Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Г.Шарофзода: “Шалтай балтай”, “Пичин мичин” ин таҳқир ба забон аст


Сӯҳбати ихтисосии Радиои Озодӣ бо Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон.

Дар пасманзари моҷароҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо тоҷирону соҳибкорон дар мавриди номи дӯкону тарабхона ва дигар маконҳои маишии кишвар, Радиои Озодӣ бо раҳбари ин кумита, Гавҳар Шарофзода сӯҳбате орост.

Озодӣ: Хонум Гавҳар Шарофзода, нахуст вазъи забони адабиро дар замони истиқлолият шарҳ бидиҳед.

Гавҳар Шарофзода: Дар 23 соли истиқлолият, ман фикр мекунам, вазъи забони давлатӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шудааст. Президенти кишвар ҳам дар як баромадашон гуфтаанд, ки умри миллат ба умрӣ забон вобаста аст. Вақте умри миллат аз умри забон вобаста аст, ба насли наврас ва оянда мерос гузоштани як забони бисёр ҳам дилнишин ва поки классикӣ зарур аст. Бинобар ин, ҳукумати Тоҷикистон низ сиёсати хуберо пеш гирифтааст дар ин росто. Президент борҳо даъват кардаанд, ки забон - симо ва пайкари миллат аст. Аз ин рӯ симо бояд зебо ва пайкар тавоно бошад. Ман фикр мекунам зебоии ин симо ва тавоноии пайкар дар покиза нигоҳ доштани забони классикӣ аст. Имрӯз Кумитаи забон ва истилоҳот бар асоси дастуру супоришҳои ҳукумати кишвар кору фаъолият карда истодааст ва сиёсати ҳукуматро дар самти омӯзиш, таҳқиқ ва тоза нигоҳ доштани забон ба пеш бурда истодааст. Имрӯз сатҳи арҷгузорӣ ба забони давлатӣ нисбат ба солҳои пешин беҳтару хубтар аст. Новобаста ба онки дар аксари маворид ҷавонон миёни худ бо лаҳҷа сӯҳбат мекунанд, ин нишони он нест, ки забони адабӣ дар кадом ҳолат қарор дорад. Ин нишони он аст, ки мутаассифона, фарзандон аз хондани адабиёти классикӣ дур мондаанд. Бинобар ин, бояд ҷавонон ба хондни таъриху адабиёт рӯ биёранд, то он пайкаре, ки гуфтем, қавӣ ва тавонотар гардад.

Озодӣ: Оё дар намоишҳои телевизиони тоҷик ё дигар ВАО гуфтор ва навиштори пурхато ба назар намерасад? Ба фикри шумо, таъсири он бештар аст ёноми лавҳае дар даромадгоҳи як ширкат ё фурушгоҳ?

Гавҳар Шарофзода: Ҳарду ҳам таъсири худро доранд. Ҳам забони ВАО ва ҳам лавҳаву овезаҳо ва номи мағозаҳое, ки дар бисёр ҳолатҳо ба талаботи меъёри забони давлатӣ ҷавобгӯй нестанд, ба коста шудани забон таъсиргузор ҳастанд. Лекин Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ ва раҳбарони дигар ташкилоту сохторҳо кор карда истодааст. Ба хотири он ки дар доираи талаботи меъёри муайяншуда ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ кору фаъолят дошта бошанд. Дар ҳар семоҳа мо ба Кумитаи

Ҳолномаи Гавҳар Шарофзода

Гавҳар Шарофзода 23 марти соли 1966 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1990 Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистонро бо ихтитисоси омўзгор хатм кардааст. Доктори илмҳои филологӣ, дотсент. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати роҳбари кружок, муаллими мактаби миёнаи №7 оғоз намуда, сипас то соли 1985 дар вазифаи муаллими мактаби миёнаи №1 ноҳияи Панҷ кор кардааст. Солҳои 1990-2002 дар вазифаҳои лаборанти калони кафедраи адабиёти тоҷик, ассистенти кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, мудири аспирантура, муовини мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2002-2010 ба ҳайси сарэксперти Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, мудири шуъбаи забони Вазорати маориф, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, муовини ректор оид ба корҳои ташкилию тарбиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз марти соли 2010 дар вазифаи ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Тоҷикистон кор мекунад. Бо медали ҷашни «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.​

телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, ҳатто шабакаҳо дар алоҳидагӣ, таҳлилу хулосаҳои кумитаро пешниҳод мекунем. Аз онҳо посухи хуб ҳам мегирем. Онҳо аз фикру таҳлилҳои мо розӣ ҳастанд. Озмуни “Беҳтарин тарғибгари забон”, ки 16-уми март бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ доир шуд, маҳз ҳамин чизро дар бар мегирифт. Таҳлили забони барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ давоми як сол дар назорати Кумитаи забон ва истилоҳот қарор дошт. Ғолибони озмуни “Беҳтарин тарғибгари забон” он қадар зиёд ҳам набуданд. Забони баъзе барномаҳо ва рӯзномаҳо ба талабот, ки ҷавобгӯ набуданд, натавонистанд ғолиби озмун гарданд. Ман фикр мекунам аз ин ҳолат рӯзноманигорон ба хулосае омаданд, ки рӯи забони ВАО-и худашон як фикр дошта бошанд. Забони барномаҳояшонро беҳтару хубтар кунанд. Ҷомеа бояд аз барномаҳои телевизион ва радио баҳраманд бошад ва сӯҳбате, ки сари як пиёла чой бо дӯстон анҷом медиҳанд, кӯшиш кунанд ислоҳ намоянд. Албатта, ин ҷо таҳқир ба лаҳҷаҳо нест. Зеро лаҳҷаҳо хазинаи гаронбаҳо ва тиллоие ҳастанд, ки забони адабии имрӯзаи тоҷикиро ташкил мекунанд. Бояд бошанд. Лекин ҳангоми сӯҳбатҳои расмӣ ва навиштан забон бояд дар доираи муайяни худаш ба мардум пешниҳод гардад.

Озодӣ: Ҳангоме баҳси “Пичин-мичин”, “Шалтай балтай” ва ё “Любой ҷо” баромад, ҷомеаи рӯзноманигорон ва як гурӯҳе аз шаҳрвандон гуфтанд, ки кумита зиёдаравӣ мекунад. Аз салоҳияти худ берун меравад...

Гавҳар Шарофзода: Фикр намекунам, ки мо зиёдаравӣ мекунем. Қонун ба мо иҷозат медиҳад, ки мо огоҳӣ диҳем ба нафароне, ки мағозаи худро “Кобра”, “Пичин-мичин” ном мегузорад ва ё номи ошхонаи худро “Шалтай балтай” гузоштааст. Кумита ҳуқуқи комил дорад барои огоҳ кардану ҷарима ситонидан. Гузоштани номҳое ба монанди “Шалтай балтай”, “Пичин мичин” ин таҳқир аст ба забони ман. Аз ин хотир дар ин ҷо ягон хел зиёдаравиро мо намебинем. Онҳое, ки чунин андеша доранд, ҳамчун раиси кумита аз эшон даъвати ҳамкорӣ мекунам. Ҳар касе қалам дорад ва метавонад дар рушди забони модарӣ ҳиссаи хубе гузошта бошад, бо мо ҳамкорӣ кунанд. Мо ба машваратӣ 8 миллион аҳолӣ ниёз дорем ва ҳатто берун аз Тоҷикистон ҳам. Зеро ин забон танҳо молӣ 17 нафар корманди Кумитаи забон ва истилоҳот нест. Танҳо мо ҳуқуқ надорем, ки аз як соҳибкор талаб кунем номи мағозаашро бо забони ноби тоҷикӣ гузорад, балки ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад талаб кунад то забонаш таҳқир нашавад. Охир наход толори арӯсиро “Кобра” ном гузорӣ. Чаро “Фаришта” ё “Парӣ” набошад. Чаро арӯс бояд кобра бошад? Арӯс чӣ қадар нозук аст. Бо назокату нафис аст. Кобра чӣ? Мори аз ҳама хатарнок, ки заҳраш хело сахт аст. Ба фикри ман аз ҳамин толор бояд ягон модар либоси арӯсӣ барои фарзандаш нагирад. Шунидани номи кобра одамро ба як талотум мебарад. Агар арӯс гӯяд либосамро аз толори “Кобра” гирифтам, чашми атрофиёнро сиёҳӣ зер мекунад. Ё тезтайёр бо номи “Шалтай балтай”. Ба андешаи ман, бояд ҳар шаҳрванд аз ин гуна соҳибкорон талаб кунад, ки чаро забони модариашонро таҳқир кардаанд? Фақат Кумитаи забон ва истилоҳот не.

Озодӣ: Дар сурати иҷро нашудани ин талаб ҷазо чист?

Гавҳар Шарофзода: Мо онҳоро аввал огоҳ мекунем. Дар сурати иҷро нашудани дастурҳои мо дар давоми 10 рӯз, дар доираи санадҳои муайян онҳо ҷарима мешаванд. Ҷарима дар ҳамон андозае, ки қонун муқаррар кардааст, ситонида мешавад.

Радиои Озодӣ: Вақте талаб мекунед, ки номгузорӣ бояд тоҷикӣ бошад ва соҳибкоронро барои номҳои ғайритоҷикӣ ҷарима мекунед, онҳо мегӯянд ин амали шумо болояшон як фишор аст. Тоҷирон мегӯяд, кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот бозорро намефаҳманд ва намедонанд, ки агар номи мағозаи худро бо забони адабии тоҷикӣ гузоранд шумораи муштариёнашон кам мешавад. Оё Шумо ба ин андешаҳо розӣ ҳастед?

