Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Либоси махсус" ба шаш меҳмони Эмомалӣ Раҳмон (ВИДЕО)


Мукаррама Қаюмова, тарроҳи маъруфи тоҷик, барои шаш меҳмони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Наврӯзи 2015 либоси идона таҳия кардааст.

Мукаррама Қаюмова, тарроҳи маъруфи тоҷик, барои шаш меҳмони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯзи 2015 либоси идона таҳия кардааст. Ҳарчанд аз меҳмонҳо ном бурда намешавад, аммо барои хонум Мукаррама фармоиш шудааст, то ин либосҳоро бо наққошии вижаи маконҳои таърихӣ ва рамзҳои махсуси халқи тоҷик омода намояд.

Ин тарроҳи шинохта дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар яке аз ин ҷомаҳои зардӯзӣ мадрасаи Шердори Самарқанд тасвир ёфтааст. "Шер ва шоҳин, яке аз паррандаҳои афсонавӣ, ки рамзи мадрасаи Шердори Самарқанд аст, дар ин пироҳан инъикос ёфтааст. Айни ин либосро қаблан барои худи президенти Тоҷикистон низ дӯхта будем,"-афзуд ӯ

Мукаррама Қаюмова мегӯяд, бо фармоиши ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта низ чунин либосҳои хоси зардӯзиро барои раҳбари Ҷопону Қатар ва раисиҷумҳурони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, низ дӯхтааст. Ӯ мегӯяд, "гумон мекунам, ин либосҳо имрӯзу гузаштаи моро бо забони заргари худ баён мекунанд. Ин либосҳо ба табақаи либосҳои Хусрави Парвиз дахл дорад. Яке аз чунин либосҳо дар хонадони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ нигаҳдорӣ мешавад."

Либоси махсус барои 6 меҳмони Эмомалӣ Раҳмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Қаюмова, замоне омӯзгори фанни физика ва директори яке аз мактабҳои Душанбе, ҳунари зардӯзиро аз модараш омӯхта, ҳамингуна ба духтараш ҳам омӯзондааст. Ӯ мегӯяд, ҳунари зардӯзиву либоси миллӣ ҳоло як давраи эҳёи дубораро аз сар мегузаронад ва аз ин рӯ, аз ҳар Наврӯз то Наврӯз мӯди либосу матоъ ва нақшу нигораш нав мешавад. Имсол, ба гуфтаи ӯ, духтарон аз матои махсуси якранг, ки аз пояи зағир омода шудааст, либосҳои идона фармоиш медиҳанд.

Хонум Қаюмова мегӯяд, ба истиснои атласу адрас боз матоъҳое низ ҳастанд, ки имсол муди “Наврӯз” шудаанд: "Духтарон, аз ҷумла донишҷӯён бештар чаканро фармоиш медиҳанд, ки ҳам замонавӣ бошад ва ҳам мувофиқ ба талаботи донишгоҳҳо. Ҳамчунин бонувон пиҷакҳои гулдӯзӣ аз бахмалу кундал ҳам фармоиш доданд."

Азбаски бонувони тоҷик ба либосҳои духти аврупоӣ низ таваҷҷӯҳ доранд, дар Наврӯзи имсола доману пиҷакҳои гулдӯзӣ низ ба муд даромааст.

XS
SM
MD
LG