Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 100 сокини Хатлон дар 3 моҳ аз Русия барои сил


Дар се моҳи соли равон 100 сокини вилояти Хатлон барои гирифторияшон ба сил аз Русия ихроҷ шудаанд.

Ислом, ҷавони 19-сола аз ноҳияи Вахш аст, ки соли гузашта барои мардикори ба шаҳри Магнитогорски Русия рафта буд, пас аз ним соли кор дар як сохтмон гирифтори бемории сил шуд. Вақте ба муоинаи тиббӣ рафт, ӯро аз Русия ихроҷ карданд.

Ҳоло Ислом дар ҳуҷраи махсуси Маркази бемориҳои сил дар ноҳияи Вахш бистарист ва ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мехоҳад, табобат гирифта, дубора ба муҳоҷират равад, чун фарзанди калони хонавода аст ва бояд ба модар ва хоҳараш мадад расонад. Вай мегӯяд: “Сабаби баргаштанам аз Русия ҳамин бемориям буд, ки барои ташхис рафта, манро гуфтанд, ки бемор ҳастӣ ва бояд ба Тоҷикистон баргардӣ, зеро мо инҷо шуморо табобат намекунем.”

Муҳоҷири дигар Хуршед Имомиддинов дар шаҳри Челябински Русия ҷои кори хуб дошт, вале чун аз беморияш огоҳ шудаанд, ӯро депорт кардаанд. Ин ҷавони 30-сола, ки аз бемадорӣ ва ҳарорати баланд тез тез нафас мекашид, саргузашти худро ин гуна ҳикоят кард: “Баъди 18 рӯзи сафари хидматиям, ки ба хона баргаштам, ҳамсарам манро нашинохт, вазнам, ки 91 килограм буд, ба 61 расид, духтурон бемориямро аниқ карда, маро ба Тоҷикистон равон карданд, шукр инҷо хело хуб шудаам, хушбахтона, бемориям ба хонаводаам сироят накардааст.”

Раиси Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон Сӯҳроб Камолов мегӯяд, шумораи онҳое, ки бино бар гирифторияшон ба сил аз Русия ихроҷ шуданд, дар ин вилоят беш аз 100 нафар аст. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин омор танҳо онҳое ҳастанд, ки беморияшон шадид шуда, ба духтурон муроҷиат кардаанд, вале муҳоҷирони дигаре ҳастанд, ки ба хотири ангушнамо нашудан беморияшонро пинҳон дошта, дар шароити хона табобат мекунад ва дар натиҷа вазъашон бадтар мешавад.

Санавбар Шарифова.
Санавбар Шарифова.

Пизишки ин марказ Санавбар Шарифова, мегӯяд, шароити зиндагӣ ва кори муҳоҷирони тоҷик дар низ сабаби бемории онҳо мешавад: “Муҳоҷирон дар мардикорӣ сари вақт хӯрок намехӯранд, масалан, дар як хона то 10 нафар зиндагӣ мекунад, ки аз ҳамдигар гирифтори беморӣ мешаванд, онҷо хунук аст ва дар сардӣ кори сангинро анҷом медиҳанд, вале ба онҳо пул даркор аст, ки барои ин мехоҳанд ба муҳоҷират раванд. Бояд шароити муҳоҷирон дар Русия хубтар шавад.”

Бино бар иттилои раёсати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Хатлон 5 441 бемори сил ба қайд гирифта шудаанд. Ҳоло ин шумора аз ҳисоби муҳоҷирон рӯ ба афзоиш дорад, ки аз Тоҷикистон саломат мераванд ва бемор бармегарданд.

Аксари ин муҳоҷирони гирифтори сил, ки ба Радиои Озодӣ суҳбат карданд мегуфтанд, ки баъди 24 моҳи табобат мехоҳанд, дубора ба муҳоҷират раванд, вале Қирғизбек Зокиров, муовини раиси хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон мегӯяд, тибқи қонунҳои нави Русия муҳоҷироне, ки гирифтори силанд то 20 сол, ва гирифторони Эйч ой вӣ ё СПИД умуман ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд. Шумораи муҳоҷирони ихроҷшуда дар вилояти Хатлон дар се моҳи соли равон 1265 нафарро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG