Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти “Қорӣ Ҳусейн”, роҳбалади ҷавонон ба Сурия (ВИДЕО)


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шахсеро боздошт кардаанд, ки бо ҷалби ҷавонони тоҷик ба Сурия ва роҳбаладии онҳо то Туркия машғул будааст.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон нафареро боздошт кардаанд, ки дар ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафҳои гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ё ДОИШ машғул будааст. Онҳо мегӯянд, ин нафар 30-сола буда, дар Туркия бо номи “Қорӣ Ҳусейн” шинохта мешавад ва яке аз вазифаҳои ӯ роҳбаладии ҷавонон ва харидани чиптаи ҳавопаймои хатсайри Туркия будааст. Қорӣ Ҳусейн, ки асосан дар Маскав зиндагӣ мекардааст, дар моҳи марти соли равон бозошт шудааст, вале мақомот намегӯянд, ки ин боздошт дар Маскав сурат гирифтааст ё дар Тоҷикистон.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии вилояти Хатлон гуфт, ҳоло Қорӣ Ҳусейн дар боздошгоҳи Қӯрғонтеппа аст ва зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин шахс дар ҷалби чандин нафар ба ҷанги Сурия саҳм дошта, аз ҷумла барои Фаррух Зоҳиров, Диловар Қарахонов ва Парвиз Набиев чиптаи прарвози Туркияро харида, онҳоро дар 50 рӯзи “омӯзиш” дар масҷиди Имом Бухории Туркия ва омоадгӣ барои рафтан ба ҷанг дар Сурия ҳамроҳӣ кардааст.

Яке аз ин се ҷавони ноҳияи Шаҳритус -- Парвиз Набиеви 24-сола, ки сентябри соли 2014 ҳамроҳи Қорӣ Ҳусейн ба Туркия рафта буд, пушаймон шуда, ба Тоҷикистон баргашт ва додгоҳ ӯро афв намуд. Вале сарнавишти ду шарики дигари ӯ рушан нест, ки онҳо аз Туркия ба Сурия рафтаанд ё на.

Додситонӣ Парвиз Набиевро аз рӯзи баргашташ дар моҳи марти соли равон аз фурудгоҳ ба ҳабс гирифт ва ӯро дар асоси моддаи 401, банди 3-и қонуни ҷиноӣ, яъне “иштироки зархарид дар задухӯрд ё амалиёти ҷангӣ” муттаҳам дониста буд. Ба ин ҷавон аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекард.

Парвиз аз аввалин ҷавононе дар Хатлон аст, ки аз “ҷиҳод”худорӣ карда худро ба мақомот таслим намуд ва аз мурофиаи додгоҳи озод шуда, ба назди хонавода ва зану фарзандаш баргашт.

Парвиз Набиев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 30 августи соли 2014 ба шаҳри Маскав рафта дар як корхонаи тавлиди ҳасиб кор кардааст, вале чун наворҳои видеоии Сурияро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дидааст, пеши худ мақсад гузоштааст, ки бояд ба Сурия равад. Дар ин байн бо Қорӣ Ҳусейн вохӯрд, ки барояш гуфт, ҳама гуна мушкилро дар ин роҳ осон хоҳад кард. Эҳтимол меравад Қорӣ Ҳусейн узви шабакаи бузургтаре дар Русия бошад, ки бо ҷалби ҷавонони муҳоҷир ба Сурия ва Ироқ машғул аст. Намояндагони ин шабака дар маҳалли таҷаммуи муҳоҷирон ва ҳам масҷидҳои Русия бо таблиғ ва даъват машғуланд.

Парвиз мегӯяд, ки ин даъватҳо ба Сурия ӯро аз ақл бегона карда буд, ки на танҳо фикри падару модарро намекард, балки зану фарзандашро фаромуш намуда буд: “Мегуфтанд, ки роҳи ҳақ, роҳи аллоҳ аст, савобаш зиёд, мегуфтанд, ки шаҳид шуда, бароятон дар ҷаннат 72 ҳурро ба занӣ медиҳанд, се нафар ба Туркия рафтем, ки дар масҷиди Имом Бухорӣ дарси Қуръон хондем, баъди дарсҳо даъват мекарданд, ки хоҳиш доштам, ки барои ҷанг ба Сурия равам, вале масҷид аз устодҳо суолҳои зиёде кардем, ки гуфтанд, ки яҳудӣ, шиъа ва ҳато зану кӯдаконро кушта, бераҳм мешавӣ, боз гуфтанд, ки агар зан дошта бошӣ, баъд аз мурдан занатро ба дигар муҷоҳид медиҳанд, ман аз тасмимам худорӣ кардам, намехостам, дигар ба Сурия равам, вале шиносномаҳоямонро гирифта буданд. Моро як рӯз бурданд ва пулиси Туркия боздошт намуда, гуфт, ки Шуморо ба Сурия мебаранд ва ман гуфтам намеравам ва аз ин роҳ баргаштам.”

Парвиз аз марзи Сурия баргашт ва аз ҷазо озод шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00

Парвиз Набиев гуфт, ки аз соли 2009 ба муҳоҷирати корӣ ба шаҳри Маскав мерафт ва дар он ҷо кор ва ҳақмузди хуб дошт.

Насриддин Набиев, падари Парвиз Набиев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вақте писараш аз Туркия занг зада гуфтааст, ки мехонад, пай бурдааст, ки вай ба Сурия меравад. Вай худаш ба ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ки фарзандашро баргардонанд: “Рости гап, хобам намеомад, вақте писарат набошад, чӣ гуна хӯрок мехӯрӣ ё хоб мекунӣ? Фикр накардам, вале аз Туркия бароям занг зада гуфт, ки ман мехонам ва гуфтам баргашта биё аз он ҷо. Писари калониямро дар Русия кордча заданд ва Парвиз ин корро кард, ки ҳоло дигар намедонам аз куҷо зиндагиямонро пеш барем.”

Парвиз Набиев, гуфт, ки Фаррух Зоҳиров ва Диловар Қарахонов, сокинони ноҳияи Шаҳритус ҳастанд, ки онҳо баъди 50 рӯзи “омӯзиш” ва чанд моҳи дигар дар Анкара аз сафари Сурия пушаймон шудаанд, вале маълум нест, ки онҳо ҳоло дар Туркия ҳастанд ё Сурия.

Аз ҷамоати деҳоти “Холматов” гуфтанд, ки се нафар ҷавонони деҳаи Ленинободи ноҳияи Шаҳритус дар Туркия ҳастанд ва то имрӯз ду нафар сокини ин ноҳия дар ҷанги Сурия кушта шудаанд.

Аввали соли равон додситони вилояти Хатлон шумораи умумии ҷавонони хатлониро, ки дар Сурия, Ироқу Афғонистон меҷанганд 31 нафар гуфта буд, ки баъди як моҳ шумораи онҳо 40 нафар ҳисоб шуд, вале мақомот аз гуфтани ному насаб ва шумораи дақиқи ин ҷавонон худорӣ мекунад. Ба сурати умум шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия 300 нафар тахмин зада мешавад, ки зиёда аз 60 нафари онҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG