Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби тоҷикҳо аз сӯи чиноиҳо


Гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Чин
Гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Чин

Як гурӯҳи соҳибкорони тоҷик изҳор доштанд, ки ба онҳо дар гузаргоҳи марзии Қарасу-Қулма аз ҷониби шаҳрвандони Чин беасос зарари ҷисмонӣ расонда шудааст.

Соҳибкорон гуфтанд, ки онҳо тайи як нома аз вазорати корҳои хориҷаи кишвар ва сафорати Чин дар Тоҷикистон тақозо хоҳанд кард, ки ба манзури таҳқиқи сабабҳои низоъ, ки дар ҳудуди гузаргоҳи марзии кишвари ҳамсоя байни шаҳрвандони мулкии ду кишвар ба вуқӯъ пайваста, мунҷар ба расондани зарари ҷисмонӣ ба шаҳрвандони тоҷик шудааст ва муайян сохтану ба муҷозот кашидани муҷримин комиссиюни муштарак таъсис диҳанд.

Соҳибкорон аз он изҳори ҳайрат мекунанд, ки ҳодисаи мавриди лату куб қарор гирифтаи шаҳрвандони тоҷик дар пеши назари мақомоти қудратии кишвари ҳамсоя сурат гирифтаааст, аммо ин ниҳодҳо аз мавқеъи бетарафӣ онро назорат доштаанд.

Намояндаи тиҷоратии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Қошғари Чин Аламхон Убайдуллоев изҳор дошт, ки дар ин мушту лагадзанӣ ҳадди ҳақал 5 шаҳрванди тоҷикистонӣ ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Ба гуфтаи роҳбари иттиҳоди занони соҳибкори вилоят Нигина Ватанбекова, талаби маводи сӯхти дуздидашуда аз ронандагонӣ чинӣ, ки автомашинаҳои мусофирбари мутаалиқ ба соҳибкорони тоҷикро аз Урумчӣ то нуқтаи гумрукӣ овардаанд, боиси барангехтани хашми ин атбоъи Чин ва зери зарбу шата кашидани шаҳрвандони тоҷик гардидааст.

Нигина Ватанбекова баён дошт, мушкилот ин аст, ки ҷониби Чин интиқоли автомашинаҳоро аз Урумчӣ то марз бо Тоҷикистон фақат барои атбоъи он кишвар иҷозат медиҳад. Ронандаҳо фақат худашон дар ин автомашинаҳо мешинанд ва одатан коре мекунанд, ки шабона ба нуқтаи гумрукии Қарасу расанд. Вай афзуд, ҳангоме ки субҳ соҳибкорон зарфҳои зиёда аз 20 автомашинаро аз сӯзишворӣ холӣ дарёфтанд, дар назди намояндаи ширкат талаби қонунӣ гузоштанд, ки чора андешад. Аммо шаҳравадони Чин, ба гуфтаи вай, амали зӯровариро ба кор бурданд.

Соҳибсултон Мардонаева, як соҳибкори ҷабрдида аз Хоруғ, гуфт, ки пас аз муоина дар дармонгоҳи Хоруғ пизишкон ба вай маслиҳат доданд, ки дар бемористон табобат гирад. Умед Қинотшоев, як ҷабридидаи дигар, ки ба ҳимояи ин зани соҳибкор бархостааст, баён дошт, ки якчанд нафар шаҳрванди чиноӣ ба вай дарафтода, ӯро шаллоқ ва латукӯб намуданд ва пояш зарб хурдааст.

Ба гуфтаи роҳбари занони соҳибкори Бадахшон, барои аввалин бор нест, ки ба соҳибкорони тоҷик чунин муносибат мешавад ва онҳо ба намояндагони мақомоти вилоят шикоят бурда буданд. Соҳибкорон мегӯянд, ки аммо чораҷӯӣ накардан ва идома ёфтани нақзи ҳуқуқашон онҳоро водор сохтааст ба ниҳодҳои босалоҳият муроҷиат кунанд.

Дар ҳамин ҳол дар намояндагии вазорати корхои хориҷаи Тоҷикистон дар Хоруғ баён доштанд, ки мактуби соҳибкорон ҳануз ба дасташон нарасидааст, аммо бо дарёфти он дар таҳқиқи ҳодиса иқдом хохад шуд.

Аммо гурӯҳи дигари соҳибкорон, ки ҳоли ҳозир аз Чин баргаштанд, мегӯянд, ки онҳо аз сафар қаноатманд ҳастанд ва дар роҳ ба мушкилоте дучор нашудаанд. Дар сафорати Чин дар робита бо ин ҳодиса ба радиои «Озодӣ» посухе надоданд.

XS
SM
MD
LG