Раиси Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон ва шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф, ки дар таблиғоти варзиш ва инъикоси ҷараёни омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ХХ1Х тобистонаи олимпӣ хидмати арзанда кардааст, ба дарёфти мукофоти аввал ба маблағи 600 сомонӣ даст ёфт. Ва ҳоло сӯҳбате дорем бо Нарзуллоҳи Латиф.
-Соли 2008 барои Шумо чӣ гуна сол буд?
-Соли Бозиҳои ХХ1Х тобистонаи олимпӣ барои ман соли пурмаҳсули эҷодӣ буд. Ман ба ҳайси хабарнигор дар Олимпиадаи Пекин ширкат доштам ва аз пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути телефон ба радиои «Озодӣ», инчунин, ба Радиои Тоҷикистон ва дигар расонаҳои хабарии кишвар аз ҷарёни ҳунарамоии варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо мустақиман гузоришҳо медодам, ки дар таърихи журналистикаи варзишии тоҷик ин нахустин иқдом аст. Инчунин порсол дар бораи таърихи ширкати варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ, аз ҷумла Олимпиадаи Пекин, ду китобча навиштам. Ба ғайр аз ин соли гузашта гузоришҳои варзишии банда ҳамарӯза дар радиои «Озодӣ» пахш мешуд. Инчунин, маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ҳар ҳафта ба шунавандагон пешниҳод мегашт. Дар ин маҷалла хабарҳои тоза, сӯҳбатҳову гузоришҳои таҳлилӣ дар мавзӯъоти варзишӣ пешкаши шунавандагон мешуд, ки дар бойгонии сомонаи интернетии радиои «Озодӣ» маҳфузанд.
-Кадом дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар соли 2008 аз ҳама назаррасанд?
-Ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ - дар Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин бузургтарин дастоварди варзишгарони тоҷик дар соли 2008 маҳсуб мешавад.
Паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев дар сабқати гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг соҳиби медали биринҷии Олимпиадаи Пекин гардид. Бояд тазаккур дод, ин аввалин медали варзишгарони тоҷик дар ҳайъати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.Медали дуввуми Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов ба даст овард. Вай дар сабқати гуштии озод дар вазни то 84 кг бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Умуман, дастаи мунтахаби олимпии кишвар барои нахустин бор дар Бозиҳои олимпӣ бо шумули 15 нафар дар 8 ришта ҳунарнамоӣ карда, бо касби ду медал дар ҳисоби умумидастаӣ байни 205 кишвари ҷаҳон дар ҷои 65-ум қарор гирифт. Вале, мутаассифона, дар Олимпиадаи Пекин намояндагони риштаҳои камонварӣ, тирандозӣ, вазнабардорӣ ва шиноварӣ натиҷаҳои хуб ба даст наоварданд.
-Ба назари Шумо, ҳамчун коршиноси соҳа, имрӯз дар варзиши тоҷик чӣ мушкилот аст?
- Дар варзиши тоҷик ҳанӯз мушкилоту масоили ҳалталаб зиёданд, аз ҷумла камбуди маблағ, нарасидани иншоотҳои замонавӣ, таҷҳизоту лавозимоти варзишӣ, кадрҳои баландихтисоси соҳа ва ғайра. Ба андешаи ман, қабл аз ҳама, барои баландшавии маҳорати варзишгарон ва ширкати бомуваффақияти онҳо дар мусобиқоти байнулмилалӣ бунёди марказҳои омодагии олимпӣ дар кишвар зарур аст.
Воқеъан, ман ба ҳайси раиси Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши кишвар порсол ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилот ва рушди минбаъдаи варзиш дар ҷумҳурӣ номаи саркушода навишта будам, ки дар расонаҳои хабарии ватаниву хориҷӣ ба табъ расида, мавриди баррасии мутахассисону коршиносони соҳа қарор гирифт ва аз ҷониби онҳо хуб пазируфта шуд. Масоили дар ин нома зикршуда танҳо бо дастгирӣ ва кӯмаки раисиҷумҳур ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳалли худро хоҳанд ёфт. Он гоҳ варзиш дар кишвар хеле рушд хоҳад кард.