Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ


Дар рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ, ки ҳар сол 2 декабр дар саросари олам таҷлил мешавад, дар кумитаи давлатии зан ва оилаи Тоҷикистон бо ширкати намояндагони созмонҳои давлатӣ, ғайриҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ, як маҳфили мубоҳисавӣ доир гашт.

Иштирокдорони он сари масоили сатҳи фарҳанги зани тоҷик ва афзоиши хушунат, қочоқ ва ғуломӣ нисбати занони тоҷик, роҳҳои мубориза бо ин падидаҳои нангин баҳс карданд. Онҳо аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ғуломӣ на танҳо дар миёни занон, балки дар миёни ҷавонмардони тоҷик, ки барои дарёфти пул ба хориҷи кишвар муҳоҷират мекунанд, ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Иштирокдорони ин маҳфил бо изҳори нигаронӣ гуфтанд, муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон нисбат ба 2-3 соли пеш ба маротиб афзудааст ва теъдоди заноне, ки барои дарёфти ризқу рӯзӣ аз Тоҷикистон берун мераванд, агар 2 соли пеш 8-10 дар садро ташкил мекарда бошад, ҳоло ба 20-25 дарсад афзудааст. Онҳо мегуянд, дар баробари афзоиши рӯзафзуни муҷоҷирати корӣ ҳодисаҳои мавриди фиреби гурӯҳҳои қочоқбар қарор гирифтани занони тоҷик ва низ ҷавонмардон ба маротиб афзоиш ёфтааст ва он ба як раванди идоранашаванда табдил ёфтааст.

Раъно Охунова, сарвари маҳфили мубоҳисавии «Бонувон», мегӯяд яке аз омилҳои афзоиши ғуломӣ ва хушунату қочоқ нисбати занон агар яз як ҷониб вазъи ногувори иқтисодии хонаводаҳои тоҷик бошад, аз ҷониби дигар маърифату дониши каму нокифояи занону духтарони тоҷик будааст.

Ҳуриниссо Ғаффорзода, раиси маркази ҷомеъаи шаҳрвандй ва оштиии миллӣ дар минтқаи Рашт, мегӯяд, мушоҳидаҳо ва таҳқиқотҳо собитгари онанд, ки имрӯзҳо истифодаи қувваи кории мардикорони тоҷик ҳамчун як нерӯи арзонтарини корӣ дар хориҷи кишвар, як амри маъмулй гаштааст ва теъдоди зиёди ҷавонманрдони аз 18 то 30-солаи тоҷик дар Русия ҳамчун ғулом истифода мешаванд.

Хонум Ғаффорзода афзуд, бо назардошти он, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои сермуҳоҷиртарин дар минтақа мебошад, вақт аст, ки ҳукумат дар роҳи пешгирй аз ин раванди нангин тадбирҳои ҷиддитаре андешад.

Воҳидхони Қосиддин, муовини раиси Ҳизби наҳзати Тоҷикистон, мегӯяд, ӯ бар ин назар аст, ки яке аз сабаҳои аслии боло гирифтани ин раванд, яъне хариду фуруши одамон ва ба ғуломй кашидани онҳо дар ҷомеъаи кишвар, ин аст, ки худи мақомоти интизомй ва баъзе афроди соҳибмансаб дар чунин ҷиноёт даст доранд, зеро мегӯяд вай пушида нест, ки қочоқи одам ва истифодаи нерӯи онҳо ҳамчун ғулом яке аз манбаҳои сердаромадтарин баъд аз ҷочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Дар ҳамин ҳол Маърифат Шокирова, мудири бахши равобити байнулмилалии кумитаи зан ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, кумитаи занон дар роҳи ҷилавгирй аз чунин раванди нангин, хариду фуруш ва ба ғуломй кашидани шаҳрвандони кишвар як қатор тадбирҳои мушаххас андешидааст, аммо ҳануз корҳои зиёде мебояд дар ин самт ба сомон расонд.

Ва аммо Мамлакат Ҷайчиева, намояндаи Ҳизби демоктарти Тоҷикистон, талошҳои давлату ҳукумати Тоҷикистонро дар ин росто камрангу басо нокифоя медонад. Вай мегӯяд, ҳукумату давлатро мебояд дер ҳам шуда бошад, дар ин роҳ иқдомҳои ҷиддй бардорад, зеро ин раванди нагин мавҷудияти миллатро зери суол мебарад.

Ба ин тартиб аксари мусоҳибони мо, намояндагони созмонҳои давлатй, ғайриҳукуматй ва намоядагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки аз густариши равандҳое, чун одамрабоӣ, харидуфуруши инсон ва ба ғуломӣ кашидани онҳо изҳори нигаронӣ мекарданд ва ҳамзамон муборизаро алайҳи он кори на танҳо мақомоти интизомӣ, балки кори дастҷамъонаи тамоми ҷомеъа ва ниҳодҳои дигари ҷамъиятӣ медонанд, бархе аз онҳо дар посух ба суоли мо, ки оё худи шумо, созмони шумо чи барномаҳоеро дар ин самт пиёда кардаед ва ё рӯи даст доред, посухи мушаххасе надоданд. Ва мақомоти расмӣ ва на ғайрирасмӣ ҳеҷ як омореро оид ба теъдоди афроди мавриди қочоқ ва ғуломӣ қарор гирифтаро дар даст надоранд.

XS
SM
MD
LG