Иллати сафед шудани мӯи сарро табибон то ҳол пурра наёфтаанд, вале мушоҳида нишон медиҳанд, ки шумори ҷавонони "мӯйсафед" дар Тоҷикистон торафт бештар мешавад.
Бо вуҷуди он ки ҳамгуна додугирифт бо асъори хориҷӣ дар бозорҳои Тоҷикистон мамнӯъст, вале аз ҷиҳози арӯс сар карда, то манзили истиқоматӣ бо доллар нархгузорӣ ва хариду фурӯш мешаванд.
Парлумони Тоҷикистон ризоият дод, ки дарси ахлоқи ҷинсӣ ба барномаи таълимӣ дар мактабҳо ворид шавад. Намояндагони маҷлис мегӯянд, ҳадаф огоҳ кардани наврасон аз бемориҳои ҷинсӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳамлҳои номатлуб аст.
Пурсиши сарироҳии хабарнигори Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе баъди баҳси ин мавзӯъ дар парлумони Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов аз зердастонаш талаб кардааст, ки тафтиши парвандаҳоро тӯл надиҳанд ва мардумро беасос боздошт накунанд.
Дар рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон сарбозони як қисми низомӣ имкон пайдо карданд, то бо истифода аз Интернет бо наздикони худ сӯҳбатҳои видеоӣ анҷом диҳанд.
Дар меҳмонсарои “Hyatt Regency Dushanbe“ маросими тақдими ҷоизаҳои мусиқӣ бо номи "Tamoshow Music Awards" оғоз ёфт.
Дар меҳмонсарои “Hyatt Regency Dushanbe“ маросими тақдими ҷоизаҳои мусиқӣ бо номи "Tamoshow Music Awards" анҷом ёфт.
Бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар шикоят доранд, ки овезаҳои таблиғотиашон дар шаҳру навоҳӣ аз сӯи афроду гурӯҳҳои номаълум пора карда мешаванд. Аммо мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар ин росто шикояте дарёфт накардаанд.
Комиссияи марказии интихобот мегӯяд, дар интихоботи порлумонии 1 март аз ҳама гуна талоши райъдиҳии як нафар ба ҷойи чанд нафар ҷилавгирӣ хоҳад кард.
Ҳузури 57 зан ба унвони номзад дар корзори интихоботии Тоҷикистон, фазои интихоботи аксаран мардсолори ин кишварро ранги дигар бахшидааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ ба аёдати Наҷмиддин Қаюмов -- сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон рафт, ки ду ҳафтаи пеш қасд ба ҷони худ карда, ҳоло дар Қарияи Болост ва бо имову ишора ҳарф мезанад.
Даҳҳо ҷавони тоҷик тасмим доранд, имсол Рӯзи Валентин ё Иди ошиқонро якҷоя бо дилдодаҳои худ дар Туркия таҷлил кунанд. Ба ин вазъ поин омадани нархи чиптаи ҳавопаймо аз Душнабе ба Истанбул сабаб шудааст.
Аксари ҷавононе, ки бори аввал дар интихоботҳои Тоҷикистон иштирок мекунанд, аз интихоботи рӯзи 1 март ё хабар надоранд ваё мегӯянд, овози онҳо чизеро ҳал намекунад.
Нобиноёни Тоҷикистон хостори чопи баргаҳои интихоботӣ бо хатти барои онҳо ошнои брайлӣ шудаанд, то битавонанд мустақилона дар овоздиҳӣ ширкат кунанд, на бо кӯмаки дигарон.
Дар чанд моҳи охир даҳҳо шаҳрванди Украина дар пайи нооромии кишвари худ бо ҳадафи дарёфти паноҳандагӣ ва зиндагии муваққатӣ дар манзилу хешу таборашон вориди Тоҷикистон шудаанд.
Клуби таҳлилгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар Душанбе ба исми Сӯҳроб Шарифов номгузорӣ шуд. Оқои Шарифов, ки аз камхунӣ ранҷ мебурд, рӯзи 19 январ дар Қарияи Боло даргузашт.
Оҷонсии зидди фасод вазоратҳои маорифу илм, тандурустӣ ва молияро 3 ниҳоди давлатии "фасодзадатарин" дар соли 2014 ном бурд. Аммо гуфта мешавад, дар ниҳодҳои дигари давлатӣ дар Тоҷикистон камтар аз инҳо ришва намегиранд.
Мижгона Латипова, як сокини 25-солаи Ёвон ба рабудан, латтукӯби бераҳмона ва ҳатто тарошидани мӯи сар ва абрӯвони дугонааш "аз рӯи хусумати шахсӣ" айбдор мешавад.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои муайян кардани инки Умедҷон Солиҳов коргари ФСБ ҳаст ё на, 5 рӯз вақт додааст. Ин сокини Ваҳдат ба узвият дар "Гурӯҳи 24" ва "таҳқири президент" айбдор мешавад.
Ёфтҳои бештар