Бино бар он ки беш аз 60 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд ва қиммати ғизо дар бозорҳои кишвар ба таври бесобиқа боло рафтааст, Тоҷикистон зимоми амнияти ғизоро аз даст додааст - ба чунин назаранд таҳлилгарони масоили иқтисодӣ.
Намоишгоҳи байнулмилалии «Тандурустӣ - DIHE-2008» субҳи имрӯз дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.
Бунёд ё сандуқи хусусии академик Раҳим Масов, раиси пажӯҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Тоҷикистон, дар Душанбе пойтахти кишвар таъсис ёфт.
СММ тасмим гирифтааст ба 12 кишвари ҷаҳон, ки аз хушксолӣ ва болоравии нархи хӯрокворӣ зарар дидаанд, 30 миллион доллар кӯмак кунад.
Замоне, ки мо ба маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои пойтахт омадем, миёни сокинони ин маҳалла ва намояндагони ҳукумат ва додгоҳ моҷаро идома дошт.
Ширкати мобилии «Вавилон-Т» дар як конфронси байнулмилалӣ дар Урдун дар миёни 4000 ширкатҳои ҳамтои худ дар ҷаҳон беҳтарин дониста шуд.
Як ҳайъати намояндагони МАГАТЕ таҳти сарварии В-К. Ким, мудири департаменти ҳамкориҳои техникии ин созмон дар Аврупо, ба Тоҷикистон омадааст.
«-Орд чанд шуд? -118. -Чаро ин қадар қимат? -Орд дар ҷояш ҳамин қадар аст. Мо камтар дар болояш зам мекунем»
Вазъи паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон мавзуъи аслии гуфтугуи А. Гутеррес, раиси кумиссариати СММ бо президенти Тоҷикистон буд.
Дар арафаи иди занон - 8 март дар шаҳри Душанбе як намоишгоҳ таҳти унвони «Косметика-2008» кушода шуд.
Намояндагони ҲНИТ дар Порлумон тарҳи нави қонуни «Озодиҳои эътиқод ва иттиҳодияи динӣ»-ро пешниҳод карданд.
Собиқ полковники Кумитаи марзбонии Тоҷикистон бо ҷурми куштори нӯҳ нафар ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Шаст (60) маҳбуси зиндони № 1-и Душанбе ба унвони президенти Тоҷикистон, порлумон, додситонии кулл, вазорати адлия, САҲА ва созмонҳои дигари ҳуқуқи башари мустақар дар Тоҷикистон номаи саркушодае ирсол намуда тақозои расидагӣ ба парвандаҳояшонро кардаанд. Яке аз наздикони ин маҳбусон як нусхаи ин номаро ба радиои Озодӣ овард.
Таъсиси эътилофи иҷтимоии зидди фасод дар Тоҷикистон - мавзуъи аслии як ҳамоиши байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе буд, ки бо иштироки мақомоти интизомии кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ сурат гирифт.
Созмони Милал дар гузориши ахири худ дар бораи вазъи иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро фақиртарин кишвари ИДМ хондааст.
«Зиндагиам бисёр сахт аст. Маоши ками хаткашонӣ танҳо барои як ҳафта мерасад, аммо ин касбро тарк намекунам, зеро давлатист, ва метавонам дар оянда нафақапулӣ бигирам.»
Аксари коршиносони масоили сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистонро ба нафъи ҳукумат ва президент медонанд.
Ёфтҳои бештар