Бино ба иттилоъи сардори шӯъбаи сабти аснод ва ҳолатҳои шаҳрвандии Хоруғ Оламгул Хуҷаназарова, аз 324 атфоли сабти номшуда волидайни зиёда аз 50 дарсади ин кӯдакон тақозо намудаанд, ки ба фарзандонашон насаб бо иловаи пасвандҳои русӣ гузошта шавад.
Як сарбози қисми марзбонӣ дар ноҳияи Ишкошим ба ҷурми тасарруф ва фурӯши ғайриқонунии силоҳи оташфишон бо ҳукми додгоҳи гарнизони ҳарбии Хоруғ ба мӯҳлати як солу ду моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.
Бино бар иттилоъи расмӣ, тайи даҳ моҳи соли равон муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар ба Бадахшон тавассути бонкҳо зиёда аз 100 миллион сомонӣ фиристодаанд.
Мутахассисони Пажӯҳишгоҳи осиёимиёнагии илмию лоиҳакашии сохтмони асосии Душанбе ба манзури бознигарии лоиҳаи азнавсозии ягона театри вилоятӣ ба Хоруғ омаданд.
Пешвои исмоилиҳои ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохони-IV пас аз дидору мулоқот бо мардум, ки субҳи имрӯз, 5-уми ноябр, дар маҳалли Поршневи ноҳияи Шуғнон ба вуқӯъ пайваста, дар он зиёда аз 150 ҳазор кас ширкат варзид, ба сафараш дар Бадахшон поён дод.
Субҳи имрӯз, 2 ноябр, имоми исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Оғохони 4 вориди шаҳри Хоруғ шуд.
Ду сарбози қисми марзбонӣ, як корманди милиса ва як соҳибкор барои ҳамдастӣ дар убури ғайриқонунии марзи байни Тоҷикистону Афғонистон ва қочоқи мол дар минтақаи Бадахшон муттаҳам шуда, парвандаи айбдорӣ барои баррасӣ ба додгоҳи гарнизони ҳарбии Хоруғ ирсол шудааст.
Кумисюни Вазорати беҳдошт вазъи ягона бинои бемористони вилоятии амрози руҳӣ, воқеъ дар маркази ноҳияи Роштқалъаро барои саломатӣ ва будубоши беморон хатарнок арзёбӣ намудааст.
Сардори идораи фарҳанги шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ намуд, ки аз набуди хонаи фарҳанг ҳунармандони шаҳр барномаҳои консертиро дар ҷойҳои номуносиб мураттаб месозанд.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ як марзбон ва 7 нафар шаҳрванди мулкиро дар ноҳияи Мурғоб барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва шикори ғайриқонунӣ ба мӯҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардааст.
Дар осоишгоҳи мавсум ба чашмаи шифоии Бибифотимаи Заҳро, ки дар маҳалли Ямчуни ноҳияи Ишкошим воқеъ гардидааст, то ҳамин моҳи имсол беш аз 300 кас табобат гирифтаанд.
Дари ягона маркази таълим ва барқарорсозии саломатии кӯдакони маълули устони Бадахшон зиёда аз як моҳ боз бар рӯи таълимгирандагон баста аст.
Ахиран ба осорхонаи Мубораки Вахонӣ, ки дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим воқеъ мебошад, мақоми ҷумҳуриявӣ дода шудааст.
Мақомоти маҳалии деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ки дар Ямчун - яке аз дижҳои бостонии минтақа ва Тоҷикистон пойгоҳи алоқаи телефонии мавҷӣ гузошта мешавад.
Дар бозори наздимарзӣ, воқеъ дар наздикии маркази ноҳияи Ишкошим чанде қабл мошинбозор фаъол шуда, тоҷирони афғон ҳамакнун бо ҳамтоёни чинии худ дар мавриди пур намудани бозори васоити нақлиётии Тоҷикистон бо ҳам рақобат доранд.
Маҳбусон, ки дар як канори шаҳри Хоруғ ба сохтмони маҳбаси нав машғул буданд, нозиронро дар ғафлат дарёфта гурехтаанд.
Ба дунболи имзои Созишнома байни сарони Тоҷикистон ва Русия алҳол корҳои фаъъолсозии ин пойгоҳи нодирро шурӯъ намудааст.
Консулгарии сафорати Чин дар Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зиёда аз 140 соҳибкорро, ки қарор буд дар аввалҳои сентябр дар ярмаркаи тиҷоративу иқтисодӣ ширкат варзанд, бидуни ягон шарҳу тавзеҳ баргардондааст.
Дар Хоруғ фестивали тарона ва рақси мардуми Боми Ҷаҳон кушода шуда, ду рӯз идома мекунад.
Ширкати «Помир энержӣ» гуфт, қарзи идораву муассисаҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ ва шаҳрвандон барои истифодаи нерӯи барқ аз ин ширкат аз 2,5 миллион сомонӣ убур кардааст ва ин ҳолат вазъи барқрасониро дар фасли зимистон ба мушкилот рӯбарӯ хоҳад кард.
Ёфтҳои бештар