Ба гуфтаи онҳо, пас аз он, ки мудирият на фақат иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва сохмони иншоотҳои бузург, балки тартиб додани ҳуҷҷатҳои хароҷотии лоиҳаҳои аҳамияти маҳаллиро дар дасти худ муттамарказ сохтааст, ба онҳо хавфи бекор мондан таҳдид мекунад.
Сардори пажўҳишгоҳи «Бадахшонлоиҳа» Мамадзоҳир Саидзоҳиров гуфт, ки тайи моҳҳои охир ба пажўҳишгоҳ аз ҷониби фармоишгарон ягон дархост ворид нашудааст. Вай гуфт, ки муфлисшавӣ ба идора дар ҳоле таҳдид мекунад, ки қаблан мутахассисон зиёда аз 20 лоиҳа ва 60 хароҷотномаи лоиҳаҳои амалишавандаро дкар минтақа тартиб доданд, ки аз ҷониби фармоишгарон бе ягон эърод қабул шуданд.
Тибқи иттилоъ, мудирият фаъолияти инҳисориро дар ҳоле пеш мебарад, ки азхудкунии маблағи барои иншоотҳои бузург ихтисосдодашуда дар вилоят, ки аз ҷониби мудирият назорат мешаванд ҳамагӣ 35 дар садро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол шўъбаи сохтмони асосии вилоят тайи соли гузашта ба маблағи 52 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармимро ба иҷро расондааст, ки зиёда аз 50 дарсади онро маблағгузории ташкилотҳои байнулмиллалӣ, корхонаҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ ташкил додаанд. Масъулини шўъбаи сохтмони асосии мақомоти маҳаллӣ мегўянд, ки бо маҳрум шудан аз сохтани ҳатто аз се-чор синфхонаи мактаб дар ягон деҳоти дурдаст фаъолияти шўъба ба мушкилот дучор ва воридоти андоз ба буҷаи маҳаллӣ коҳиш хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари «Помирсохтмон» Азизбек Азизбеков, мутахассисон ва коргарони идора дар сохтмони майдони варзишии Хоруғ, ки бо усули «урра» бунёд гардид, ширкат варзиданд, аммо пас аз поёни боздиди президенти кишвар, агарчи барои ҳар чи тезтар анҷом додани сохтмони варзишгоҳ дастур дода шуда буд, вале мудирият маблағро танҳо моҳи октябр ҷудо намуд, ки хунукиҳо шурўъ шуданд.
Масъулини «Помирсохтмон» изҳор дошт, ки онҳо акнун роҳи дарёфти маблағро дар он мебинанд, ки дар тендери иншоотҳои сохташаванда дар кишвари ҳамҷавор ширкат меварзанд. Вай гуфт, ки пас аз чанд муддат, яе аз чунин иншоот-дидбонгоҳи марзӣ дар маҳалли Нусайи Дарвози Афғонистон ба истифода дода хоҳад шуд.
Идораҳои сохтмонии вилоят ҳамчунин баргузории тендер барои иҷрои корҳои сохтмониро аз ҷониби мудирият ғайришаффоф арзёбӣ намуданд. Ба гуфтаи онҳо, пас аз тендер ба вилоят одатан намояндагони ширкатҳои ширкатҳои ғолиб бо дастони холӣ меоянд, ҳол он ки ба техникаи сохтмонӣ ниёзи шадид эҳсос мешавад.
Аммо коршиносон баҳс байни мудирият ва идораҳои сохтмониро кўшиши соҳиб шудан ба «охурчаи пул», ки сохтмон яке аз манбаъҳои асосии он боқӣ мемонад, арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ахиран мудирият ваъдаи бознигарии нақшаи иншоотҳо ва вогузор намудани сохмони бархе аз онҳоро ба ихтиёрдории идораҳои лоиҳакашӣ ва сохмонии вилоят додааст, вале гумон меравад, ки то ба ҳол ҳозир намебошад, ки ба ба осонӣ ҳиссае аз пораи «ҳалвояшро» аз даст диҳад. Аммо бархе аз мутахассисон бар ин назаранд, ки тибқи барномаи вижа то соли 2015 дар вилоят зиёда аз 100 иншоот сохта шуда, ба идораҳои сохтмонӣ хафви бекормонӣ таҳдид намекунад.