Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон феҳристи 1 ҳазору 546 кӯдаки маъюбро тартиб дод, ки гуфта мешавад, аз издивоҷҳои хешутаборӣ ба дунё омадаанд.Барномаҳои “Соли оила” мақомоти Тоҷикистонро водор кардааст, бо ҷавонон аз зарари издивоҷҳои хешутаборӣ сӯҳбат кунанд ва дар ин мавриди омори кӯдакону наврасони маъюбро мисол оранд.
Бибии Анисҷони 5-сола, ки маъюбияш сабаби фурӯпошии оила гашт, мегӯяд, ӯ ба хотири наздиктар шудани робитаҳои хешутаборӣ ба хоҳараш духтар дод, вале таваллуди ин кӯдаки маъюб на танҳо зану шавҳарро аз ҳам ҷудо кард, балки хешутабориро низ аз байн бурд.
Зебо Каримова набераи маъюбашро дар шӯъбаи осебшиносии беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидови вилояти Хатлон парасторӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, "духтарамро фарзанди носолим таваллуд кардӣ гуфта, ҷавобашро дод. Фикр мекардем, ду апаю хоҳар ҷудо нашавем ва боз ҳам рафтуомад намоем, вале нафаҳмидем, ки ба ин дараҷа мерасем."
Анисҷон бо пойҳои каҷ ба дунё омадааст ва пизишкон гуфтаанд, умеде ба муолиҷаи ӯ дар миён нест.
Пизишкон мегӯянд, кӯдакони маъюб пайваста зери назари онҳо буда, аз ёриҳои иҷтимоӣ бархӯрдоранд, аммо беҳтар мешуд, агар онҳо солим ба дунё меомаданд. Барои ин, мегӯяд Сайдулло Балазода, сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон, бояд аз никоҳҳои хешутаборӣ пешгирӣ намуд. "Маҳз аз чунин издивоҷҳо дар ин вилоят 1 ҳазору 546 кӯдаки маъюб ба дунё омадаанд,"-мегӯяд ӯ.
Гулрухсор Бухориева, сокини 27-солаи ноҳияи Ҷиликӯл, ки бо писари аммааш як сокини деҳаи Лолазори ноҳияи Данғара издивоҷ карда, зиндагии хуб дошт, баъди таваллуди фарзанди дувумаш, ки бо маъюбии мағзи сар ба дунё омад, баъди 3 сол аз хонаи шавҳар ронда шуд.
Ӯ мегӯяд, "никоҳи хешутаборӣ буд, ки фарзанди дуюмам бо нуқсони асаб таваллуд шуда, ҳоло маъюб аст. Аз ӯ рӯй гардонданд ва ӯ дар як беморхонаи махсуси ноҳияи Варзоб бистарӣ мебошад." Ин занон худро гунаҳкор медонанд, ки фарзанди носолим ба дунё оварданд ва таънаи шавҳару наздикон ва ҳатто ронда шудан аз хонаи шавҳарро таҳаммул мекунанд.
Дар зоишгоҳи ноҳияи Ҷиликӯл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳанӯз замони обистании 16 зане, ки бо хешутабори худ издивоҷ кардаанд, маълум шудааст, ки 6 тани онҳо дар батни худ кӯдакони носолим доштаанд ва ба ин сабаб ба фигона ё сақти ҳамл розӣ шудаанд. Пизишкон мегӯянд, аксарияти онҳо дар вақти ҳомиладорӣ ба духтур ва ташхиси ултрасадоӣ (узи) муроҷиат намекунанд, то саломатии тифлашон маълум шавад.
Ҳасан Назаров, мудири шӯъбаи осебшиносии беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидови вилояти Хатлон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 90 дарсади ин беморон табобат мешаванд, вале дар сурате ки сари вақт ба мутахассисон муроҷиат кунанд.
Ҷаноби Назаров меафзояд, бар асоси пажӯҳиши онҳо аз даҳ 6-7 фисади онҳое, ки маъюб ба дунё меоянд, ба никоҳи хешутаборӣ вобастагӣ доранд. "Вақте хешутаборӣ шуд, махсусан дар авлоди якум - бародарон, авлоди дуюм - писарамак, писархола дар ин ҳол метавонад, ки ду гени носолим бо ҳам биёяд, ки ҳардуяш ҳам ғолиб омада, дар натиҷа кӯдак бо ягон нуқсон таваллуд мешавад,"-шарҳ дод Назаров.
Аммо афроде низ ҳастанд, ки дар издивоҷи худиҳо мушкиле намебинанд ва онро як роҳи ҳифзи сарватҳои хонаводагӣ медонанд.
Дар паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба парлумон дар моҳи январи соли ҷорӣ издивоҷҳои хешутаборӣ ва таваллуди фарзандони носолим аз ин издивоҷҳо матраҳ шуд, ки баъдан дар миёни мардум ин мавзӯъ бештар садо дод. Ҳоло мақомоти давлатӣ дар вилояти Хатлон дар аксари ҷаласаҳо ба хотири пешгирӣ аз никоҳҳои хешутаборӣ сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар шаҳру навоҳии Хатлон 9 ҳазору 700 маъюб сабти ном шудааст, ки дар миёни онҳо 1 ҳазору 546 нафар аз падару модари бо ҳам хешу табор ба дунё омадаанд.