Ҳукумати ноҳияи Бохтар, дар ҷануби Тоҷикистон теъдоди ҷавононеро, ки аз ин ноҳия ба ҷанги Сурия пайвастаанд, 26 нафар меномад ва мегӯяд ҳамаи онҳо аз Русия ба Сурия сафар кардаанд.
Шаш хонандаи мактаби рақами 3-и ноҳияи Носири Хусрав, ки марзи Узбакистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд, баъди боздошти якшабонарӯзӣ аз тарафи марзбонҳои узбак ба хоки Тоҷикистон интиқол ёфтанд.
Як ҷавони узви гурӯҳҳои тундгаро аз деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён бо хоҳиши худ аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргаштааст ва мақомот ҳам бинобар пушаймон шуданаш, ӯро афв кардаанд.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон як сарбози қисмии низомии мустақар дар ноҳияи Бохтарро ба иттиҳоми қатли ҳамхизматаш барои 12 сол равонаи зиндон кард.
Аз ин ба баъд аз масҷидҳое, ки фаъолияти ғайрирасмӣ доштанд, на садои азон, балки суруд ба гӯш хоҳад расид. Мақомоти ноҳияи Ҷомӣ мегӯянд, 50 масҷидро ба маркази фарҳангӣ табдил додаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шахсеро боздошт кардаанд, ки бо ҷалби ҷавонони тоҷик ба Сурия ва роҳбаладии онҳо то Туркия машғул будааст.
Барои аз миён бурдани либосҳои "бегона" ё "сиёҳ" тарроҳони Хатлон либосҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла чакану атласро бо шеваҳои муосир барои занону духтарон пешниҳод кардаанд.
Додгоҳи низомии вилояти Хатлон Алимуҳаммад Додокалоновро, ки бо фармони ӯ чаҳор сарбози нерӯҳои марзбонӣ ба ҳезумчинӣ рафта, ба дасти Толибон афтодаанд, ба 8.5 соли зиндон маҳкум кард.
Дар се моҳи соли равон 100 сокини вилояти Хатлон барои гирифторияшон ба сил аз Русия ихроҷ шудаанд.
Ноҳияи Қубодиён, дар ҷануби Тоҷикистон як рӯз пеш аз даъват ба хидмати ҳарбӣ маъракаи “кулчагазон”-ро барои 65 ҷавони синни сарбозӣ баргузор намуд, ки ихтиёран ба сафаи артиш пайвастанианд.
Парванда алайҳи сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 26 10-и ноҳияи Панҷ ба додгоҳ фиристода шудааст. Ӯ бо се банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла сӯиистифода аз ваколати мансабӣ, гунаҳкор дониста мешавад.
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, аз 9 ҳазору 700 маъюб, ки дар ин минтақа сабт шудааст, 1 ҳазору 546 нафарашон аз падару модари бо ҳам хешу табор ба дунё омадаанд.
Раҳбарони 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои панҷ рӯз тамоми кори идоравии худро як сӯ гузошта, рафтори як раҳбар дар айни ҷанг ва муқобила бо ҳамлаҳои ногаҳониро аз худ кардаанд.
Додситони низомии вилояти Хатлон мегӯяд, сарбози қисми ҳарбии 07017-и ба номи Файзалӣ Саидов дар ноҳияи Бохтар ҳамхидматашро зимни як ҷанҷол ҳадафи тири Калашников қарор додааст.
Гаравгонгирҳо чаҳор марзбони тоҷикро, ки дар марзи вулусуволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз нигаҳдорӣ мешуданд, аз марзи ин минтақа ба ҷои дуртар бурдаанд.
Занони сокини рустои Шаҳидон дар кӯҳистони Сари Хосор мегӯянд, хушбахтиашон камтар аз занони шаҳрнишин нест. Вале меъёри хушбахтии онҳо каме фарқ мекунад.
Дар вилояти Хатлон мавсими нави шикори кабк оғоз ёфт. Кабкшикор дар кӯҳҳои ҷануби Тоҷикистон то 14 апрел идома мекунад.
Дар ноҳияи Қубодиён бо иваз шудани раис анъанаи тақдими либоси атлас ба занони коргар дар иди 8 мартро манъ кардаанд.
Хабари кушта шудани Маҳмадшариф Сайдалиев, сокини 30-солаи ноҳияи Бохтар дар Сурия, модари 67-солаи ӯро мубтало ба беморӣ карда ва манзили онҳо мотамхонаеро мемонад.
Дар кӯчаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа аксҳои сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев ва тарафдорони ӯ насб шуда, аз мардум дархост шудааст, ки агар онҳоро бинанд, ба мақомот хабар бидиҳанд.
Ёфтҳои бештар