Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасмим гирифтаанд, ки мушкилоти таъмини шаҳвандон ба манзилро бо роҳи ҷалби сармояи хусусӣ ҳал кунанд.
Бино бар иттилои ситоди ҳолатҳои фавқулодда, заминларзаи шаби гузашта ба манзилҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Ванҷ хисорот ворид кардааст.
Бино бар иттилоъи идораи иқтисоди Бадахшон, ширкати чинии «Tebian elektronik» ба кони тиллои Рангкӯли Мурғоб соҳиб мегардад.
Нисбати се сарбози дидбонгоҳи марзӣ, воқеъ дар ноҳияи Ишкошим, бо иттиҳоми дуздии моликияти бегона парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Театри мусиқӣ–мазҳакавии шаҳри Хоруғ дар «Парасту» - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ ширкат намеварзад.
Муаллифи таҳқиқоти анҷомшудаи «Афсонаҳои сеҳрангези Бадахшон», номзади илмҳои филология Гулниссо Ризвоншоева ба натиҷае расидааст, ки дар афсонаҳои мардуми Бадахшон тасвири шоҳи одил бартарӣ доштааст, аммо шоҳи золим низ яке аз чеҳраҳои меҳварии афсонаҳо будааст.
Додгоҳи гарнизони ҳарбии Хоруғ ба ҷурми қочоқ, суистифода аз ваколати хидмати ва соҳибкории ғайриқонуни ду марзбон, як корманди милиса ва як соҳибкорро маҳкум кардааст.
Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасмим гирифтаанд, ки аз адибон чун як нерӯи сиёсӣ ва фарҳангӣ дар тарбияи мардум истифода кунанд.
Соҳибкорон дар Бадахшон сомонаи интернетии худро таъсис доданд.
Идораҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашии Бадахшон тайи баргузории нишасти хабарӣ мудирияти сохтмони назди президенти кишварро ба бурдани фаъолияти инҳисорӣ муттаҳам намуданд.
Масъулини «Помирнақлиёт» аз вуруди мошинҳои боркаши бузург ва вазнин аз Чин ба қаламрави кишвар изҳори нигаронӣ намуда мегўянд, ки дар сурати ҷилавгирӣ нашудан аз ин раванд роҳҳои Бадахшон пас аз чанд сол қобили ғайриистифода хоҳанд шуд.
Масъулини осорхони кишваршиносии Бадахшон дар ҷараёни нишасти хабарӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки ба қариб ду ҳазор номгўи нигораҳо ва ёдгориҳои бостонии осорхона хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад.
Бино бар иттилоъи бахши хоруғии Бонки миллии Тоҷикиситон, тайи моҳҳои ахир интиқоли пулҳои муҳоҷирони корӣ тавассути бонкҳои тиҷоратӣ ба минтақа ба андозаи 48 дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар бозорҳои марзии байни Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Бадахшон озмоишгоҳҳои ташхиси маводи истеъмолӣ таъсис меёбанд, ки ҳадафашон ҷилавгирӣ аз содироту воридоти маводи хўрокаи пастсифат ва зараровар барои саломатӣ арзёбӣ мешавад.
Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буҷаи вилоятро барои соли 2009 қабул намуд.
Мақомоти додгоҳии Бадахшон мегўяд, ба ваколати додгоҳ гузаштани баррасии баҳс бар сари замин корашонро бештар кардааст.
Як гурӯҳи соҳибкорони тоҷик изҳор доштанд, ки ба онҳо дар гузаргоҳи марзии Қарасу-Қулма аз ҷониби шаҳрвандони Чин беасос зарари ҷисмонӣ расонда шудааст.
Дар масири Қулма-Хоруғ як афтомашинаи борбар ба дарё афтида, ронандаи он - як шаҳванди Чин ҳалок шудааст.
Ёфтҳои бештар