Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар ноҳияи Ванҷ


Бино бар иттилои ситоди ҳолатҳои фавқулодда, заминларзаи шаби гузашта ба манзилҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Ванҷ хисорот ворид кардааст.

Гуфта мешавад, заминларза боиси пайдо шудани тарқишҳо рӯи девори манзилҳои зиёди истиқоматии шаҳрвандон дар деҳоти мухталифи ноҳия гардида, комиссиюни вижаи мақомоти вилоятӣ таъсис ва ба манзури муайян намудани ҳаҷми зарар ба ноҳия сафар кардааст.

Сокинони маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳоти гирду атрофи он, ба мисли сокинони маҳалли Бағуши Ишкошим, қаблан аз вуқӯъи заминларзаи ғайриоддӣ, ки пай дар пай такрор мешуд, изҳори нигаронӣ карда буданд. Мутахассисони кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, геодезия ва харитасозии ҷумҳурӣ, ки ин падидаро мавриди таҳқиқ қарор доданд, такони заминро дар ин маҳалҳоро ба раванди тағйирёбии ҷинсҳои кӯҳӣ марбут донистанд.

Ҳамчунин риоят нашудани меъёрҳои сохтмонӣ дар бунёди манозил яке аз сабабҳои пайдоиши тарқиш дар деворҳои манзилҳои истиқоматии сокинон бар асари такони замин арзёбӣ шуда, барои пешгирӣ аз харобшавии манозил ба сокинон тавсияҳо пешниҳод гардид.

Ба иттилоъи пойгоҳи зилзиласанҷӣ дар Хоруғ, шиддати заминларзаи шаби гузашта дар маркази вилоят ба 4 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер баробар ва маркази он дар ҷанубу ғарби Афғонистон будааст.
XS
SM
MD
LG