Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Олмон: Паёми эътирозгарон норӯшан монд. ВИДЕО


Ҳолгер Грин, сафири Олмон дар Тоҷикистон
Ҳолгер Грин, сафири Олмон дар Тоҷикистон

Дар назди сохтмони сафорати Олмон дар Душанбе гурӯҳи хурде эътироз карданд. Сафири Олмон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ назарашро ба ин ҳодиса шарҳ дод.

Ҳолгер Грин, сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон дар робита бо таҷаммӯи гурӯҳи сокинони кишвар дар назди ин намояндагии дипломатиро шарҳ дод.

Озодӣ: Ҷаноби сафир, оё таҷаммӯи гурӯҳе аз мардум дар назди сафоратхона чӣ тавр гузашт ва шумо чӣ вокунише ба онҳо нишон додед?

Ҳолгер Грин: Онҳо тақрибан 15 то 20 нафар, аксарият ҷавонзанҳо буданд. Онҳо хеле ҳаяҷонзада буданд ва бо онҳо сӯҳбат карда нашуд. Баъди як муддат ман фаҳмидам, ки ҳеҷ имкони барқарор кардани тамос бо онҳо вуҷуд надорад. Баъди тахминан 15 дақиқа милиса омад ва ин

ин акс аз як навори видеоии эътирози имрӯза аст, ки дар Интернет пайдо шуд
ин акс аз як навори видеоии эътирози имрӯза аст, ки дар Интернет пайдо шуд

ҳамоишро пароканда кард.

Озодӣ: Чунин як ҳодисае бори аввал дар назди сафорат рух медиҳад?

Ҳолгер Грин: Бале, ман чунин ҳодисаро бори аввал шоҳид мешавам. Соли гузашта медонам, ки чунин як коре дар назди сафоратхонаи Бритониё шуда буд.

Озодӣ: Оё шумо навиштаҷоти рӯи дасти онҳоро хонда тавонистед?

Ҳолгер Грин: Ман русиро мефаҳмам, вале тоҷикиро на. Вале баъзе аз ҳамкорони забондони мо гуфтанд, ки дар плакати дасти онҳо “Гурӯҳи 24 = экстремизм” навишта шуда буд.

Озодӣ: Дирӯз як намоиши эътирозӣ дар муқобили сафорати Тоҷикистон дар Берлин ҳам аз ҷониби мухолифони тоҷик ва "Гурӯҳи 24” ташкил шуда буд.

Ҳолгер Грин: Ва ин намоиш назар ба таҷаммӯи имрӯза дар назди сафорати мо сулҳомез гузашт.

Озодӣ: Шумо фикр мекунед, ин ду ҳодиса ба ҳам иртибот доранд?

Ҳолгер Грин: Душвор аст чунин бигӯем. Тавре ман дар матбуоти дохилӣ дидам, он намоиши эътирозӣ аз ҷониби “Гурӯҳи 24” ташкил шуда буд ва ман танҳо тасаввур карда метавонам, ки шояд ин ду ҳодиса ба ҳам иртиботе дошта бошанд. Аммо эҳсоси ман ин буд, ки хонумҳое, ки дар муқобили сафорати мо ҷамъ шуда буданд, дар асл намедонистанд, ки чӣ мехоҳанд.

Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки ин гурӯҳи таҷаммӯъгар аз ҷониби касе ё гурӯҳе созмон дода шуда буд?

Ҳолгер Грин: Ман намедонам.

Озодӣ: Ба ҳайси як дипломат ва сафири Олмон дар Тоҷикистон шумо аз ҳодисаи имрӯза барои худ рамузе ё пайғоме гирифтед?

Ҳолгер Грин: На, ман аслан як чунин кореро дар чунин як фурсати кӯтоҳ интизор набудам. Хуб, дигар гузашт. Ман фикр мекунам, ин як ҳодисаи якдафъаина буд.

Озодӣ: Ин ҳодиса ба кори сафорат таъсир намекунад? Ман аз кормандони шумо шунидам, ки баъди ин ҳодиса ҷаласае барпо кардед.

Ҳолгер Грин: На, ин ҳодиса чанд лаҳза буду гузашт ва мо ба кори маъмулии худ идома медиҳем.

Таҷаммӯи занон дар назди сафорати Олмон дар Душанбе. ВИДЕО

Дар назди сохтмони сафорати Олмон дар Душанбе соатҳои тахминан 11:30 рӯзи 15 апрел гурӯҳи хурде аз занону ҷавонмардон таҷаммӯъ карданд. Хабарнигори Озодӣ, ки дар назди сафорати Олмон дар Душанбе бо чанд шоҳиди ҳодиса ҳамсӯҳбат шудааст, гуфт, як гурӯҳи иборат аз тахминан 15-20 нафар - асосан занҳо ва 5-6 ҷавонмард дар даст шиорҳо ба назди сафоратхона наздик шуда бо садои баланд "аз озодӣ, такрор

як ширкатдори эътироз дар назди сафорати Олмон
як ширкатдори эътироз дар назди сафорати Олмон

нашудани ҷанги шаҳрвандӣ, кӯшиши бесубот кардани кишвар аз ҷониби бегонаҳо" сӯҳбат мекарданд. Маълум нест дар асл талаб ва норизоияти ин гурӯҳ чӣ буд. Ба иттилои як шоҳид, аз дохили сафоратхона ба назди ҷамъомадагон як ходими сафорат берун шуд ва аз онҳо пурсид, ки "чӣ талаб доранд?", вале дар ҳамин ҳол ҳамаи онҳо хап карданд ва чизе гуфта натавонистанд". Ходимони милисаи ба маҳалли ҳодиса наздикшуда ҳамаи ин гурӯҳро ба микроавтобуси навъи "Газел" нишонда бо худ бурд. Шоҳидон мегӯянд, ин таҷаммӯъ аз 10-15 дақиқа бештар тӯл накашид.

