Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири самт ё тағйири касб?


Сардори раёсати Оҷонсии мубориза бар зидди маводи нашъадор дар Бадахшон Мародҳусейн Алиёров гуфт, таъсиси гурӯҳи махсуси раёсат, ки дар ағбаи Қизил-арт, воқеъ дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон фаъолият мекунад, ба ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар ин самт мусоидат кардааст. Вай гуфт, зиёда аз шаш моҳ мешавад, ки ягон қочоқбар дар ин ва ё он тарафи марз боздошт нашудааст, ки бо истифодаи ин хатсайр маводи мухаддир интиқол дода бошад.

Ба гуфти сардори раёсати оҷонсӣ, ахиран, боздошти як шаҳрванди сокини Бадахшон бо 530 килограмм маводи мухаддир дар масири Душанбе-Хуҷанд ба дигар шудани самти интиқоли маводи мухаддир далолат мекунад.Ба иттилоъи манбаъҳо, ин шахс қаблан бо ҳукми додгоҳ дар Бадахшон ва сипас дар шаҳри Ӯши Қирғизистон барои қочоқ ба мӯҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда, пас аз ба озодӣ баромадан боз ба ин шуғл даст задаст.

Сардори раёсати оҷонсӣ баён дошт, ки ба хотири эҷод намудани садд дар роҳи қочоқи маводи мухаддир тасмими дар ноҳияҳои Дарвозу Ишкошим таъсиси гурӯҳ ва ноҳияи Мурғоб шӯъбаи раёсати оҷонсӣ гирифта шудааст.

Аммо раиси додгоҳи Бадахшон Саидмусаллам Шомусалламов барои интиқоли маводи мухаддир баста будани масири Хоруғ-Ушро ҳанӯз барвақт мешуморад. Вай идомаи воридшавии автомашинаҳои сабукрави сохти хориҷи кишварро ба воситаи гузаргоҳи гумрукии байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки эҳтимол меравад бар ивази мавод харидорӣ мешаванд, далели ҳанӯз кам нагаштани қочоқи маводи мухаддир дар кулли роҳҳои ҳамлу нақлӣ мешуморад.

Дар ҳамин ҳол, коршинос Хушомади Алидод коҳиш ёфтани қочоқи маводи мухаддир дар масири Хоруғ-Ӯш ва дигар шудани самти интиқоли онро ба омилҳои объективӣ вобаста медонад. Ба гуфтаи вай, куллан хусусӣ ва ба дасти соҳибкорони қирғиз гузаштани моликияти 7 адад идораву муассисиаи давлатии мансуби Тоҷикистон, ки дар шаҳри Уши Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштанд ва камшавии ҳаракати васоити нақлиётӣ дар ин масир ба сабаби коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли бор сабаби рӯ овардани қочоқбарон ба самти дигар ва ба назарашон осонтар шудааст. Вай, ҳамчунин, кӯч бастани теъдоди зиёди хонаводаҳои тоҷикро аз Ӯш ба сабабҳои иҷтимоӣ омили маҳдудкунандаи замина барои фаъолияти қочоқбарон дар кишвари ҳамҷавор арзёбӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сардори раёсати оҷонсӣ, аммо Афғонистон омили асосои таҳдидкунандаи воридоти маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ боқӣ мемонад. Субҳи имрӯз, 5-уми декабр, дар саҳни раёсати оҷонсӣ маросими расмии нобуд кардани маводи мухаддири мусодирашуда баргузор шуд. Ба иттилоъи раёсати оҷонсӣ, 66 килограм маводи нашъадор, аз ҷумла, 3 килограмми он ҳероин ба коми оташ андохта шуд, ки аз нисфи зиёди он аз шаҳрвандҳои Афғонистон мусодира гардидааст.

XS
SM
MD
LG