Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8.5 соли зиндон барои ба асорати Толибон афтодани 4 тоҷик


Додгоҳи низомии вилояти Хатлон Алимуҳаммад Додокалоновро, ки бо фармони ӯ чаҳор сарбози нерӯҳои марзбонӣ ба ҳезумчинӣ рафта, ба дасти Толибон афтодаанд, ба 8.5 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи низомии Хатлон рӯзи 6 апрел Алимуҳаммад Додокалонов – сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 2610-и ноҳияи Панҷро, ки гуфта мешавад, бо фармони ӯ чаҳор сарбоз барои ҳезумчинӣ ба соҳили Омӯ рафта, баъдан ба дасти Толибон афтодаанд, ба 8.5 соли зиндон маҳкум кард. Муҳокимаи ӯ бо шикояти хонаводаи сарбозон, ки акнун аз сарнавишти онҳо хабаре нест, сурат гирифтааст.

Исмоил Мирмахсумиён, додраси парванда рӯзи 6 апрел баъди эълони ҳукми Алимуҳаммад Додокалонов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Қуваи қонунӣ нагирифтааст, метавонад, ки муроҷиат кунад, ду хонаводаи ду сарбоз арзиза навиштаанд, ки ба хотири имконияти молӣ дар мурофиа муроҷиат накардаанд, ин мурофиа дар худи додгоҳи низомӣ баргузор шуд, ки 8. 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.”

Исмоил Мирмахсумиён гуфт, ки Алимуҳаммад Додокалонов бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон 391, қисми 3, банди “б”, яъне сӯистифода аз ваколати мансабӣ, ки боис ба дигар оқибати вазнин гаштааст; моддаи 323, яъне сохтакории хизматӣ ва моддаи 234, ғайриқонуни буридани дарахтҳо айбдор шудааст.

Ба нақли ӯ, инчунин Умедҷон Сангов, ронандаи қисми низомии 26 10-ноҳияи Панҷ, ки вақти буридани дарахтҳо Алимуҳаммад Додокалонов ва чаҳор сарбозӣ асирафтодаро ҳамроҳӣ мекардааст, тибқи моддаи 234, ғайриқонунӣ буридани дарахтҳо муттаҳам дониста шуда, бо пардохти 28 ҳазор сомонӣ ҷарима аз толорӣ додгоҳ озод шудааст.

Ба иттилои додгоҳи низомии Хатлон, дар мурофиаи додгоҳӣ Мухтор Калонов, падари сарбоз Фарҳод Калонов ва Фатҳуллло Шодиев, падари Меъроҷ Шодиев иштирок кардаанд ва аз хонаводаи ду сарбози дигар Тӯйчибой Нурбоев ва Сироҷиддин Давлатов ба даъватномаи додгоҳ навиштаанд, ки имкони молӣ надоранд, ки дар мурофиа ширкат кунанд.

Эҳромиддин Давлатов, ҷавони 29-сола, бародари сарбоз Сироҷиддин Давлатов, аз деҳаи Рӯдакии ноҳияи Қумсангир дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо пул надоштаанд, ки ба дар мурофиаи додгоҳӣ дар Қурғонтеппа иштирок кунанд. Инчунин Эҳромиддин Давлатов афзуд, ки онҳо мунтазири ҷазо гирифтани Алимуҳаммад Додокалонов ҳам набудаанд, балки хоҳони озодии бародараш Сироҷиддин Давлатов аз асорати Толибон аст:

“Аз комиссарияти ҳарбии ноҳия даъватнома расид, вале нарафтем, дар мавриди ин командир ягон чизи гуфтанӣ надорем, барои мо саломат баргардониди бародарамон муҳим аст, ҷазо гирифтани онҳоро худашон медонад, чанд ҷо муроҷиат кардем, ки ягон натиҷа надод.”

Алимуҳаммад Додокалонов, сардори қисми низомии 26 10-и ноҳияи Панҷ 19 декабри соли гузашта чаҳор сарбозро барои ҷаъмоварии ҳезум ба соҳили рӯди Омӯ, ки ҷануби Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад, бурда буд, ки ба дасти гурӯҳи гаравгонгири мавсум ба Толибон афтида ва баъди ду моҳи дар он сӯи марз будан ба умқи вилояти Кундуз бурда шудаанд. Ҳоло аз ин қазия бештар аз се моҳ гузаштааст, вале волидайни ин сарбозон мегӯяд, ки аз фарзандонашон хабаре нест ва мақомот ба онҳо нагуфтаанд, ки кай онҳоро озод мекунанд.

Мухтор Калонов, падари сарбоз Фарҳод Калонов ва Фатҳулло Шодиев, падари Меъроҷ Шодиев, сокинони шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки борҳо ба мақомот дар мавриди раҳоии фарзандонашон муроҷиат кардаанд, вале сарнавишти фарзандонашон ҳоло барояшон номаълум аст.

Ҳукумати ноҳияи Панҷ чанд моҳ пеш гуфта буд, ки сарбозонро аз асорати Толибон дар мудати кӯтоҳ озод хоҳанд кард, вале имрӯз 6 декабр Абдуҷон Тавакалзода, раиси ноҳияи Панҷ гуфт, ки сарбозонро Толибон аз вулусуволии Имом Соҳиби Қундуз ба маҳалли дуртаре бурдаанд ва аз онҳо хабаре нест. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта ҳукумати ноҳияи Панҷ мегуфт, ки марзбонони тоҷик бо марзбонони афғон дар суҳбатҳои телефонӣ аз шароити сарбозони тоҷик огоҳанд.

XS
SM
MD
LG