Айни замон, дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар бораи ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд.

Як шоҳиди дигари ин таҷаммӯъ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, гурӯҳи хурде аз занонро дар назди сафорати Олмон дидааст, ки “Озодӣ, озодӣ!” мегуфтанд ва дар даст як навиштаҷоте ҳам доштанд.

Дар як посухи хаттии раҳбарияти намояндагии дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе ба унвонии радиои Озодӣ дар ин замина омадааст: "Дар бораи ҳодисае дар рӯбарӯи сафоратхонаи Олмон хабар дорем. Мо ҳеҷ иттилое дар бораи заминаҳо ва ҳам сабаби он надорем. Феълан аз ин бештар шарҳе дода наметавонем", гуфта шудааст дар посухи расмии ин ниҳод.

Ҳоло вазъ дар атрофи сафорат ором аст.

Таҷаммӯе дар Душанбе - посух ба эътирози Берлин?

Ин дар ҳолест, ки нисфирӯзии рӯзи сешанбе, 14 апрел дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин як гирдиҳамоии мухолифони тоҷик баргузор шуд. Ин таҷаммӯъ бо ширкати даҳҳо нафар баргузор шуд, киба гуфтаи ташаббускорон, тарафдорони Эътилофи нирӯҳои мухолифи “Тоҷикистон нав” иборат аз созмонҳои “Гурӯҳи 24”, “Ватандор”, “Озодӣ ва Адолат” ва “Эҳёи Тоҷикистони нав” мебошанд. Абдулло Абдураҳмонов, як фаъоли "Гурӯҳи 24" дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки "гирдиҳамомадагон истеъфои президент Эмомалӣ Раҳмон, озодии

маҳбусони сиёсӣ ва хатми шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистонро талаб карданд". Дар ин гирдиҳамоӣ раиси "Гурӯҳи 24" Шарофиддин Гадоев суханронӣ кард.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшоҳ Неъматов ба Радиои Озодӣ гуфт, ин намояндагии дипломатӣ кори худро ба таври маъмулӣ пеш мебарад ва ҳар амале дар беруни бинои он ҷараён мегирад, марбут ба қонунҳои кишвари Олмон аст.

Аз ҷараёни гирдиҳамоии мухолифон дар Берлин полиси Олмон назорат мекард.

Мушаххас нест, ки то куҷо таҷаммӯи шаҳрвандон дар муқобили сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Олмон дар Берлин ва Душанбе ба ҳам иртибот доранд ё на.

Бори охир дар Тоҷикистон "Гурӯҳи 24" тавассути Интернет аз сокинони кишвар даъват карда буд, ки дар таърихи 10 октябри соли 2014 дар майдони марказии Душанбе барои ширкат дар намоиши эътирозие ҷамъ шаванд. Ин намоиш баргузор нашуд ва худи созмон як рӯз пеш - 9 октябр аз ҷониби Додгоҳи олӣ мамнӯъ эълон шуд.

Таҷаммӯе дар назди сафоратхонаи ИМА дар Душанбе рӯзе баъд аз озодшавии А.Абдуллоҷонов дар додгоҳи Украина
Таҷаммӯе дар назди сафоратхонаи ИМА дар Душанбе рӯзе баъд аз озодшавии А.Абдуллоҷонов дар додгоҳи Украина

Тибқи тағйироти охир ба қонуни гирдиҳамоиҳо дар Тоҷикистон, ташкили бидуни иҷозати расмии раҳпаймоиҳо, намоишҳо ва эътирозҳо манъ шудааст.

Нозирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки ҳамоиши хонумҳои норозӣ дар ҳадди аққал ду ҳодисаи солҳои 2013 ва 2014 ҳам дар назди сафоратхонаҳои ИМА ва Бритониё дар Душанбе мушоҳида шудааст. Дар он ҳодисаҳо даҳҳо нафар, асосан занҳо, ба сохтмони сафоратхонаҳо ҳамла карда хисороти муайяне ба намояндагиҳои дипломатии давлатҳои ғарбӣ расонда буданд. Онҳо шиор мезаданд, ки такрори рӯйдодҳои солҳои 1990-уми Тоҷикистонро намехоҳанд. Дар ҳоле, ки талаб ва мояи норизоияти онҳо ва ҳамчунин ҳуввияти ин афроди таҷаммӯъгар то ҳол мушаххас нашудааст, таъкид мешавад, ки ин ҳамоишҳо баъди ҳукми озод шудани сиёсатмадори собиқи тоҷики муқими ИМА Абдумалик Абдуллоҷонов аз ҳабси муваққат дар Украина (5 апрели соли 2013) ва нооромиҳои Хоруғ (10 июни соли 2014) рӯй дод. Мақомоти тоҷик дар матбуот баъзе аз дипломатҳои аврупоиро дар кӯшиши ноором кардани вазъ дар Бадахшони Кӯҳӣ айбдор карданд. Баъди ин, журналистони мустақил навиштанд, ки эҳтимолан намоишҳои эътирозӣ дар муқобили сафоратхонаҳои ғарбӣ амали тарҳрезишуда аст.

XS
SM
MD
LG