Меҳмонҳои барнома:
- Муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров
- Пажуҳишгари Донишгоҳи Сукубаи Ҷопон, зодаи Бадахшон, Шералӣ Ғуломалиев.
Радиои Озодӣ: Суоли нахустин ва чизе, ки шояд имрӯз ҳамаро нигарон мекунад. Чаро кор ба ин ҷо кашид?
Сайфулло Сафаров: “Пеш аз ҳама, бояд таъкид кунам, ки мардуми Бадахшон сарбаланду ҷасуру ватандӯст ҳастанд. Баъзе аз гуруҳҳое, ки мо ҷинояткор мегуфтем, вале қисме аз расонаҳои хабарии дунё аз онҳо ҳимоят мекарданд, дар ҳақиқат, ҷинояткор буданашон исбот шуд. Дар филми “Шикасти фитна” ҳамаашро нишон доданд. Холбаш Холбашов ва Улфатхоним Мамадшоева ба забони худ тасдиқ карданд, ки дар муътод кардани ҷавонони Бадахшон ва ба ҷанг кашидани онҳо саҳм доштанд. Яъне, маълум мешавад, ки Тоҷикистон зери назари қувваҳои геополитикии дунё аст. Баъзе гуруҳҳое ҳастанд, ки намехоҳанд дар Тоҷикистон ва ё минтақаи мо сулҳу субот бошад. Албатта, ин сабабҳои худашро дорад.”
Шералӣ Ғуломалиев: “Ман ба қисми аввали гуфтаҳои устод розӣ ҳастам, ки мардуми Бадахшон бисёр мардуми хубу бодониш ҳастанд. Ба фикри дигарашон розӣ нестам. Воқеаҳо аслан аз солҳои 2008, 2010 ва 2012 шиддат гирифтанд. Мо фақат ҳодисаи моҳи ноябри соли 2021-ро, ки дар натиҷа Гулбиддин Зиёбеков кушта шуд, дида мебароем. Ба зидди муфаттиш Абирзода, ки ба гирифтани пора аз як духтар гумонбар буд, парванда боз нашуд ва кор ба инҷо расид. Бачаҳо “самосуд” карданд ва ин воқеаҳо рӯй доданд.”
Радиои Озодӣ: Мақомот кори худро дар ВМКБ “амалиёти зиддитеррористӣ” меноманд. Оё воқеан дар Бадахшон террористҳо буданд ё ҳастанд?
Сайфулло Сафаров: “Масалан, украиниҳо мегӯянд, ки дар Украина натсистҳо нестанд. Тарафи Русия бо назардошти бисёр чизҳо исбот мекунад, ки онҳо ҳастанд. То ҳамин наздикиҳо ҳеч кас намегуфт, ки Улфатхоним ва ё Холбашов ҷинояткор ҳастанд. Радиои Озодӣ бо Улфатхоним Мамадшоева мусоҳиба карда, ӯро ба тамоми мардуми дунё ҳамчун узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, одами пешқадам ва зани фаъол муаррифӣ кард. Худаш бо забони худаш гуфт, ки онҳо кӣ буданд ва чӣ гуна дар муддати панҷ сол чорсад ҳазор сомонӣ аз ташкилоти байналхалқӣ гирифтанд. Дар асоси ҳамин мардуми Бадахшон неву асосан ҷавонони шояд бекор ва саводашон пастро ба ин гуна ҳаракат ҷалб карданд.”
Радиои Озодӣ: Яъне, Шумо тасдиқ мекунед, ки дар Бадахшон ҷавонони ба истилоҳ “террорист” буданд?
Сайфулло Сафаров: “Ман ҳоло онҳоро террорист намегӯям, чун таркишҳо накарданд. Онҳоро ҷинояткор мегӯям, чунки аз паси Улфатхоним рафтанд. Улфатхоним бо Маҳмадбоқир онҳоро харид. Онҳоеро, ки харида шуданд ва дар муқобили манфиати миллату давлаташон меистанд, ҷинояткор номидан лозим, дигар ном надоранд.”
