Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забоне, ки бо он ҳамагӣ 1400 нафар ҳарф мезанад


Дар барномаи навбатии «Фарҳанг ва андеша» матолиби зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

Таҳқиқи забони санглеҷӣ

Ахиран пажӯҳишгарони забонҳои помирӣ гуфтаанд, таҳқиқи таркиби забоне бо номи забони «санглеҷӣ»-ро анҷом додаанд, ки бо он ҳамагӣ ҳудуди 1400 нафар дар Бадахшон сӯҳбат мекардаанд.

Нависанда ба бойгонии Бухоро даст наёфт

Нависандаи машҳури рус Борис Акунин аз имкони сафар ба Узбакистон ва ҷамъоварии мавод барои романи наваш дар бораи подшоҳи рус Николаи 2 маҳрум мондааст. Адиби маъруф ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки мақомоти Узбакистон аз ҳадафи ӯ барои сафар ба Бухоро огоҳ шуда, сахт нигарон шудаанд. Гуфта мешавад, дар Тошканд аз он дар ташвишанд, ки шояд Борис Акунин дар бойгониҳои Бухорои бостонӣ асноди, ба истилоҳ, “сиррӣ” пайдо кунад, асноде, ки ифшои онҳо барои мақомоти феълии Узбакистон шояд мушкил эҷод кунад. Дар барномаи навбатӣ як сӯҳбате бо Борис Акунин дорем.

Ягона шогирди устоди ғижжакнавоз

Чаро ғижжакнавози шинохта, устоди корнсерваторияи миллии Тоҷикистон Умари Темур танҳо як шогирд дорад? Дар барнома мусоҳибаеро бо ин ғижжакнавози шинохта ҷой додаем бо оҳангу сурудаҳои ӯ. Умари Темур мегӯяд вай бо ҳамин як асбоби ғижжаки худ қариб нисфи ҷаҳонро тай кардааст, аммо наметавонад ин ҳунари худро ба ҷавонон биомӯзад, зеро ҷавонон ба ин асбоби миллии мусиқӣ начандон майл доранд.

Хандаҳои ашколуд

Инчунин дар барномаи навбатӣ аз силсилаи “Хандаҳои ашколуд” аз танзҳои намакини Нуруллоҳи Абдулло, ҳунарманди кино ва театри тоҷик, низ пешкаши шунавандагон мешавад.

Барои шунидани барномаи «Фарҳанг ва андеша» ишораи аудио дар болои саҳифа аз тарафи ростро нохун занед.
XS
SM
MD
LG