Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнам: "Футбол ва камонварӣ мушкил буд..." (10 АКС)


Бештари занони овозхони тоҷик дар найзазанӣ ва давидан муввафақ нашудаанд.

Як сабқати варзишӣ миёни беш аз 20 сарояндаи зан нишон додааст, ки аксари онҳо дар партофтани найза, давидан ва футболбозӣ чандон муваффақ нашудаанд. Ин мусобиқаи варзишӣ аз сӯи ширкати "Positive production" ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ташкил шуда, ҳадафаш "таблиғи тарзи ҳаёти солим" гуфта мешавад ва ҳафтаи оянда ба анҷом хоҳад расид.

Сарвиноз Юсуфӣ, овозхони ҷавони тоҷик, дар ин сабқати варзишӣ дар ҳоли ҳозир пешсаф будааст. ​

Баҳриддин Сабурӣ -- продюсери "Positive production" ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин сабқат бештар аз 30 сароянда даъват шуда, танҳо 23 бонуи овозхон иштирок кардаанд. Ҳарчанд ҳоло сабқат идома дорад, вай аз ҷамъбасти ду даври озмун чандон қонеъ нест: "Ман дигар чизро интизор будам, аммо нашуд. Зеро на ҳамаи сарояндаҳо ин чизро ҷиддӣ қабул карданд. Баъзе аз сарояндаҳо ба шоуи воқеӣ он қадар таваҷҷӯҳ надоранд."

Аз сӯи дигар, мегӯяд ҷаноби Сабурӣ, ширкати чеҳраҳои шинохтаи саҳна алакай ба таблиғи варзиш кумак кардааст ва дар даврае, ки озмун идома дошт, як гурӯҳ духтарон низ шавқманд шудаанд, ки минбаъд ҳар субҳ ба давидан шуғл варзанд. Барои ҳунарпешагон низ ин озмун паёми хуб додааст, зеро "нуқтаҳои заъф"-и худро шинохтаанд ва мехоҳанд, варзишро ба як ҷузъи доимии ҳаёти худ табдил диҳанд.

Бунафша Раҷабова, сарояндаи ҷавони эстрадаи тоҷик ва яке аз ширкатдорони ин сабқат мегӯяд, бо вуҷуди мушкилҳо вай аз ин озмун бардошти хуб дорад. Ҳолати ҷолиб ин буд, ки ситораҳои саҳна бе ранугбор ва бо либоси варзишӣ дар озмун ширкат карданд. Садҳо нафар аз мухлисони ҳунар имкон доштанд, онҳоро дар паҳлуи худ ва бинанд.

Бунафша мегӯяд, дар мусобиқа ҳар кас имкон дошт, як бор тир паронад, найза партояд ва ё бидаваду футбол бозӣ кунад. Бо ин далел он варзише, ки бештар мардон иҷро мекунанд, занҳо аз ӯҳдааш камтар баромаданд.

Вай меафзояд: "Барои ман найзазанӣ хело душвор буд. Дар боулинг ҳам аввал муваффақ нашудам. Вақте якум бор бозӣ кардам, хеле ҳаяҷон доштам ва ҳамагӣ ду кегл афтид. Баъдан дуюму сеюм бор партофтам, шумораашон зиёд шудан гирифтанд. Лекин ман рӯҳафтода нестам, ки ғолиб нашудаам. Зеро ин бори аввал буд ва имкони ҳама дастболо будан ҳам нест."

Шабнам Собирӣ
Шабнам Собирӣ

Шабнам Собирӣ, ки дар бандпарак аз ҳама пешсаф аст, мегӯяд, ба фарқ аз дигарон бозии боулинг барояш осон буд. Шабнам мегӯяд азбаски на ҳамеша онҳо имкони варзишгариро доранд, ин мусобиқа баҳонаи хубе буд, ки қувваи худро санҷанд: "Бозиҳоеро, ки ба қавле мардона ҳастанд иҷроашон душвор буд. Масалан, футбол ва камонварӣ мушкил буд. Ягон сарояндае набуд, ки аз ӯҳдаи ҳама кор хуб баромада бошад. Ҳар кас мушкиле дошт."

Ҳарчанд масъулони ин мусобиқа мегӯянд, аксари сарояндаҳоро ба ширкат дар он даъват карда буданд, чанде аз онҳо мегӯянд, аз ин мусобиқа хабар надоштанд. Зайнура Пӯлодова, сарояндаи тоҷик мегӯяд, агар даъват мешуд, қувваозмоӣ мекард ва эҳтимол сазовори ҷоиза ҳам мешуд. Вай меафзояд, аз дӯстдорони варзиш аст.

Ин сабқати варзишӣ миёни сарояндаҳои зан бори аввал баргузор шуда, қаблан сарояндаҳои мард миёни худ мусобиқаи футбол карда буданд. Як гурӯҳи сарояндаҳо аз қабили Садриддини Наҷмиддин, Меҳрубони Равшан, Баҳром Ғафурӣ ва чанд сарояндаи дигар дастаи футболеро бо номи “Ромиш” таъсис додаанд, ки дар як бозӣ бо кормандони телевизионӣ “Ҷаҳоннамо” 7 бар 4 дастболо шуда буд.

Ҳафтаи оянда давраи сеюми озмуни сарояндаҳои зан натиҷагирӣ мешавад ва Сарвиноз Юсуфӣ дар ду бахш маҳорати хуб нишон дода, феълан ғолиби он ба шумор меравад. Аммо тариқи овоздиҳии смс Гулрӯ Табарова дар мақоми аввал буда, Шабнам Собирӣ дар ҷой дувум қарор гирифтааст.

Ояндасоз: Одатан дар мо овозхонҳоро бо сару либоси саҳнавӣ ва рӯйи саҳна мебинанду мешиносанд, аммо онҳо дар либоси варзишӣ ва дар майдони варзиш чӣ хел ҳунарашонро намоиш медиҳанд?

Баҳриддин Сабурӣ ҳамроҳ бо овозхон Бунафша Раҷабова
Баҳриддин Сабурӣ ҳамроҳ бо овозхон Бунафша Раҷабова

Баҳриддин Сабурӣ: “Ин аввалин лоиҳае буд, ки ҳунармандони мо бо либоси варзишӣ ва бе ягон ороишоту рангу бори махсус сабту муаррифӣ мешуданд. Барои ҳамин на ҳама овозхонони зан ин ҷуръатро мекунад ва барои иштирок дар чунин як озмун омодааст. Духтарон як моҳ пеш тамрин мекарданд, ҳатто дар клубҳои варзишӣ рафта машқ мекарданд. Махсусан Фарангис Аҳмадӣ бештар машқ мекард ва мехост дар давидан ҷойи аввалро бигирад. Нозия мегуфт, боулингро дӯст медорад, аммо дар ду давр Сарвиноз Юсуфӣ ғолибиятро ба даст овард, ҳам дар давидан ва ҳам дар боулинг. Дигарҳо ҳам бад набуданд, албатта, чун бори аввал дар чунин сабқатҳои варзишӣ ширкат мекарданд.”

Ояндасоз: Аммо агар дар бораи худи марказ сӯҳбат кунем, “Positive protuсtion” ки дар шабу рӯзи ҷашнгирӣ аз Соли нави 2015 баъд аз нашри навори таронаҳои Шабнаму Фарзона шинохта шуд, кай таъсис ёфтааст?

Баҳриддин Сабурӣ: “Маркази продюсерии «Позитив Продакшн» имсол 5-сола мешавад. Мақсади асосии он рушди санъату фарҳанги тоҷик аст, ҳамчунин мехоҳем чеҳраҳои наву истеъдодҳои тозаро кашфу муаррифӣ кунем.”

Ояндасоз: Сару садоҳое ҳам ҳаст, ки бо маркази шумо бештар овозхононе ҳамкорӣ мекунанд, ки ба телевизиону консертҳои давлатӣ роҳ надоранд?

Баҳриддин Сабурӣ: “Шояд. Аслан худам панҷ сол дар телевизиони “Сафина” кор кардам ва фикр мекунам эҷодкор бояд озод бошад. Аслан барномаҳое, ки маркази “Позитив продакшн” пешниҳод мекунад, аз телевизионҳо фарқ мекунад. Дар ин ҷо овозхонҳо дар интихоби мавзӯъю тарона ва сару либос озоданд. Бо як шакли нав барномаҳои мо омода ва пешниҳоди мардум мешавад. Шояд ин чиз қобили қабули телевизион набошад, аммо мо ин роҳро пеш гирифтем. Нақша дорем, даври финалии озмуни “Пештоз 2015”-ро дар сатҳи хеле олӣ пешниҳоди мухлисон кунем.”

XS
SM
MD
LG