Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом барои қатли ҳамхизматаш 12 сол гирифт (ВИДЕО)


Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон як сарбози қисмии низомии мустақар дар ноҳияи Бохтарро ба иттиҳоми қатли ҳамхизматаш барои 12 сол равонаи зиндон кард.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон Илҳом Бобоев, сарбозӣ қисми низомии 07 017-и ба номи Файзалӣ Саидов воқеъ дар ноҳияи Бохтарро, ки дар қатли ҳамхизматаш Исломиддини Искандар муттаҳам дониста мешуд, ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Маҳмудалӣ Амрияздон, додситони низомии вилояти Хатлон имрӯз, 21 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки айбдоркунандаи давлатӣ барои Илҳом Бобоев 14 соли маҳрумият аз озодиро хоста буд, ки додгоҳ дар як мурофиаи сайёр, ки дар қисми низомӣ дар миёни сарбозону афсарон баргузор шуд, ӯро барои 12 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҷаноби Амрияздон афзуд, ки моҳи март алайҳи Бобоев тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "куштор" парвандаи ҷиноӣ боз намуда буданд ва ин сарбози муттаҳам ба қатли ҳамхизматаш дар боздоштгоҳи низомаш сангини шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешуд.

Додситони низомии вилояти Хатлон моҳи марти соли равон Илҳом Бобоевро ба гумони қатли Исломиддини Искандар дар қисми низомии 07 017 боздошт кард. Гуфта мешавад сабаби сар задани даъво миёни ду сарбоз, суханони қабеҳ ва дашном ба суроғаи модар будааст, ки билохира Бобоев ҳамхизмати худро ҳадафи тири Калашников қарор дод ва дар натиҷа ӯ дар ҷой ҳодиса ҷон бохт.

Маҳмудалӣ Амрияздон, додситони низомии вилояти Хатлон.
Маҳмудалӣ Амрияздон, додситони низомии вилояти Хатлон.

“Ҳодиса дар ошёнаи чаҳорум рух дод, вақте дар казарма садои тир баланд шуд, дигарон садоро шунида, ба берун мебароянд ва мебинанд, ки куштор сурат гирифтааст. (Бобоев) худаш гуфт, ки ин кушторро ӯ анҷом додааст, дар аввал мехостааст, ки ӯро тарсонад, вале чун ҳақорат мекунад аз тарафи рости қафаси синаи ӯ мепаронад,” -- гуфт додситони низомии вилояти Хатлон Маҳмудалӣ Амрияздон.

Бино бар иттилои расмӣ, Илҳом Бобоев сокини ноҳияи Бохтар 25-сола буда, дар даъвати тирамоҳии соли 2013 ба хизмати сарбозӣ дар артиш оғоз кардааст. Ӯ дар фосилаи чанд рӯз аз анҷоми хизмати ҳарбӣ ба куштор муттаҳам шуд. Исломиддини Искандар бошад баҳории соли 2014 ба сарбозӣ даъват шуд ва то анҷоми хизмат як соли дигар дошт.

Исломиддин Искандаров низ 25 сол дошт ва сокини деҳаи Замини нави ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Сарбанд буд. Исломиддин дар хурдӣ аз падар маҳрум буд ва модарашро низ баъди панҷ моҳи хизмати аскарӣ аз даст дод. Сайднуриддин Ибодов, тағои Исломиддини Искандар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки хоҳарзодааш ягона саробони хона буд, вале ӯро иҷборан ба сарбозӣ бурданд. Ҷасади Исломиддини Искандар рӯзи 10 март ба супурда шуд.

Дашноми қабеҳ сабаби қатли як сарбоз шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Қатли Исломиддини Искандар аз сӯи ҳамхизматаш як моҳ пеш аз даъвати баҳории ҷавонон ба артиш рух дод ва миёни ҷавонон сару садоеро ба миён овард. Вале мақомот мегӯяд, ки қотил ҷазояшро гирифтааст ва онҳо намегузоранд, ки миёни сарбозон нофаҳмӣ ва даъвоҳо сурат гирад. Ин буд, ки додгоҳ ба хотири намунаи ибрати дигарон шудан, ҳукми Илҳом Бобоевро дар қисми низомии 07 017 эълон кард, то сарбозони дигар аз ин ҳолатҳо, худдорӣ кунанд.

Ҳодисаҳои зӯроварии сарбозони калонсол ба аскарони навдаъват аз мушкилотест, ки ҳазорҳо ҷавони синни хизмати аскариро аз артиш дур кардаас. Бо он ки ин рафтори ҷавонон хилофи ватандӯстӣ унвон мешавад, худи волидон талош мекунанд, ки дар мавсими даъват ба артиш бачаҳои худро дар хонаи хешу табори раҳдур пинҳон кунанд. Бар пояи Қонуни асосии кишвар хизмат дар артиш яке аз вазифаҳои шаҳрвандӣ буда, ҳар ҷавони аз 18 то 27 сола бояд ба муддати ду сол дар сафи неруҳои низомии кишвар хизмат кунад.

XS
SM
MD
LG