси Маркази миллии фарҳангии «Дуслик»-и тотору бошқирдҳои Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки забони аққалиятҳои миллӣ бештар дар ҳудуди хонавода маҳдуд шудааст ва асосан калонсолон ба забони модарӣ байни ҳам суҳбат мекунанд ва ҷавонон бештар ба забони русӣ бартарӣ медиҳанд.
Бино бар омори расмӣ, 13,9 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ӯзбакҳо, 0,8 дарсадро қирғизҳо, 0,5 дарсадро русҳо, 0,2 дар садро туркманҳо ташкил медиҳанд. Ҳамзамон 15 ҷамъияту анҷумани ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла, арманҳо, бошқирдҳо, гурҷиҳо, доғистониҳо, кореягиҳо, қазоқҳо, қалуғҳо, қирғизҳо, озарбойҷониҳо, осетинҳо, русҳо, тоторҳова уйғурҳо фаъолият мекунанд.