Гавҳар Шарофзода: Шояд онҳо ҳақ бошанд. Аммо ман гумон надорам, ки агар номи мағоза, корхона ва ё ошхона тоҷикӣ бошад шумораи муштариён кам мегардад. Дар ин маврид ман ҳаргиз бо онҳо розӣ шуда наметавонам. Масалан, “Шалтай балтай”-ро гирем. Охир ин бо кадом забон аст? Соҳиби ин тезтайёр кадом забони дигарро кашф кардан мехоҳад? Ва киҳоро ҷалб кардан мехоҳад? Ҳамонҳоеро, ки берун аз шалтай-балтай аз чизи дигар огоҳ нестанд. Худшинос нестанд ва чизеро ҳам дида наметавонанд. Аз ин хотир дар доираи ихтирои Шалтай-Балтай шино карда истодаанд, ки на ба соҳил мерасанду на роҳат мебинанд. Бузургон ҳамеша даъват меоранд, ки ба фарзандон номи нек гузоред, зеро номи зебо равшанидиҳандаи роҳи онҳо аст. Чаро мо

даъвати пиронро ба ҷо наорем?! Охир, соҳибкорон омада бо кумита ҳамкорӣ кунанд. Мо барои онҳо бидуни ҳеҷ гуна маблағ номҳои хуби тоҷикӣ пешниҳод мекунем. Пешниҳод кардани номи тоҷикӣ аз ҷониби кумита ройгон аст. Хеле зиёданд нафароне, ки барои нашри лавҳаву овезаҳо, номи тарабхона, ошхона ва ё мағозаҳо омада муроҷиат мекунанд. Ҳатто баъзе аз шаҳрвандон барои номи хуб барои фарзандонашон гузоштан меоянд. Ҳеҷ гуна мушкили нест дар ин росто. Масалан, дар як мулоқоте, ки мо бо кормандони Маркази савдои "Саодат" доштем, зиёда аз 500 соҳибкор иштирок дошт. Шумораи зиёди онҳо ба мо муроҷиат карда, гуфтанд, барои мағозаҳояшон номҳои хуби тоҷикӣ пешниҳод намоем. Ҳар нафаре, ки маркази тиҷоратӣ мекушояд, омада бо кормандони кумита мувофиқа кунанд. Машварат пурсанд. 17 нафар корманди ин кумита дар хизмати ҳамин миллату ҳамин забонанд. Аммо мутаассифона тоҷирон инро дарк намекунанд, ки бо гузоштани номҳои берун аз санадҳои муайяншуда, забонро чӣ қадар таҳқир мекунанд.

Озодӣ: Кумитаи забон ва истилоҳот барои рушди забони тоҷикӣ ягон стратегияи махсус дорад?

Гавҳар Шарофзода: Бале, чаро не?! 126 нафар олимони барҷаста бо кумита дар самтҳои гуногун, аз ҷумла истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва ҳатто ситорашиносӣ кор карда истодаанд. Ин аллакай ният аз ояндаи нек аст.

Озодӣ: Брендҳои ҷаҳониро намешавад иваз кард. Ин дар ҳолест, ки Шумо бо ширкати “I am different” даъво доштед. Масалан, агар шумо хоҳед Adidas тоҷикӣ карда шавад, он бояд чӣ гуна бошад?

Гавҳар Шарофзода: Мо ин гуна пешниҳод надорем. Кумита дар доираи муайян меомӯзад ва мебинад. Кормандони кумита хеле хуб медонад, ки Adidas-ин бренд аст ва бренд иваз намешавад. Ба меъёри забони адабии мо ягон латма намезанад. Бренд, бренд аст ва онро тамоми ҷаҳониён қабул кардаанд. Дар доираи қонун кору фаъолият мекунанд. Брендҳо танҳо бо забони тоҷикӣ ҳуруфгардон мешаванд. Ин ду ширкате, ки шумо гуфтед, танҳо аз ҷониби кумита мавриди омӯзиш қарор намегирад. Балки аз ҷониби ҳуқуқшиносон ва намояндагони дигар мақомот омӯхта мешаванд. Масалан, дар соли гузашта кумита зиёда аз 231 нуқтаҳои савдову тарабхона ва дигар ҷойҳоро зери санҷиш қарор дод. Ҳангоми ин санҷишҳо намояндагон аз прокуратура ва аз вазорати маориф ва илм, вазорати фарҳанг ва рекламаи шаҳр низ буданд.

Озодӣ: Оё кумита тағйири номҳои Ориён Иншуранс, Ориён медиа, прокуратура, суд ва монанди инҳоро низ талаб хоҳад кард?

Гавҳар Шарофзода: Ҳамаи ин мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Агар зарурати тағйир додан бошад, оҳиста-оҳиста пешниҳод мекунад. Аммо агар ширкатҳое, ки шумо гуфтед бренд бошад, ҳоҷати дигар кардани онҳо нест.

XS
SM
MD
LG