Дар ҳоле ки занҳои шаҳрнишин дар интизори 8 март лаҳзашуморӣ мекунанд, то аз дасти ҳамсар тӯҳфаи хости дил ва аз забони ӯ каломи “дӯстат дорам”-ро бишнаванд, занҳои деҳот танҳо метавонанд ба ин ҳама ҳасад бубаранд. Дар деҳот 8 март, ки акнун дар Тоҷикистон “Рӯзи Модар”ном гирифтааст, таҷлили камранге дорад. Аммо ин ба маъное нест, ки занҳои деҳнишин камтар аз занҳои шаҳр хушбахтанд. Фарқ шояд танҳо дар меъёри хушбахтӣ бошад.
Барои Ғунчагул Файзалиева, сокини рустои дурдасти Шаҳидони ҷамоати Сари Хосор хушбахтӣ 18 “чеҳра”дорад. Ин зани 69-сола дар синни 17 издивоҷ кард ва ба ин деҳа чун арӯс ворид шуд. Ғунҷагул Файзиева ҳоло 18 фарзанд ва даҳҳо набера дорад, ки мегӯяд, исми ҳамаи онҳо дар ёдаш нест.
Қиссаи зиндагии ӯ мисли достони зиндагии аксари рустоиҳо содаву ширин аст: “Моро аз ноҳия Москва (ҳоло – Ҳамадонӣ) барои пахтачинӣ ба Шаҳидон оварданд. Дар ин деҳа хеше доштем, ки яку якбора “дар офтоб сӯхтӣ, биё, хонаи тағоият равем”- гуфта, маро ба хонаи яке аз сокинони деҳа бурд. Бурбанд, ки ба аҳли хонаводаи домод нишон диҳанд, ман шарм доштам. Дар ҳавлӣ кор мекардам, ки шавҳарам аз тори бом ба ман нигоҳ мекард. Як сол дар фотиҳа будем, якдигарро надидем. Орзу мекардем, ки фарзанди зиёд дошта бошем ва ба орзуямон расидем. Боре дар зиндагиямон даъво набуд.”
Ғунҷагул Файзалиева мегӯяд, ҳамаи 18 фарзандаш хонаи обод доранд ба таври худ хушбахтанд. Ӯ мегӯяд, шояд қаҳрамоние накардааст, аммо фарзандони солеҳ ва солимро ба ҷомеъа тақдим кард.
“Маликаи замбӯрҳо” дар Балҷувон
Азиза Ашӯрова, зани 55-сола, зодаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистонро 30 соли пеш ишқи Толиб Азизови ҳамсабақаш ба деҳаи Шаҳидон, ба ноҳияи Балҷувон овардаст.
Азиза Ашӯрова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳамсари ояндааш вақте дар бахши забони англисии донишгоҳи забонҳои пойтахт таҳсил мекард, ошиқ шуд ва ба думболи ишқаш ба деҳкадаи Шаҳидон омад.
Агар Ғунчагул Файзалиеваро ҳамдеҳагон ба хотири серфарзандӣ ва шахси “табаррук” будан эҳтиром кунанд, ба Азиза Ашӯрова ҳам ба хотири таълими бачаҳо ва ҳам ба хотири интихоби касби мардона дар Тоҷикистон эҳтиром мекунанд. Ӯ дар баробари омӯзгорӣ замбӯрпарвар аст ва аз заҳматаш ҳосили хуб мегирад.
“Баъди хатми донишгоҳ ба ин ноҳия арӯс шудаам ва солҳо дар мактаб ба хонандагони деҳа аз забони англисӣ дарс додам, вале муҳаббати замбӯрҳо ва замбӯрпарварӣ манро ба ин пеша овард. Ин касб хонаводаи моро таъмин мекунад ва ман бо онҳо унс гирифтаам,” - мегӯяд Ашӯрова.
Зане ки аз хирсу гург наметарсад
Бибимоҳ Раҳимоваи 48-соларо дар Шаҳидон “супер зан” мегӯяд, чун вай натанҳо модари меҳрубон ва ҳамсари ғамхор, балки зане аст, ки ба қавле “чил ҳунар аз дасташ меояд.”
Бибимоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз 18-солагияш аз деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба деҳаи Шаҳидон арӯс шудааст аз аввалин занон дар Сари Хосор аст, ки дар миёни 50 марди ҷангалбон корҳои вазнин, бахусус ҷангалбониро анҷом додааст. Ӯ мегӯяд: “Мардонавор бо мардҳо кор мекунам, ки аз ин чиз хаста намешавам ва боз барои 9 фарзандам вақт меёбам, ки онҳоро тарбия кунам.Шаб дар ҷангал бо ҳайвонҳои зиёде дучор мешавам, вале ман аз онҳо наметарсам. Шавҳарам ба корам муносибати хуб доранд, корҳои мардонаро, масалан пайванд кардани дарахтонро мекунам, чун ки худамро аз мардҳо кам намедонам.”
Занҳои ҷавони Шаҳидон мегӯяд, бо ин модарон, ки дар ҳама маҳфил онҳо садрнишин ва зиндагияшон намунаи ибрат аст ифтихор доранд ва аз онҳо таҷрибаи зиндагӣ мегиранд.
Ҷамоати Сари Хосор аз ноҳияи Балҷувон 50 километр ва аз маркази вилояти Хатлон Қӯрғонтеппа 220 километр масофа дорад. Ин як минтақаи кӯҳистон, ки дар зимистон хеле ба сахтӣ метавон ба онҷо расид. Аммо Сари Хосор дар чаҳор фасли сол табиати хеле зебо дорад ва дар ҳоле ки даҳли деҳот маъмулан орзуи кӯчидан ба шаҳрро дар сар мепарваранд, сокинони Шаҳидон рустои худро бо вуҷуди ҳама бебарқиву роҳҳои касногузар ва боқӣ мушкилоташ фирдавсе дар рӯи замин ва ҳам порае аз хушбахтии худ мешуморанд.