Шералӣ Ғуломалиев: “Дар Бадахшон, умуман дар таърихи Помир, террорихм ва террорист набудааст. Вожаи терроризму фашизм имрӯз шаклу маънои дигар гирифтааст. Чӣ хеле ки Русия ба Украина ҳамла овард ва гуфт, ки мардумаш фашистанд. Террорист ҳамонест, ки таркиш ва суиқасд ба ҷони як кас мекунад. Дар ВМБК ягон гуруҳи террористӣ нест. Баъдан, инҷо гуфтанд, ҷинояткор ҳастанд. Бино бар қонунҳои Тоҷикистон, то баромадани ҳукми суд кас ҳуқуқ надорад, шахси дигарро ҷинояткор биномад.”
Барномаро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Ин ҷо корбарон суол мегузоранд, ки чаро мақомот як даста шаҳрвандонро ҷинояткор меноманд, дар навори “Шикасти фитна” ҳам дидем, ки ҳамин хел ном бурда шуданд. Магар танҳо додгоҳ нест, ки ҳақ дорад, касеро ҳукм кунад? Чаро ин одамон бе ҳукми додгоҳ “ҷинояткор” унвон мешаванд?
Сайфулло Сафаров: “Ҷинояткор барои он мегӯям, бе ҳукми Суд, ки онҳо ҳамқишлоқии маро парронданд. Ҳамон афсаре, ки тир хӯрд, ҳамқишлоқии ман будааст. Барои он мегӯям, ки ҳабдаҳ корманди мақомотро ярадор карданд. Роҳи байнулмилалии Хоруғ-Хитойро бастанд. Роҳи мошинҳоеро, ки бояд ба Душанбе, Хоруғ ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мавод меоварданд, маҳкам карданд. Чӣ ҳақ доранд, ки роҳи байнулмилалиро банданд? Фақат ҷинояткор метавонад, зидди давлату миллати худ чунин амал кунад. Яъне, роҳро бандад, кормандони мақомотро парронад ё ярадор кунад. Инҷо Суд даркор нест.”
Радиои Озодӣ: Ба баъзе сабабҳо ишора кардед, вале агар дақиқан ин сабабҳоро якояк бишмарем ё хулоса кунем, чӣ гуфтан мумкин аст, яъне сабабҳои ҳолати имрӯзае, ки мо дар Бадахшон дорем?
Шералӣ Ғуломалиев: “Сабаб дар он аст, ки чи хеле тавр устод гуфт, бе ҳукми Суд онҳоро ҷинояткор мебарорам. Маълум нест, ки ҳамқишлоқии ӯро кӣ паррондааст ва кӣ куштааст, чунки Суд набуд. Ҳукумат бо тамоми танку тӯпаш ба онҷо рафт. Мардум роҳро барои он бастанд, ки ба шаҳр надароянд. Мисли соли 2012 ба сари мардум тир напарронанд. Уфтод ба филми сохтаи ҳукумат такя мекунад. Ин филмҳоро аз давраи пеш медонем. Дар ёдам ҳаст, Алии Бедакиро дар ТВ нишон доданд, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ безарар карда шуд. Мо ҳам бовар кардем. Баъди як ҳафта навореро дидем, ки ӯ на дар кӯҳ будааст ва на дар ҷойи дигар. Ӯ дастгир шуда будааст. Шиканҷаашро дидем. Дигар ба ин филмҳо такя кардан намешавад. Ё филми Шарофиддин Гадоев. Ӯ дар Тоҷикистон дигар чиз гуфт, аммо баъди раҳоӣ чизи дигар. Агар ба телевизиону филм такя кунем, пас, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чӣ аст?”
