Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати президент ба ҷасорат чӣ маънӣ дошт?


Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо шоирон Мӯъмин Қаноат ва Гулрухсори Сафӣ
Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо шоирон Мӯъмин Қаноат ва Гулрухсори Сафӣ

Дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён чанд масъалаи доғи рӯз баррасӣ шуд, вале бархе аз ширкаткунандагон мегӯянд, муҳимтарин паёми ин ҳамоиш “даъват ба ҷасорат” буд.

Иддае аз ширкаткунандагони ҳамоиши зиёиён бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ин дафъа таърифу тавсифи президент дар ин ҳамоиши солона камтар ба гӯш расид ва ба ҷои он даъватҳо ба ҷуръату ҷасорат бештар буд. Зоҳиран, президент низ ба натиҷае расидааст, ки зиёиёни тоҷик камҷуръатӣ нишон медиҳанд ва дар ҷомеа нақши фаъол надоранд. Аз ин рӯ бо ишора ба ҳар яке аз масъалаҳои муҳими рӯз президент аз рӯшанфикрон даъват кард, канораҷӯ набошанд ва дар ҳалли ин мушкилот саҳм гиранд.

Ҳарчанд ин даъват дар пасманзари густариш ва рангорангии бештари таркиби ширкаткунандагони ҳамоиш садо дод, он аз тарафи соҳибназарон ба гунаи мухталиф тафсир мешавад.

Ойниҳол Бобоназарова ҳангоми гирифтани Ҷоизаи зани ҷасур аз Мишел Обама
Ойниҳол Бобоназарова ҳангоми гирифтани Ҷоизаи зани ҷасур аз Мишел Обама

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари ташкилоти “Перспектива плюс” мегӯяд, ба ҷасорат даъват кардани зиёиён аз ҷониби прзедент Раҳмон барояш хеле норушан аст. Зеро солҳои охир ҳар касе дар ҷомеа ҷасуру озодандеш аст саркӯб мешавад. Ба қавли хонум агар президент мехоҳад воқеан зиёиён ҷасур бошанд бояд онҳоеро ба мулоқот даъват мекард, ки камбуди ҷомеаро ошкоро мегӯянд: “Аммо онҳое, ки дар мулоқоти раисиҷумҳур ширкат доштанд ҳамаашон хуб медонанд, ки тақдири нафарони ҷасур чӣ шуд. Як доираи хурди одамоне ҳастанд, ки медонанд оқибати ҷасурӣ чӣ аст ва чӣ мушкил болои сарашон меояд, боз ҳам ҳарфашро бигӯяд. Агар Эмомалӣ Раҳмон воқеан мехоҳад, ки зиёиён ҷасур бошанд бояд аудиторияашро иваз кунад. ”

Ба ақидаи таҳлилгарони ди гар даъвати раисиҷумҳур ангеза ва самти муайян дошт. Зарурати рушди илму маориф ва адабиёт дар ҳамоишҳои гузашта низ таъкид шудаанд, вале ин бор раисиҷумҳури Тоҷикистон ба таври махсус аз шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ кард.

Дар ин замина, Эмомалӣ Раҳмон аз донишмандон, адибон ва аҳли ҳунар хост, дар таҳияи назарияи рушди милли кишвар то соли 2050 ширкати фаъол дошта бошанд ва мамлакат бо мадади онҳо роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва самтгирии афкори миллиро тарҳрезӣ кунад. Ҳамзамон ӯ шарт низ гузошт, ки ин рушд бояд бар асли дунявият асос ёбад. Вай мафкураи ҷамъиятии кишварро барои даҳсолаҳои оянда “тафаккури милливу дунявӣ” номид, ҳарчанд арҷгузорӣ ба дину мазҳабро низ як ҷузви он хонд.

Сайёфи Мизроб
Сайёфи Мизроб

Яке аз ширкаткунандагони мулоқот -- сардабири ҳафтаномаи “СССР” Сайёфи Мизроб пас аз поёни он ба Радиои Озодӣ гуфт, президент аз зиёиёни тоҷик талаб кард, ки онҳо ҷасур бошанд ва худи раисиҷумҳур дар паҳлуи онҳо қарор хоҳад гирифт. Ҳамсӯҳбати мо меафзояд, “баъди ин мулоқот, ман гумон мекунам, равшанфикрон бояд ҷасуртар шаванд. Ё дар паҳлуи ҳукумат қарор бигиранд ва ё дар паҳлуи онҳое, ки мутаассибу ифротгароянд. ”

Иттифоқан соате пеш аз оғози ҳамоиш Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ширкати ҷавонони тоҷикро дар сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия маҳкум кард. Дар ин баёния аз адибон даъват шуд, суханро сипари зидди терроризм кунанд.

Ин дар ҳолест, ки президент Раҳмон дар мулоқот хитобан ба адибони тоҷик гуфт, "камбудиҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, хусусан гаравидани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ ва сабабҳои чунин тамоюли хатарнокро ошкор карда, оқибатҳои даҳшатбори онро ба оммаи васеъ фаҳмонед."

Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз равшанфикрон ба он маъно буд, ки зиёиён бояд аз сиёсати Раҳмон боз ҳам бештар ҷонибдорӣ кунанд. Ба ақидаи ӯ, ин даъватро бояд маҳз аз ҳамин зовия фаҳмид: “Ҷасорат гуфтани ҳарфи ҳақ дар муқобили ҳар касе ҳаст. Хоҳ низом аст ва ё хоҳ ҳукумату раисиҷумҳур. Бино бар ин ман итминон надорам, ки раисиҷумҳур даъват карда бошад, ки дар муқобили ман баланд шавед.”

Ширкаткунандаи дигари ин ҳамоиш, шоир ва вакили Маҷлиси намояндагон Низом Қосим, мегӯяд, масъалаи ҷасорат бештар ба эҷодкории адибон рабт дорад, то мавзеъгирии онҳо. Ба андешаи ӯ, агар адиб ҷасорат надошта бошад наметавонад, рӯйдодҳои ҷомеаро воқеъбинона инъикос кунад. Вай мегӯяд: “Имрӯз барои мо публитсистика хело зарур аст. зеро дар ҷомеа ҳам падидаҳои бисёр мусбат ва ҳам манфӣ зиёд аст. барои таҳлили инҳо бояд асарҳои публитсистӣ офарида шавад. Дар солҳои Шӯравӣ асарҳои бузурге буданд, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти мардумро фаро мегирифт. Бинобар ин даъвати раисиҷумҳур низ барои ҳамин буд.”

Аскар Ҳаким, адиби тоҷик мегӯяд, мақсади сарвари давлат аз ин даъват он буд, ки адибон бештар он рӯйдодҳоеро ба тасвир бикашанд, ки доғи рӯзанд. “Дар ҳама давру замон офариниши асарҳо ҷуръат мехост ва ҳоло ҷуръати боз ҳам бештар мехоҳад. Зеро маълум аст ,ки дар замони мо як сохти иҷтимоии ҷомеа шикаста шуд ва сохти дигари иҷтимоӣ сохта мешавад,” – мегӯяд шоири тоҷик.​

Бозор Собир (рост) бо Гулназар Келдӣ
Бозор Собир (рост) бо Гулназар Келдӣ

Бозор Собир, шоири тоҷик, баъд аз анҷоми мулоқоти раисиҷумҳур дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, табиист, ки як ҳукумати фарҳангӣ ҳамеша ба равшанфикрон такя мекунад. Пешбарандаи фарҳангу илм, зиёиён мебошанд, ҳарчанд ба ақидаи ӯ, “интллигенсия”-и тоҷик сад дар сад ба маҳфуми “интеллигенсия” ҷавобгӯ нест. Бозор Собир гуфт, зиёиёни тоҷик аксаран нимзиёӣ ё шаклан зиёиянд. Вай меазфояд: “Аммо ҳамин ки нависандаанд, дар академия ё институтҳои илмӣ кор мекунанд, барои дар навбати аввал шинохтани интелегенсия кифоя аст, ҳарчанд камбудӣ ҳанӯз бисёр аст. Як қисмашон интеллигент-ҳоҷӣ, интеллигент-мулло ва масҷидрав мебошанд. Интеллигент меравад намози ҷумъа. Албатта, инҳоро зиёӣ гуфта намешавад, аммо барои мо ҳаминҳо низ ки ҳастанд, бад нест. Хуб аст. ”

Бархе аз зиёиён дар дидор бо Эмомалии Раҳмон, масъалаҳои рушди адабиётро низ матраҳ карданд. Аз ҷумла, Гулрухсори Сафӣ пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон базми ҷаҳонии “Шеъри Наврӯз” барпо шавад. Ба қавли ин шоири тоҷик ҳадаф аз пешниҳоди чунин як базм он аст, ки ҷомеаи ҷаҳон донанд, ки мо аз ҳеҷ кас кам нестем.

Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ

Хонум Сафӣ мегӯяд: “Саросари дунё, онҳое, ки бо шеъру ҳунар, бо фарҳанг сару кор доранд бояд бубинанд, ки ин миллат маҳвнашаванда аст. Ин миллатро кушта намешавад. Аввал Искандари Мақдунӣ аз Авасто сар карда тамоми китобхонаҳои моро сӯзонд. Баъдаш арабҳову муғулҳо ин корро карданд. Чунки онҳо медонанд миллате, ки китоб дорад, маҳв карда намешавад. Барои ҳамин ман мехостам ибтидои китоби шеъри Наврӯзиямонро дар ҳамин Кохи Наврӯз оғоз кунем.”

Ҳамчунин хонум Сафӣ мегӯяд, дар ин мулоқот адибону донишҷӯён ба раисиҷумҳур бештар дарди дили худро гуфтанд. Бо ин далел ба гумони ин шоири тоҷик зиёиён оҳиста-оҳиста аз вартаи тарсу ҳарос берун мераванд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳар сол дар остонаи Наврӯз бо зиёиён мулоқот доир мекунад. Дар арафаи Наврӯзи соли 2014 ин мулоқот дар бинои нави Осорхонаи миллӣ доир шуд. Имсол Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар Кохи Наврӯз, ки тоза дар тирамоҳи соли 2014 ифтитоҳ ёфтааст, мулоқот кард.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:25 0:00

XS
SM
MD
LG