Садбарг, сокини яке аз деҳкадаҳои ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, дар синни 35-солагӣ ба хотири берун омадан аз рӯйхати пирдухтарҳои деҳа, ба қавле чашмонашро пӯшида, ба марде, ки ду зани аввалашро талоқ додааст, ба шавҳар баромад.
Овозхони тоҷик Сабоҳат Наҷмиддинова мегӯяд, солҳои аввали ба саҳна омаданаш кӯшиш мекард, сурудҳои классикиро бештар сарояд.
Насли нави Тоҷикистон дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвараш дар аввали солҳои 90-ми садаи 20 иттиллои кофӣ надорад. Чаро?
Бахтовари 12-сола мегӯяд, "чӣ хел мактаб хонам бе либосу китобу сумка? Кор мекунам. Пул ки ёфтам, ҳама чиз мехарам, баъд мехонам”.
Барои нахустин бор 8 ёдгории таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи муқаддамотии осори фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Эй бачаи майдаҳаки найовозум, аллаё... Ҳамраҳи ҷонум аллаё… “Аллаё, аллаё, алла. Алла бугум хови говарат бараё, аллаё, аллаё, алла. Ҳамраҳи ҷонум алла, қуввати дилум алла…..”
Ҳунармандони қирғиз рӯзии худро дар Аврупо меҷӯянд, аммо ҳунармандони тоҷик ҳамоно дар толори хароби сирки Душанбе.
"Шавҳарам 19 сол аст, ки нашъаманд аст. Дар хонаам чизе ёбад, бурда мефурӯшаду нашъа мехарад. Агар наёбад, дару деворро зада мешиканад".
Имсол Рӯзи байнулмилалии оила ба мавзӯъи "Модарон ва хонаводаҳо: Чолишҳои дунёи тағйирёбанда" ихтисос ёфтааст.
“Oҳанги монда дар гулӯ” - чунин унвон дорад нахустматлаби маҷаллаи навбатии “Фарҳанг ва андеша”-и радиои Озодӣ.
Дар шумораи навбатии маҷаллаи “Фарҳанг ва андеша» ин матолибро метавонед бишнавед.
Назокат Каримова, як сокини шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, хонаводаи ӯ аз панҷ нафар иборат аст.
Пажӯҳишгарони забонҳои помирӣ таҳқиқи забоне бо номи забони «санглеҷӣ»-ро анҷом додаанд, ки бо он 1400 нафар сӯҳбат мекунад.
Узбакистону Қазоқистон – ду кишвари мухолифи бунёди неругоҳи Роғун талош доранд, ки Туркманистонро низ ҷониби худ бикашанд.
Барномаи "Фарҳанг ва Андеша" тӯли ним соат бо матолиби наврӯзии худ хотири Шуморо шод нигаҳ хоҳад дошт.
Дар барномаи навбатии "Фарҳанг ва андеша" мавзӯъҳои зерин баррасӣ мешавад.
Мусоҳиба бо Фараҷуллоҳи Силоҳшӯр, муаллифи сенария ва таҳиягари филми бисёрсериягии «Юсуф-паёмбар», ки ахиран дар Тоҷикистон хеле маъруф шудааст.
Гулшани Шарифзода, омӯзгори яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, 50 сол дорад. Оиладор модари 5 фарзанду ду набера аст. 28 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмуни «Беҳтарин журналистони риштаи варзиши соли 2008»-ро эълом кард.
Мақомоти Тоҷикистон оморе оид ба теъдоди афроди мавриди қочоқ қарор гирифтаро дар даст надоранд.
Ёфтҳои бештар