Ба гуфтаи коргардони театр Умед Хусравов, то баргузории озмун дар Душанбе каме зиёдтар аз як моҳ мондааст, аммо бинобар мушкилоти молӣ ва набуди шароити машқ ва дар таъмир қарор доштани бинои ягона театр ширкати ҳунармандон дар «Парасту»-и имсола номумкин шудааст.
Вай гуфт, ки дар чаҳор чунин озмуни ахир ҳунарпешагон адами дастгирии кофии моддӣ ва мавҷуд набудани шароити мусоидро бо масрафи аз ҳад зиёди нерӯи ҷисмонӣ ҷуброн намуданд, вале ба назар мерасад, ки дигар ҳунармандон ба «худқурбонкунӣ» ба хотири санъат ҳозир нестанд.
Муовини роҳбари театр Ҷобир Хубоншоев изҳор дошт, соли саввум аст, ки ҳунарпешагон аз саҳна маҳрум буда, барномаҳоро дар як таҳхонаи танги театр ва баҳору тобистон ҳатто, ба истиллоҳ, дар «куча» омода мекунанд. Муовини роҳбари театр ҳамчунин бар асари мушкилоти молӣ тарк намудани ҷойи кор ва бе ҳунарпеша мондани театрро яке аз мушкилот дар роҳи омода намудани намоишномаҳо арзёбӣ намуд.
Вай гуфт, ки қаблан тасмимашон ин будааст, ки аз намоишномаҳои «Шикасти аввали қарматия»-и Ҷумъа Қуддус ва ё мазҳакаи «Маро Остап нагӯед»-и Ато Ҳамдам якеашро барои ширкат дар озмун интихоб кунанд. Аммо барои саҳнавӣ гардондани ин намоишномаҳо ҳадди аққал ба ҷалби 16 ҳунарпеша эҳтиёҷ мавҷуд буда, дар театр алҳол 5 ҳунарпешаи ҷинси мард ва 3 зан боқӣ мондаанд. Дар чунин шароит муовини сардори театр таҳияи монолог ва ё драммаи консертиро ягона чораи ширкат дар озмун мешуморад.
Аммо ба гуфтаи фарҳангшинос Хушомади Алидод, мисле ки бархе аз аҳзоби сиёсии минтақа фақат дар вақти интихобот овоз баланд мекунанд, ҳамчунини дигар театри Хоруғ тайи солҳои ахир фақат бо ширкат дар озмуни «Парасту» аз фаъолияти худ дарак додааст ва аз даст рафтани чунин имконот баёнгари ваъзи бӯҳронии театр будааст.
Дар ҳамин ҳол масъулини идораи фарҳанги Бадахшон мегӯянд, ки онҳо талош меварзанд бо ҳар роҳу восита ширкати театр дар озмуни «Парасту»-ро таъмин кунанд.