Ин афрод ҳангоми ба таври ғайриқонуни ворид намудани миқдори зиёди сигори бидуни аксиз тавассути пули байни Тоҷикистону Афғонистон, воқеъ дар маҳалли Лангари ноҳияи Ишкошим, боздошт гардида буданд. Ба гуфтаи додгустар, нисбати муҷримин бо назардошти ҳолататҳои сабуккунанда муҷозоти шартии ҳабс татбиқ шудааст.
Додгустар Тоҳир Искандаров изҳор дошт, ки аммо ҷиҳати муайян нашудани шахсияти як хизматчии дигари ҳарбӣ, ки дар ҳодисаи қочоқ ширкат доштааст, парванда ба тафтишоти иловагӣ баргардонда шудааст. Коршиносон муҷозот шудани сарбоз ва сержант ва аммо дар ҷараёни тафтишот ошкор карда натавониствани шахсияти як иштирокчии дигари ҳарбии ин ҷиноятро эҳтимолияти кӯшиши рӯпӯш намудани ашхоси ваколатдор аз ҷониби мақомоти тафтишоти арзёбӣ мекунанд.
Аммо додситони ҳарбии гарнизони ҳарбии Хоруғ Фармон Шарифов дар нишасти матбуоти дар робита бо ин ҳодиса гуфт, аз рӯи муқаррароти ҳарби сержанте, ки дар пули марзи ифои вазифа мекард, низ шахси ваколатдор маҳсуб мешавад .
Дар ҳамин ҳол муовини сардори идораи гумруки вилоят Ёралмамад Факиров изҳор дошт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди моли қочоқӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар пули марзии Лангар низ рӯзҳои наздик нозирони гумрук ба фаъолият шурӯъ хоханд намуд.
Дар маҳалли Лангари ноҳияи Ишкошим ду сол қабл ба манзури ташкили бозори марзӣ пули болои рудхонаи Панҷ сохта шуд, аммо бо сабабҳои гуногун мавриди баҳрабардори қарор гирифтани он то ба ҳол ба таъхир афтодааст. Тайи ин муддат пул аз ҷониби марзбонон муҳофизат мешавад. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, дар сурати ҷилавгирӣ нашудан фақат аз як ҳодисаи қочоқи сигори беаксиз, ки тавассути ин пул бо комюн интиқол гардидааст, ба буҷа ба миқдори 240 ҳазор сомони зарар ворид мешуд.
Алҳол дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Бадахшон се гузаргоҳи марзи, воқеъ дар маҳалли Нусайи Дарвоз, Теми Хоруғ ва маркази ноҳияи Ишкошим фаъолият мекунанд. Мақомоти Бадахшон мегӯянд, ки то охири сол дар маҳалли Сурхсангови ноҳияи Ванҷ, Лангари Ишкошим ва Руботи ноҳияи Мурғоб гузаргоҳҳои марзии дигар кушода хоҳанд шуд.