Бино бар иттилоъи навбатдори раёсати корҳои дохилаи Бадахшон Абулҳасан Амиршоев, садама дар маҳалли Чарсеми ноҳияи Шуғнон бар асари идораи васоити нақлиётиро аз даст додани ронанда, ба вуқӯъ пайвастааст. Вай гуфт, ки дар натиҷа автомашинаи тамғаи «Дулун» мутааллиқ ба як ширкати чинӣ аз баландии 35 метр сарозер шуда, ронандаи он - сокини 43-солаи шаҳри Урумчӣ У Чу Лӣ ҳалок шудааст. Сабабҳо ва ҷойи садама аз ҷониби намояндагони мақомоти қудратии ноҳия ва вилоят таҳқиқ шудааст.
Ба иттилоъи раёсати бозрасии давлатии автомобили вилоят, тайи соли равон дар роҳҳои Бадахшон 37 садамаи нақлиётӣ рух дода, 17 кас ҳалок ва 42 нафар ҷароҳат бардоштааст. Аммо барои нахустин аст, ки бор шаҳрванди хориҷи кишвар ба садама дучор ва ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи сардори бозрасии давлатии автомобилии вилоят Тоҷиддин Назришоев, таҳқиқи ҳодиса нишон додааст, ки ба эҳтимоли қавӣ ронанда дам нагирифта, аз таъсири хастагӣ дар масири дарози Мурғоб-Хоруғ сари рул ба хоб дода шудааст ва автомашина аз роҳ берун шудааст.
Ҳодисаи дигари бар асари садама ба ҳалокат расидани ронандаи чинӣ дар роҳҳои Бадахшон ду сол қабл ба вӯқуъ пайвастааст. Дар ҳамин ҳол боришоти барфи рӯҳои ахир роҳро лағжонак ва барои ҳаракат сохтааст. Аммо тибқи иттилоъ, гузаргоҳи марзии Қулма 1-уми декабр баста мешавад ва соҳибкорони минтақа саъй доранд, ки ҳарчӣ тезтар тавассути ин гузаргоҳ молашонро ба ҷумҳурӣ ворид созанд.
Аз сӯи дигар идораи «Помирнақлиёт» эълом дошт, ки ҳаракати нақлиёт дар масири Душанбе-Хоруғ дар як шабонаруз ба муддати ҳамагӣ чоруним соат иҷозат дода мешавад. Муъовини сардори идора изҳор кард, чунин маҳдудият, ки то моҳи май давом хоҳад намуд, ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Шоҳун-Зиғар вобаста буда, он ба мусофират ва интиқоли бор таъсире нахоҳад дошт. Вай гуфт, ки роҳ ҳамарӯза ба муддати якуним соат ба вақти саҳар, зӯҳр ва бегоҳӣ барои ҳаракати кули намуди васоити нақлиётӣ кушода хоҳад буд.
Аммо Саъбдавлат Қадамалиева, як соҳибкор аз Хоруғ, мегӯяд, ки бинобар басташавии гузаргоҳи Кулма пас аз чанд рӯз ва маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар масири Хоруғ-Душанбе ва нигаронӣ аз эҳтимолияти афзоиши нархҳо мардум маводи хӯрок ва ба хусус ордро ба миқдори зиёдтар харид мекунанд.
Роҳи Душанбе-Хоруғ ба воситаи ағбаи Хобурубот бар асари барф задан дар ағба ҳанӯз аввали моҳи ноябр барои ҳаракати нақлиёт баста гардид.