Сайфулло Сафаров: “Фарз кардем, ба филм такя намекунем, лекин дар онҷо далелҳо гуфта шуданд. Холбаш Холбашов ба забони худ гуфт, ман генерал ҳастам ва гапи ростро мегӯям, ба ман ягон фишор наоварданд. Ман ба Холбаш Холбашов, генерале, ки аз ҳеч кас наметарсад, бовар накунам? Вай гуфт, дар ҷалби ҷавонҳои Бадахшон ба ҳаракатҳои намешудагӣ саҳм дорад. Худаш гуфт, ман нагуфтам, Суду Прокуратура нагуфтааст. Инро филмбардорон нагуфтанд.”
Радиои Озодӣ: Шумо бовар доред, ки ҳеч фишору зӯроварӣ набуд?
Сайфулло Сафаров: “Сад фисад. Барои онки худаш гуфт. Биистед, ман хислати мардуми Бадахшонро медонам. Агар ба онҳо фишор меоварданд, ё хап мекарданд ё дигар хел мегуфтанд. Вай бисёр самимона ин гапро зад. Мардуми Бадахшон дурӯғгӯиро нағз намебинанд, кам дурӯғ мегӯянд, барои ҳамин ман ба он одам бовар мекунам.”
Шералӣ Ғуломалиев: “Устод дуруст мегӯяд, ки мо дуруғгӯиро бад мебинем, рост мегӯем. Тамоми касоне, ки боздошт шуданд, дар видеоҳои сохтаи мақомот мегӯянд, “ман гуноҳ кардам”. Аз ҷумла, Амриддин Аловатшоев ва Чоршанбе Чоршанбиев. Аз ноҳияи Ишкошим 37 кас дар телевизиони “Бадахшон” баромад карданд. Дар байни онҳо ёру дӯст ва хешони ман ҳастанд. Сабабашро пурсидам. Онҳо гуфтанд, маҷбур кардаанд, ки агар баромад накунед, парванда мекушоем. Таҳти фишор буданд. Муаллима Мамадшоеваро хуб мешиносам, вақте ӯ аз варақ мехонад, ҳеч ба сабкаш монанд нест. Дар филм мегӯяд, ӯ бо хориҷиҳо вохӯрдааст. Имрӯз зиндагии мо аз хориҷа вобастааст. Ман дар хориҷа ҳастам. Ё мегӯянд, пул гирифтааст. Ҳукумати мо ин хел шароит фароҳам наовардааст, ки пул диҳаду мо кори илмӣ кунем. Агар ҳукумат пул медод, имрӯз маҷбур набудем, дар Ҷопон пажӯҳиш кунем. Ҳамаи журналистон ва пажӯҳишгарон барнома месозанд, пешниҳод мекунанд, пул мегиранд ва кори илмӣ мекунанд.”
Сайфулло Сафаров: “Аслан дар масъалаи гирифтани пул бо Шералӣ розӣ ҳастам. Бисёре аз ҷавонҳои мо грантҳои байнулмилалӣ мегиранд, ҳатто то як миллион доллар гирифтаанд. Инҷо ҷиноятеро намебинем. Аммо Улфатхоним худашон гуфтанд, ки барои додани маълумот дар бораи ин ё қувваҳои сарҳадӣ пул гирифтем. Тарҷумонаш гуфт, кормандони хориҷӣ пурсидаанд, оё метавонем, бо дасти Шумо ҳодисаҳои Қазоқистонро дар Тоҷикистон гардон кунем. Дар ин масъала Шералӣ чӣ мегӯяд?”
Шералӣ Ғуломалиев: “Рости гап, ман сад дарсад бовар дорам, ки видео таҳти фишор аст. Дар ин видео натанҳо одисаҳои Қазоқистон, ҳатто ҳодисаҳои Украинаро метавонанд, ба гардани Мамадшоева ва Амриддину Холбаш бор кунанд.”
Навори баҳсро дар Ютюб бинед:
Радиои Озодӣ: Оё имкон дошт, ки чунин ҳодисаҳо руй надиҳанд, имкони пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо вуҷуд дошт?
Сайфулло Сафаров: “Сад дарсад имкон дошт. Ба шарте ки ин гуруҳҳои ