Ҳунармандони собиқи сирки миллии Қирғизистон, ки 17 сол боз дар пайи ҷустуҷӯйи кору тамошобин, дар кишварҳои мухталифи Аврупо ба сар мебаранд, ахиран бо як сафари ҳунарӣ вориди Ҷумҳурии Чех шуданд. Қарор аст, ҳайъати ҳунармандони сирки овозадори Қирғизистон дар кишварҳои Аврупо то охири моҳи ноябри соли равон ҳунарнамоӣ кунанд. Ба гуфтаи ҳунармандони сирки қирғиз, феълан сиркбозӣ дар Қирғизистон мисли соъири кишварҳои минтақа, чандон фоидаовар нест ва онҳо дар ватан аз пайи ин касб наметавонанд, худу хонаводаҳояшонро таъмин кунанд.
Абдӣ Қодиралиев, ҳунарманди ҷавони сирки қирғиз, ки дар дастаи аспдавонон ё “ҷигитовка” ҳунарнамоӣ мекунад, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, маоше, ки ӯ дар Қирғизистон мегирифт, муодили тақрибан 60 доллари амрикоӣ буд, ки ягон гӯшаи рӯзгори ӯро буд карда наметавонист. Аз ин рӯ, дар наздаш танҳо ду роҳи интихоб монда буд: даст шустан аз касби дӯстошта ва аз саҳнаи сирк, ваё муҳоҷират ба хотири дарёфти рӯзии беҳтар: “Маошу даромади ман дар Қирғизистон 50 -60 доллар буд. Аммо дар Аврупо, ки ман 10 сол аст, мусофират ва ҳунарнамоӣ мекунад, хеле даромади хуб ба даст меорам. Ман ҳоло метавонам, барои таҳсилу зиндагии бародарону хоҳаронам ва умуман аҳли хонаводаи бузурги мо кӯмак кунам. Дар Аврупо ҳунари моро бисёр хуб истиқбол мекунанд. Чунки “ҷигитовка”, ё аспдавонӣ ва дорбозӣ дар инҷо мешавад гуфт, як чизи нав аст. Аз ин рӯ, барои мардуми Аврупо ин ҳунарнамоии мо ғайриоддӣ ва хеле шавқангез аст.”
Абдӣ ба ин суол, ки оё ҳайъати ҳунарии онҳо дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон низ, сафари ҳунарӣ доштааст, гуфт: “Бале, мо соли 2006 ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ доштем. Ва дар сирки Душанбе баромад кардем. “
Аммо вазъи сирки тоҷик, ки замоне ҷойи дӯстдоштатарини бахусус кӯдакону наврасон ва толораш ҳамеша пур аз тамошобин буд, ҳоло чӣ ҳол дорад? Коршиносон мегӯянд, сирк аз ҷумлаи соҳаҳоест, ки то андозае фаромӯш шудааст ва тайи солҳои ахир, ба он таваҷҷӯҳи хосе дода намешавад. Бахши аслии даромади сирки Душанбе аз ҳисоби барои баргузории консерту шабнишиниҳо иҷора додани толори сирк буда, маблағи аз ин роҳ бадастомада барои ороиши саҳнаи сирк ва нигоҳубини ҳайвоноти камшумори он ва низ маоши ҳунармандонаш, ки аксар наврасон будаанд, масраф мешавад.
Амир Раҷабов, коргардони Сирки Душанбе, мегӯяд, бино ба камии маош аксар муттахассисон сиркро тарк ва ё муҳоҷирати кориро дар кишварҳои дигар ихтиёр кардаанд ва феълан танҳо худи ӯ мондааст, ки дар баробари коргардонӣ чанд масъулияти дигарро низ бар дӯш дорад. Оқои Раҷабов афзуд, ҳар як баромади акробатҳо ё дорбозон камаш 5 соли заҳмат ва маблағи зиёдеро талаб мекунад, ки дастрас нест.
Шокирҷон Болтаев, морбози сирки Душанбе, мегӯяд, ки онҳо дар як шароити дар воқеъ ғайриқобилитаҳаммул ва хеле тоқатфарсо фаъолият мекунанд ва ҷонварони ромкардаи онҳо то ҳол баъзан азоби гуруснагӣ низ мекашанд: “Як мори калонам аз сардии зимистони гузашта ва бебарқй мурд ва дилам то ҳол барояш месӯзад.”
Дар ҳоле ки аксари ҳунармандони пешини сирки тоҷик амсоли ҳамкасбони қирғизи худ ҳолиё саҳнаҳои сиркро дар кишварҳои дигар обод мекунанд, аз сирки як замон пуровозаи Душанбе феълан ҳамон як бинои фарсуда дар маҳаллаи Гулистон ёдгор мондааст. Биное бо дару тирезаҳои шикаста ва саҳнаи тиҳӣ аз сиркбозу аз тамошобин. Саҳнае, ки дар он аксар вақт фақат бод сайр мекунад.