Ӯ суруди “Маро ту хоки раҳ кардӣ” бар матни шоири дӯстоштаи мардум Гулрухсор, ки ҳам матну ҳам оҳанг хеле тавъам омадаву ҳар бор захми қалбҳои дар ишқ нокомгаштаро нохун мезад, ӯро дар миёни мардум шӯҳратманд карда буд.
Аммо, мегӯяд Сабоҳат Наҷмиддинова, раванди зиндагӣ ӯро маҷбур кард, ки роҳу равишашро дар ҳунар дигартар кунад. Ва ба сурудани таронаҳои мардумӣ ва шоди тоҷикиву узбакӣ шурӯъ кард ва ба ин васила доираи ҳаводорони ҳунараш боз ҳам васеътар шуд. Инак беш аз ду даҳола аст, ки сурудҳои шуху тӯёна ва ошиқонаи ӯ занҳои синну соли гуногунро дар тӯю маъракаҳо ба саҳнаи рақс мекашанд ва чуноне худи занҳо мегӯянд, бо рақс дар ҳавои таронаҳои Сабоҳат ғубори дилашонро мебароранд.
Ва Сабоҳат Наҷмиддинова бо оҳанги шӯх месарояд:
“Хумори бо ту будан бар дили девона боз омад,
Хаёлам рафту аз сӯйи ту навмедона боз омад.
Ту оҳанги сафар аз ман нуҳуфти, сад дареғ, ай дӯст,
Ва ё дар чашми ғамполои ман дуру дароз омад”.
Хонум Сабоҳат мегӯяд, ӯро бештар мардуми пойтахт ва навоҳии гирду атрофи он, ҳам тоҷикон ва ҳам узбакҳо, бештар ба маъракаҳои занона, ба монанди чойгаштаки арӯс, парчабурон ё туқузбинон, рӯкушоёни арус ва гавҳорабандон, даъват мекарданд. Ва ӯ ҳамеша аз корафтодагон суол мекунад, ки чӣ қадар имкони додани ҳаққи хидмати ӯро дорад.
Вай ҳаргиз дар тӯю маъракаҳо аз фонограмма истифода накардааст. Зинда мехонад ва ба гуфтаи ӯ, ҳам худаш аз ин ҳаловат мебарад ва нонашро ҳалол карда мехӯрад. Аммо, мегӯяд хонум Сабоҳат, ҳоло маъракаҳову тӯйҳо камтар шудааст. Танзими расму оинҳо албатта хуб аст, ки мардум хароҷоти барзиёда намекунанд, аммо хавфи он ҳам ҳаст, ки ин одатҳои зебо, ба мисли гаҳворабардон, чойгаштак, парчабурон, ҳамин таври оҳиста-оҳиста фаромӯш мешаванд.
Сабоҳат мегӯяд, “мутаассифона, бино ба бӯҳрони молӣ ва қонуни танзим, андозбандии ҳунармандону овозхонҳо ва дигар садду монеаҳо ҳоло бозори маро низ мисли дигар ҳамкасбонам сард шудааст. Масалан, ман қаблан ва ҳоло ҳам аз мардум зиёд талаб намекунам. Аз 300 то 500 доллар ба ивази хизматам мегирам. Андоз месупорам, патент мегирам ва ҳамашро қонунӣ мекунам. Ба назари ман, танзим аз як ҷониб кори ҳунармандонро каме сабуктар кардааст, ки масалан, дар тӯйҳо ба ҷойи 5-6 соат ҳамагӣ 3 соат хидмат мекунанд, аммо ин садгузориҳо тӯю маъракаҳоро, ки ҷоеву имконияте барои сари як дастурхон гирд омадану дидорбинӣ ва ё каме истироҳат кардану ғами мушкилоти рӯзафзуни зиндагиро фаромӯш кардан аст, маҳдуд кардааст”.
Сабоҳат Наҷмиддинова бо ёдоварӣ аз қазияи ба додгоҳ кашида шудани ҳампешааш Ҳаётой Мӯъминова ва ҷаримабандӣ шудани ӯ гуфт, ин ҳодиса ӯ ва дигар ҳамтоёнашро водор кардааст, ки боэҳтиёт бошанд ва ӯ феълан на ҳама даъвати мардумро қабул мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ бе ҳунарнамоӣ дар назди мардум зиндагии худро тасаввур карда наметавонад ва низ манбаи даромад ва таъмини оилааш аслан ҳунарнамоӣ дар тую маъракаҳо будааст.
Ҳаётой Муъминова, ки бо таронаҳои қадима ва маросимӣ дар миёни мардум шинохта шудааст, аз ин ҳодисаи бо ӯ рухдода бо хандаи қоҳ-қоҳ ёд кард ва гуфт, ӯро чунин ҳодисае наметавонад дилшикаставу ноумед созад. Ӯро мардум дӯст медоранд барояш ин муҳим аст.
Вай меафзояд, “дар қонун гуфта шуда будааст, ки ҳар овозхоне, ки бо шартнома наомадааст ва ҳамчун меҳмон ба тӯй омадааст, бояд як суруд хонад. Суруди арӯсӣ нахонад. Суруди арӯсиро дар тӯӣ не, балки барои 15-16 кас бояд хонӣ. Ман, ки ин ҷойи қонунро нахонда будам, дар тӯйи ҳамсояам 3 суруди арӯсӣ хондам. Барои ҳамин маро дуюним ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Додгоҳи олӣ аз ман ҳимоят кард, аммо боз гапи дигар наёфта гуфтанд, ки се суруд хондааст. Дар қонун ин хел гап нест. Ман дидам, ки фоида надорад, ҷаримаро супурдам. Ман ду сол аст, ки андоз месупорам. Вақте ман андоз месупорам, бояд ба ман кордор набошанд, ки ман чанд суруд мехонам ва чӣ хел суруд мехонам”.
Ҳаётой мегӯяд, сурудҳое, ки ӯро ба курсии муҷозот нишонданд, инҳоянд:
"Резум-резуме, орд мебезуме,
Дар суфраи хушдоман, орд мебезуме.
Ёр-ёр ёронае, ёр-ёр ёронае,
Дар деҳи шумо арӯсбиёронае.
Арӯси мо ноз дорад, ноз дорад, ёруме,
Домод ба ӯ роз дорад, роз дорад ёруме».
Аз боло об меояд, ҳай лола
Бӯйи палов меояд, ҳай лола,
Хонаро ҷоруб занед, ҳай лолае,
Меҳмони нав меояд, ҳай лола”.
Дар ҳоле, ки намояндагони мақомоти ҳифзи қонун мегӯянд, овозхонон низ мисли ҳама афроди дигар манбаи даромаддошта бояд андоз супоранд, ҳунармандон ва коршиносон, ки ҳадс мезананд, ки ин мушкил гузаранда аст, боз ҳам нигаронӣ аз он доранд, ки агар чунин вазъ ва бархурд дар баробари онҳо идома пайдо кунад, метавонад паёмадаш яъсу дилшикастагӣ ва нодориву ниёзмандии аҳли ҳунару эҷод бошад.