Додситони низомии вилояти Хатлон мегӯяд, рӯзи10 март, Илҳом Бобоев, сарбози қисми низомии 07017-и ба номи Файзалӣ Саидов дар ноҳияи Бохтар баъди муноқиша ва даъво ба ҳамхидматаш Исломиддини Искандар аз силоҳи Калашников тир андохт ва ӯро ба қатл расонд ва дар ин бора парвандаи ҷиноӣ боз шуда, гумонбари қатл дар боздошт ба сар мебарад.
Маҳмудалӣ Амрияздон, додситони низомии вилояти Хатлон рӯзи 13 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷараёни бозпурсӣ Илҳом Бобоев ҷурми кушторро эътироф кардаст: “Ҳодиса дар ошёнаи чаҳорум рух дод, вақте дар казарма садои тир баланд шуд, дигарон садоро шунида, ба берун мебароянд ва мебинанд, ки куштор сурат гирифтааст. (Бобоев) худаш гуфт, ки ин кушторро ӯ анҷом додааст, дар аввал мехостааст, ки ӯро тарсонад, вале чун ҳақорат мекунад аз тарафи рости қафаси синаи ӯ мепаронад,” -- гуфт додситони низомии вилояти Хатлон Маҳмудалӣ Амрияздон.
Ҷаноби Амрияздон гуфт, ки тибқи моддаи 104- и Қодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне куштор, нисбати Илҳом Бобоев парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ӯ ба боздоштгоҳи низомаш сангини шаҳри Қурғонтеппа интиқол ёфтааст. Агар додгоҳ гуноҳи Илҳом Бобоевро собит намояд, ба ӯ аз 8 то 15 соли ҳабс таҳдид хоҳад кард.
Бино бар иттилои расмӣ, Илҳом Бобоев сокини ноҳияи Бохтар 25-сола буда, дар даъвати тирамоҳии соли 2013 ба хизмати сарбозӣ дар артиш оғоз кардааст. Ӯ дар фосилаи чанд рӯз аз анҷоми хизмати ҳарбӣ ба куштор муттаҳам шудааст. Исломиддини Искандар бошад баҳории соли 2014 ба сарбозӣ даъват шуд ва то анҷоми хизмат як соли дигар дошт.
Исломиддин Искандаров низ 25 сол дошт ва сокини деҳаи Замини нави ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Сарбанд буд. Исломиддин дар хурдӣ аз падар маҳрум буд ва модарашро низ баъди панҷ моҳи хизмати аскарӣ аз даст дод.
Сайднуриддин Ибодов, тағои Исломиддини Искандар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хоҳарзодааш ягона саробони хона буд, вале ӯро иҷборан ба сарбозӣ бурданд. Ин хонавода мегӯяд, ки аз ҳодисаи куштори фарди азики худ шадидан такон хурдаанд.
Сайднуриддин Ибодов гуфт, ки ҷасади хоҳарзодааш худи ҳамон рӯз 10 март ба супурда шуд.
Икромиддин Искандаров, бародари Исломиддин гуфт, ки ӯ ду рӯзи пеш бо бародараш суҳбат дошт ва ҳеҷ аломатеро мушоҳида накард, ки бародараш бо нафаре аз ҳамхизматҳояш мушкил дошта бошад.
Ҳарчанд мақомот мегӯяд, ки қотили Исломиддини Искандарро ошкор кардаанд, аммо хешовандони сарбози кушташуда мегӯянд, мақомоти додгоҳ бояд ба онҳо собит кунанд, ки қотили аслии куштор воқеан ҳам Илҳом Бобоев ҳаст. Ин хонавода мегӯяд, ки Исломиддин боре аз қисми низомӣ фирор кард ва баъди чанде иҷборан ба артиш баргардонида шуд.
Аммо Султон Қурбонов, сардори ситоди қисми низомии 07 017 дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қотил мушаххас аст ва исмаш Илҳом Бобоев аст. “Сарбозҳо ҷанг карданд якдигарро аз модар дашном додаанд, вақти рота ё омодагӣ буд, ки ин ҳодиса рух дод."
Ба иттилои додситонӣ, ҳодисаи тир кушодани сарбоз ба сӯи ҳамхидматаш аввалҳои соли 2014 дар қисми низомиии воқеъ дар шаҳри Норак рух дода буд. Он вақт низ яке кушта шуд ва дигаре ба зиндон рафт.
Ҳодисаҳои зӯроварии сарбозони калонсол ба аскарони навдаъват аз мушкилотест, ки ҳазорҳо ҷавони синни хизмати аскариро аз артиш дур кардаас. Бо он ки ин рафтори ҷавонон хилофи ватандӯстӣ унвон мешавад, худи волидон талош мекунанд, ки дар мавсими даъват ба артиш бачаҳои худро дар хонаи хешу табори раҳдур пинҳон кунанд. Бар пояи Қонуни асосии кишвар хизмат дар артиш яке аз вазифаҳои шаҳрвандӣ буда, ҳар ҷавони аз 18 то 27 сола бояд ба муддати ду сол дар сафи неруҳои низомии кишвар хизмат кунад.