Маъракаи эмгузаронии саросарӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз бемориҳои гулӯзиндонак (дифтерия) ва кузоз (столбняк), ки дар Тоҷикистон сар шуд, нишон дод, ки дар ин ришта бартарӣ ба занони қобили таваллуд дода мешавад.
Намояндаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, агар баъд аз ин марҳила ваксинаҳое боқӣ монд, сипас мардҳо эм карда мешаванд. Ба гуфтаи сардори Раёсати назорати беҳдоштӣ – вогиршиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, ҳадафи аввалиндараҷа мусоидат ба таваллуди фарзандони солим аст: «Барои он ба занҳо мегузаронанд, ки имкон дорад онҳо тифлони сироятшуда ба дунё оранд. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳо марказҳои эмгузаронӣ ин ваксинаҳоро мегузаронанд. Ҳоло тасмим гирифтаанд танҳо занҳоро ваксина кунанд, агар ваксина боқӣ монд, мардҳо ҳам эмгузаронӣ карда мешаванд».
Тавре мутахассисон таъкид мекунанд, гулӯзиндонак ва кузоз бемориҳои сироятии хавфнок буда, дар сурати гирифтор шудан ба ин бемориҳо, метавонад инсонро ба марг оварда расонад. Аммо, зоҳиран, на ҳама хатари ин бемориҳоро дарк мекунанд. Амина, як сокини Душанбе мегӯяд, ӯро ҳам барои эм ба дармонгоҳи маҳаллашон даъват кардаанд, аммо вай нарафт, зеро ба безарар будани ваксина бовар надорад. Амина меафзояд, «кӯдаки ман то семоҳагиаш саломатии хуб дошт, аммо баъди он ки бо талаби табибон ба ӯ эм гузарондем, зуд-зуд гирифтори бемориҳо мешуд. Баъди ин ман ба эмгузаронӣ шубҳа пайдо кардам».
Вале мутахассисон ин гуфтаҳоро рад мекунанд ва таъкид мекунанд, ки таъсири ваксинаҳо илман исбот шудааст ва роҳи асосии пешгирии ин бемориҳо эмгузаронӣ аст. Ба андешаи онҳо, танҳо баъзе шахсон метавонанд ба оризаҳои баъди эмгузаронӣ ё аксуламал дучор оянд, таби баланд дошта бошанд, аммо ин ҳолатҳо гузарандаанд.
Зафар Азизов, директори генералии Маркази ҷумҳуриявии иммуно-профилактикии Вазорати тандурустӣ мегӯяд, пешгирии ин бемориҳо аз табобаташон арзонтар аст: «Барои эмгузаронӣ бар зидди бемории гулӯзиндонак ба як бемор як доллару 80 сент сарф мешавад, аммо харҷи табобат 278 долларро ташкил медиҳад. Арзиши эмгузаронӣ бар зидди бемории кузоз як доллару 52 сент аст, аммо барои табобаташ 695 доллари амрикоӣ лозим мешаваад. Ин ҳам дар ҳоле, ки агар табобат хуб бошад ва бемор зинда монад.»
Зафар Азизов мегӯяд, бемории гулӯзиндонак бештар дар байни кӯдакон вомехӯрад ва агар калонсолон ҳам дар вақташ эм нагирифта бошанд, он метавонад ба онҳо сироят кунад: «Заҳри ин беморӣ зуд ба мушакҳои дил таъсир мекунад ва ин метавонад инсонро дучори марг созад. Ин бемории вазнин аст. Кузоз ҳам бемории вазнин аст, ки ба системаи асаб таъсир расонда, онро фалаҷ мекунад. Рагкашӣ (судорога) ба вуҷуд меояд ва он ҳам метавонад ба марг оварда расонад».
Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ба занҳое, ки дар хона таваллуд мекунанд, бештар ба эҳтимоли сирояти гулӯзиндонак ва кукоз рӯбарӯянд, зеро дар хона на ҳамеша аз маводи поку тоза истифода мешавад.
Ба қавли мутахассисон, бемориҳои гулӯзиндонак ва кукоз дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва бахусус соли 1996 дар кишвар зиёд паҳн шуда, сабаби фавти садҳо нафар гашт. Ҳоло ин бемориҳо дар Тоҷикистон кам шуда, қариб вонамехӯрад, аммо хатари он вуҷуд дорад, ки пайдо шудани як бемор метавонад, дар кӯтоҳтароин фурсат садҳо нафарро сироят кунад ё аз модарони бемор куӯдакони бемор ба дунё оянд.