Тибқи хабари қаблӣ, дар пайи мулоқоти намояндаи ин ширкат бо раисиҷумҳури Тоҷикистон мудирияти ширкат дар ивази молик шудан ба як кони муҳими маъдани Бадахшон иҷрои се тарҳи аҳамияти иҷтимоиву иқтисодиро дар манотиқи Тоҷикистон ваъда дода, вазорати энержӣ ва саноати ҷумҳурӣ гуфт, ки дар замина бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо мерасонад. Аммо ҷонибҳо аз ташреҳи мушаххаси кони маъдан худдорӣ варзиданд.
Ба гуфтаи сардори идораи иқтисоди Бадахшон Латиф Шоҳзодаев, айни ҳол барои иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ ва истихроҷи маодин дар минтақа ба якчанд ширкат, аз ҷумла як ширкати чинӣ муҷаввиз, дода шудааст ва ба ин феҳраст номи як ширкати дигари чинӣ илова мешавад. Вай баён дошт, ки алҳол ширкати давлатии «Талко» корҳои ҷустуҷӯии гили алюминидор дар Помири Ғарбӣ, ҳамчунин аз сӯи ширкати қазоқистонии «Минералс» омӯзиши зуҳуроти нуқраи Оқҷилға ва аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Куҳи заррин» омӯзиши зуҳуроти мису никели Хокаси ноҳияи Дарвоз идома дорад ва ширкати чинии «Бразек» чанде қабл барои омӯзиши геологии кони қалъагии Сеқулла ва Пасруди ноҳияи Мурғоб муҷаввиз дарёфт кардааст.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи коршиносон, эҳтимол мерафт бо назардошти рушди фанновариҳои кайҳони ҷониби Чин талош меварзад ба калонтарин захираи кони бор дар ҷаҳон, воқеъ дар маҳалли Ақархари Мурғоб соҳиб шавад. Гуфта мешавад, ин маъдани нодир дар фанновариҳои кайҳонӣ истифода шуда, ҳануз дар солҳои собиқ шӯравӣ дар ин маҳал бунёди корхона ва шаҳрак барои 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон мавриди назар будааст.
Аммо ба фикри мутахассисин, уран ва волфрами кони «Икар»-и Рушон аз маодини нодири дигаре ҳастанд, ки метавонанд мавриди таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ қарор гиранд. Дар конҳои мазкур чанд сол қабл як сармоягузор аз Канада муддате кор бурда, аммо бо сабабҳои номаълум пас аз чанде фаъолияти корхонааш мутаваққиф шудааст.
Хушқадам Давлатқадамов, собиқ раиси ноҳия ва алҳол роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мавҷудияти ураниумро монеи ҷалби сармоя ба коркарди ин кон шуморида мегӯяд, ки ҳамакнун бо лағв шудани ин маҳдудият мушкилот аз байн рафтааст.
Дар байни кони маъодине, ки ширкатҳои хориҷӣ мехоҳанд сармоягузорӣ намоянд, кони никели Дарвоз низ истисно намебошад.
Аммо иддае аз мутахассисони соҳаи геология талош варзидани ширкати чиниробарои соҳиб шудан ба кони тиллои Рангкӯл ба он вобаста медонанд, ки пас аз таъини хати нави марзи байни Тоҷикистону Чин дар минтақаи Помири Шарқӣ вазъияте ба вуҷуд омадааст, ки аллакай як қисми ин кон ба Чин тааллуқ гирфтааст.
Ба гуфтаи сокинони Рангкӯл, ки аз танг шудани масоҳати чарогоҳҳояшон бар асари марзбандӣ шикоят меварзанд, дар ҳудуди кони Рангкул ҳамчунин сангҳои ҷавоҳир мавҷуд мебошанд. Кони тиллои Рангкӯл аз ҷиҳати захоир нодир маҳсуб шуда, қаблан як ширкати англиси низ ба коркарди он мароқ зоҳир карда буд.
Дар ҳамин ҳол ба фикри мутахассисон, фаъолшавии ширкатҳои чинӣ дар Помир, ки як вақтҳо «сандуқи ҷавоҳир»-и собиқ иттиҳоди шӯравӣ маҳсуб мешуд, сармоягузорони мамолики Ғарбро барои мушорикат дар коркарди маодини минтақаи шарқи кишвар ташвиқ хоҳад кард. Зеро ҳузури ин мамолик дар минтақа барояшон на фақат аз аҳамияти иқтисодӣ, балки геополитикӣ бархурдор мебошад.