Оё чаро шоиру нависандагон ва овозхонони соҳибунвон зиёданд ва аммо шеъру достон ё ҳикояву қиссаи ҷолибе, ки алоқамандон дар ҷустуҷӯяш бошад ва ё намоишномае, ки толорҳоро пуртамошобин созад, ангуштшумор аст? Ва чй бояд кард, ки вазъ дар ин самт беҳбуд биёбад? Ин суолҳоеанд, ки моро ба пойи сӯҳбати Ҷӯрабек Назриев, донишманд ва мунаққиди шинохтаи тоҷик нишонд.
-------------------------------------------------------------------------------------
Ахиран, Хушназар Майбалиев, коргардони кӯҳансолу ва аммо сермаҳсул ахиран асари адиби машҳури Чиной Тао Юй бо номи “Раъду барқ”- ро руйи саҳнаи театри драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ овард. Рӯзи 21-уми апрел нахустнамоиши ин асар баргузор шуд. Дар робита ба мӯҳтавои ин намоишнома мо сӯҳбати кӯтоҳе доштем бо оқои Майбалиев. Ногуфта намонад, ки омодаву руйи саҳна омадани ин намоишномаи Хушназар Майбалиев бо зодрузи ӯ рост омад ва ӯ синни 70-ро убур кард.
------------------------------------------------------------------------------------------
«Бибиҷон, афсона бигӯ» чунин ном дорад матлаби дигари маҷаллаи “Фарҳанг ва андеша”. Чанд соли ахир мардум боз ба қиссаву афсонахонй - қадимтарин жанр дар адабиёти шифоҳии тоҷику форс рӯи ниёз овардааст ва ин ниёзмандӣ тавонист то андозае ба он ҷони дигар бубахшад. Ва, ҳайрон нашавед, омили аслии ба қиссаву афсона рӯ овардани мардум мушкилоти бебарқӣ дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон будааст. Гузориши Маҳмуди Шодӣ аз қиссагӯии Бобои Валӣ ном пирамарди 90-сола шурӯъ мешавад ва бо дилбастагии набераву абераҳо ба ин достонҳои падарбузургашон ва назари коршиносон дар мавриди роҳҳои ҳифзи он анҷом меёбад.
-----------------------------------------------------------------------------------------
Инчунин, дар ин маҷалла метавонад боз ҳам меҳмони танзнавис ва ҳунарманди кино ва театр Нуруллоҳи Абдулло шавед, ки ин бор ба яке аз масоили муҳими рӯз, мушкили экологй рӯ овардааст.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------
Ҳамаи ин матолибро метавонед бо пахши рамзи аудио дар гӯшаи рости болоии ин саҳифа бишнавед.