Шаҳрдори Душанбе аз омӯзгорону мудирони мактабҳо ва идораи маорифи пойтахт хост, ба пулситонӣ дар мактабҳо хотима бахшанд, вагарна ба гуфтаи ӯ то замоне сари вазифа ҳаст, оянда надоранд.
Вазорати адлияи Тоҷикистон бо пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни сабти аҳволи шаҳрвандон”, мехоҳад, номгузории афродро дар кишвар ба танзим орад. Вале оё ин талош аҳдофи дигаре дорад?
Дар назди сохтмони сафорати Олмон дар Душанбе гурӯҳи хурде эътироз карданд. Сафири Олмон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ назарашро ба ин ҳодиса шарҳ дод.
Коршиносон мегӯянд, тағйири бесобиқаи кадрӣ дар вазорати умури дохилӣ дар се рӯзи пеш, аз як сӯ ротатсия ё ҷойивазкунии маъмулӣ бошад, аз сӯи дигар як бахши мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ришвахорӣ низ ҳаст.
Ширкаткунандагони як ҳамоиши байнулмилалӣ дар Душанбе ба ислоҳоти фаврии таркиби хӯроки аҳолӣ дар Тоҷикистон даъват карданд.
Зайнура Пӯлодова -- овозхони тоҷик мегӯяд, аксҳои нави ӯ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои мухталифи корбарон рӯбарӯ шудааст, ба маънои тағйири имиҷаш нест. Ба қавли ӯ, ҳадаф аз ин суратҳо фақат таҳияи маҷмӯи аксҳо будаасту бас.
Як эълони осорхонаи миллии Тоҷикистон садҳо сокини Душанберо ба ин макон овард. Масъулон гуфтанд, вуруди бепул ба сокинон имкон додааст, осорхонаро тамошо ва бо таърихи гузашта ошно шаванд,
Як эълони осорхонаи миллӣ садҳо сокини Душанберо ба бинои ин макони фарҳангӣ овард. Масъулон мегӯянд, рӯзи якшанбе иҷоза доданд, сокинон бепул вориди осорхона шуда, ёдгориҳои таърихӣ ва нақшу нигорҳоро бубинанд.
Бештари занони овозхони тоҷик дар найзазанӣ ва давидан муввафақ нашудаанд.
Сӯҳбати ихтисосии Радиои Озодӣ бо Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон.
Ҳафтаи гузашта дар Варзоб хабари марги ҷавонзане наздиконашро такон дод. Дар ноҳияи Фархор осори ҷасади арӯси ҷавони дигаре пайдо шуд, ки беш аз як сол дар ҷустуҷӯ буд.
Мукаррама Қаюмова, тарроҳи маъруфи тоҷик, барои шаш меҳмони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Наврӯзи 2015 либоси идона таҳия кардааст.
Дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён чанд масъалаи доғи рӯз баррасӣ шуд, вале бархе аз ширкаткунандагон мегӯянд, муҳимтарин паёми ин ҳамоиш “даъват ба ҷасорат” буд.
Сокинони рустои Ҷавонони ноҳияи Файзобод мегӯянд, дар айёми Наврӯз ду навъи суманакро омода мекунанд, ки яке "атолаи дегӣ" ном дорад ва дигаре мисли кӯлчаи танӯрист...
Омори расмӣ баёнгари 15 фоиз коҳиш ёфтани сафари муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия аст. Аммо аҳли назар мегӯянд, теъдоди чунин афрод дар асл хеле бештар аз ин омори расмист.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон як рӯз ба сокинон имкон дод, ки ба ҷуз аз ҷарроҳиҳои гаронарзиш, аз ҳамагуна хадамоти тиббӣ бепул истифода кунанд.
Наздикони Шӯҳрат Қудратов, вакили зиндонии Зайд Саидов, мегӯянд, ба ӯ иҷоза нашудааст, то дар маросими видоъ бо модараш иштирок кунад. Муқаддама Мунавварова шоми 13 март даргузашт.
Як зани танфурӯш мегӯяд, ӯ ба хотири амнияти худ дар соатҳои “корӣ” ҳиҷоб ба сар мекунад ва қасди нохун задан ба эҳсоси мазҳабии занҳои мусалмонро надорад.
Як сарбози нерӯҳои зудамали вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо осеби ҷиддии косахонаи сар чор рӯзи охир дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Қарияи боло бистарӣ шудааст.
Меҳрӣ Туганова мегӯяд, 15 сол боз муҳаббати самимии ҳамсарашро бо имо ва ишора дарк мекунад. Ӯ мегӯяд, на ҳамеша мақоли халқии "занон бо гӯшашон дӯст медоранд", ба ҳақиқат рост меояд.
Ёфтҳои бештар