Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбатпоии садҳо сокини Душанбе барои боздид аз осорхона


Як эълони осорхонаи миллии Тоҷикистон садҳо сокини Душанберо ба ин макон овард. Масъулон гуфтанд, вуруди бепул ба сокинон имкон додааст, осорхонаро тамошо ва бо таърихи гузашта ошно шаванд,

Садҳо сокини шаҳри Душанбе аз субҳи барвақти 5 апрел паси дари осорхонаи миллии Тоҷикистон дар навбат истода буданд, то вориди ин макони фарҳангӣ шаванд. Чунин саҳна дар Тоҷикистон кам иттифоқ меуфтад ва масъулони осорхоан низ мегӯянд, як эълони онҳо дар бораи вуруди бепул сокинонро ба ин ҷо овардааст.

Ҳангоми боздиди мо аз осорхонаи миллӣ бештар бонувони хонашин фарзандони худро ба осорхона оварда буданд. Аммо дар ин миён наврасоне ҳам буданд, ки барои аввалин бор вориди осорхона шуданд.

Эраҷи Манучеҳр, ки 14 сол дорад, дар осорхонаи миллӣ ба фарқ аз дигарон танҳо сайр мекард ва гуфт, бори аввал аст ёдгориҳои таърихиро аз наздик мебинад. Ин навраси тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агар имрӯз осорхона ройгон намешуд, ба эҳтимоли зиёд ба ин макон намеомад ё хеле дертар меомад. ​“Падар надорам. Модарам дар Русия аст. Дар назди хешовандонам меистам ва онҳо барои тамошои осорхона ба ман пул намедиҳанд. Дар ин ҷо чандин чизҳои ҷолибро дидам, ки хеле бароям писанд омад. Бахусус, таърихи ҳахоманишҳо ва асри санг маъқул шуд,”-нақл кард ӯ.

Дар баробари Эраҷ садҳо кӯдакону наврасоне буданд, ки бо ҳамроҳии модаронашон барои ошно шудан ба ёдгориҳои таърихӣ омада буданд. Шоира Гулова, ки чаҳор фарзандашро ба осорхона оварда буд, мегӯяд, дафъаи охир ду соли пеш фарзандонаш аз ин макон боздид карда буданд. Хонум Гулова мегӯяд ҷойе кор намекунад ва имкони ҳар дафъа ба тамошо баровардани фарзандонашро надорад.

Аноргул Сиддиқова, зани дигар, ки 80 сол дорад ҳангоми тамошои осорхона бо пайвандонаш чунин гуфт: “Имрӯз бепул буд, бачам маҷбур карда гирифта овард. Бо келину набераҳом сайру гашт кардем. Чизҳои таърихиро дидем. Суратҳои командирҳоро дидем.”

Абдувалӣ Шарифзода, раҳбари осорхонаи миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соати 10-и субҳ мардуми зиёд вориди осорхона шудаанд. Ба қавли ӯ, "осорхонаи миллӣ бояд дар мафкураи насли нав як нақше дошта бшад, ба ин хотир иқдоме шуд, ки мардумро ба таври ройгон қабул мекунем. Аммо бояд гуфт, дар дигар рӯзҳо низ ба осорхона шумораи муайяни одамон меоянд. Масалан, дар рӯзи аввали Наврӯз, ки як чорабинӣ доштем, воридшавӣ ройгон набуд, аммо бештар аз 5 ҳазор бинанда ташриф оварда буд."

Завқибек, як сокини шаҳри Душанбе гуфт, аз навбат поидани мардум дар пушти дари осорхона маълум аст, одамон воқеан мехоҳанд ба ин гуна ҷойҳо раванд, аммо дасташон барои харидории билет шояд кӯтоҳӣ мекунад. Ӯ пешниҳод кард, “бигузор театрҳо низ барои ҷалби мардум моҳе ҳадди ақал як бор бепул намоишнома монанд.”

Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарпеши шинохтаи тоҷик ва устоди донишкадаи ҳунарҳои зебо, мегӯяд, “бе пул кор кардани театр лозим аст, махсусан дар давраи бӯҳрони маънавӣ. Аммо бо ин вуҷуд иллат дар дигар чиз ҳаст. Мардум барои меъда беҳтарин ғизоро интихоб мекунанду 30 сомонӣ ва аз он зиёдро дареғ намедоранд, аммо барои ғизои маънавӣ 3 сомониро гарон гуфтан чӣ маъно дорад?”

То зӯҳри 5 апрел аз осорхонаи миллии Тоҷикистон бештар аз ду ҳазор нафар боздид кардаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон 40 осорхона фаъолият мекунад, ки вуруд дар рӯзҳои маъмулӣ бар ивази харидории билет иҷоза ҳаст. Гуфта мешавад, бештар сайёҳон майли боздид аз ин осорхонаҳоро доранд.

XS
SM
MD
LG