Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони Ӯзбакистон 6 марзшикани наврасро раҳо карданд


Шаш хонандаи мактаби рақами 3-и ноҳияи Носири Хусрав, ки марзи Узбакистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд, баъди боздошти якшабонарӯзӣ аз тарафи марзбонҳои узбак ба хоки Тоҷикистон интиқол ёфтанд.

Шаш наврас, талабаҳои синфи 10, Боймурод Донаев, Шӯҳрат Махкамов, Охун Раҳматуллоев, Рамазон Менглиқулов, Муслимбек Ҳамроев ва Ҷуманазар Абиев як шабро дар боздошти марзбонони Ӯзбакистон саҳар карданд, зеро марзи давлатиро гузашта, ба ҳудуди кишвари ҳамсоя ворид гаштаанд. Онҳоро мақомоти амниятии Тоҷикистон дар гуфтушунид бо ҳамтоҳои узбаки худ аз боздошт раҳо карданд.

Як мақоми ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 23 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, марзшиканӣ ҷинояти ҷиддӣ аст, аммо мақомот тавонистанд, бо таъкид ба амдӣ набудани ин амал ҷониби Узбакистонро мутақоид созанд, то бачаҳоро раҳо кунад.

Ойхон Хонимқулова, мудири мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 3 ноҳияи Носири Хусрав ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мактабачаҳо рӯзи якшанбе 19 апрел соати 7 субҳ ба тамошои кӯҳистон баромада, хостанд, аз майдони лолазор акс гиранд, ки зоҳиран қаламрави Узбакистон будааст. Марзбонҳои давлати ҳамсоя онҳоро дар ҳамин мавзеъ боздошт карданд. Хонимқулова мегӯяд, ҳоло намедонад, ки сарнавишти минбаъдаи ин бачаҳо чӣ хоҳад шуд.

“Ростӣ, намедонам, ки ин бачаҳоро чӣ интизор аст, вале хабар надоштам, бачаҳо куҷо меравад, онҳо рӯзи якшанбе ба кӯҳ рафтаанд ва мегӯянд, ки дигар ин корро такрор намекунем ва аз нофаҳмияшон ба сарҳад рафтаанд, намедонистаанд, варгарна сарҳадро намегузаштаанд,”- гуфт Хонимқулова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ.

Марзи Ӯзбакистон
Марзи Ӯзбакистон

Рамазон Менглиқулов, аз ҳамин гурӯҳи талабаҳои мактаб аст, ки дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон боздошт шуда ва мавриди бозпурсии марзбонҳои кишвари ҳамсояи Узбакистон қарор гирифтааст.

Менглиқулов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо симхорҳоро гузашта хостаанд, ки дар миёни сабза ва лолазор бо ҳамсинфонашон аккосӣ кунанд ва дар ҳамин ҳолат боздошт ва бозпурсӣ шуданд.“Аз мо мақсади омаданамонро пурсиданд, ки гуфтем тамошо омадем, дар як хонаи танг, ки намедонам кадом ноҳияи Ӯзбакистон буд нигоҳ карда пурсиданд. Саҳар моро озод намудаанд, ки равед ва моро ба ноҳияи Шаҳритус овардаанд, ки ба хона баргашта ҳоло боз ба мактаб омадем,”- гуфт Менгиқулов.

Мақомоти қудратӣ аз додани иттилои бештар дар бораи ин ҳодиса худдорӣ мекунанд, вале мегӯянд, ки додситони алайҳи волидайни 6 хонандаи мактаб бар асоси “Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” парвандаи маъмурӣ боз намуда, то охири моҳ мурофиаи онҳо дар толори фарҳангии ин ноҳия баргузор мешавад, то дигарон ба ин ҷиноят даст назананд.

Тоҷикистон дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ноҳияи Турсунзода бо Узбакистон марзи муштарак дорад ва ва ҳодисаи убури ғайриқонунии марз аз ҷониби шаҳрвандони ду кишвар дар манотиқи сарҳадӣ гоҳ гоҳ рух медиҳанд. Дар гузашта ҷавононе наврас ва чӯпонҳои вилояти Суғд чандин моҳро дар боздоштгоҳи Узбакистон пушти сар карда ва дап пайи музокироти ҷонибҳо ба Тоҷикистон баргарштанд. Узбакистон аз кишварҳои минтқаи Осиёи Марказӣ аст, ки аволи солҳои 2000-ум бо ҳамсоякишварҳои худ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон виза ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG