Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаёти талхи хонаводаи як нашъаманд


"Ман сокини шаҳри Душанбеам. Шавҳарам 19 сол аст, ки нашъаманд аст. Дар хонаам на либос мондааст дигар на ягон чизи дигар. Чизе ёбад, бурда мефурӯшаду нашъа мехарад. Агар наёбад, дару девора зада мешиканад".

Ин суханони зане аст, ки ба гуфтаи худи ӯ шавҳараш 19 сол собиқаи нашъамандй дорад. Ин мусоҳиби мо, ки нахост номаш бурда шавад, мегӯяд, шавҳараш солҳои ахир тариқи сузандору ҳероинро ба рагҳояш мегузаронад, ки саломатии ӯро шадидан зери хатар бурдааст. Мусоҳиби мо мегӯяд, ду навзодаш, ки тибқи ташхиси пизишкон, ҳануз дар батнаш аз асароти нашъамандии падар бемор будаанд, дар ҳафтаҳои нахустини чашм ба дунё кушодан, бо зиндагӣ падруд гуфтаанд. Шавҳараш дар сурати пайдо накардани пул, ҳар чизе аз либос ва ашёи хонаро, ки пайдо кунад мебарад ва бо ҳероин иваз карда худашро то чанд лаҳзае аз дарди ҷонкоҳи буғумҳо раҳо,аммо рӯзи хонаводашро сиёҳ мекунад.

Вай мегӯяд, «чанд бор табобат кардем ӯро. Баъди табобат каме бас мекунаду боз сар мекунад нашъакаширо. Ҳоло худашро укол мекунад. Барои ҳамин ҳам саломатиаш бисёр бад шудааст. Қариб тамоман хӯрок намехурад. Бисёр хароб шудааст. Дилам ба ӯ месӯзад, лекин аз дастам коре намеояд. Духтур рафтан намехоҳад».

Бино ба омори вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар аввали соли равон теъдоди муътодон дар Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 то 30-соларо дар бар мегирад, 8 645 нафар будааст. Аммо ин аслан ҳамон муътодоне ҳастанд, ки дар қайди вазорати тандурустӣ мебошанд. Вале шумори муътодони маводи мухаддирро дар кишвар ниҳодҳои мустақили беҳдоштӣ ба маротиб зиёд ҳисоб мекунанд.

Аммо бар асоси омори расмӣ, аз миён 8 645 нашъаманд, 80 дарсад муътоди ҳероин будаанд. Сулҳиддин Нидоев, мудири маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, феълан онҳо бо такя ба таҷрибаи ҳамтоёни аврупоияшон чанд барномаи тозаро рӯи даст гирифтаанд, ки тибқи он, ахиран вазъи мавҷудаи нашъамандиро дар кишвар, табақаҳои осебпазир, теъдоди муътодони сироятёфта ба вируси норасоии масунияти баданро муаян кардаву ба ҳукмати кишвар пешниҳод кардаанд:

«Ин барномаҳо барои тадқиқу санҷиш ва муайян кардани шумори нашъамандон, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва муайян кардани шумору сабабҳои ба вируси норасоии масунияти бадан гирифторшудагон аз ҳисоби ҳамин нашъамандон аст, ки то соли 2010 пешбинӣ шудааст».

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон теъдоди нашъамандон, ки синнашон аз 18 то 30-соларо дар бар мегирад, 8 645 нафар мебошад...
Тоҷикистон бо Афғонистон - кишвари тавлидкунандаи маводи мухаддир ҳамсарҳад аст ва кишвари аслии тронзити маводи мухаддир ба Русия ва Авруро маҳсуб мешавад ва табиист, ки як миқдори маводи мухаддир дар Тоҷикистон мемонад ва тариқи бозори дохилӣ паҳн мешавад. Тибқи омори расмӣ, дар 4 моҳи соли 2009 аз гурӯҳҳои қочоқбар, 1 тоннаву 548 килограмм маводи махаддир мусодира шудааст. Бахши аъзами шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия ба сар мебаранд, қочоқбарони маводи мухаддир мебошанд.

Бӯҳрони ҷаҳонии молӣ натанҳо бозори пахта ва алюминиюм - ду маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистонро касод кардааст, балки ба гуфтаи коршиносон, мунҷар ба касодии бозори фурӯши маводи мухаддир низ шудааст. Баъзе аз коршиносони умур тарс аз он доранд, ки ин ҳол метавонад боиси афзоиши маводи мухаддир дар бозори дохилӣ шавад ва ба шумори муътодон биафзояд. Онҳо мегӯянд, афзоиши қобили мулоҳизаи муътодон, ки ахиран дар кишвар мушоҳида мешвад, заминаҳои иҷтимоӣ низ дорад.

Афзоиши муҳоҷарати корӣ ба Русия тайи беш аз як даҳсола воридоти маблағҳои зиёд аз ин ҳисоб ба кишвар ва то андозае беҳтар гаштани сатҳи зиндагии хонаводаҳо боис ба он шуда буд, ки теъдоди муътодон начандон зиёд бошад, аммо таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки дар пайи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бозгашти шумори зиёди муҳоҷирон ба ватан, бекорӣ ва набуди манбаи даромад метавонад боис ба афзоиши шумори муътодони маводи мухаддир гардад.

Аммо Сулҳиддин Нидоев, мудири маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии вазорати тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд, кадом тамоюли қобили мулоҳиза ҳануз мушоҳида нашудааст.

Вале ҳамсари муътоде, ки 19 сол боз муътоди маводи мухаддир аст, гуфт, «ҳоло мегӯянд, ки ҳероину арзон шудааст. Барои ҳамин аз дасти ин рӯз надорем, рӯзе нест, ки ҳушёр бошад. Аз ин зиндагӣ ба ҷон омадаам, аммо илоҷ нест. Ду фарзанд дорам ва чӣ кунам, ки падари фарзандонам аст ва дар чунин вазъ наметавонам ӯро танҳо гузорам».

Як мушкили бузург дар Тоҷикистон набуди шифохонаҳои муҷаҳҳаз, дорувории зарурии муосир аст. Дар ин ҳол пизишкон дар аксар маворид ба иродаи худи муътодон такя мекунанд, ки худи муътод метавонад аз истеъмоли маводи мухаддир даст кашад ва аз муътодӣ худро бираҳонад. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст, ки наметавон танҳо ба иродаи худи муътод такя кард. Бояд ҳукумат алайҳи ин беморӣ аз як барномаи мукаммалу фарогир ҷиҳати баргардонидани ин муътодон ба ҳаёти солим кор бигирад.
XS
SM
MD
LG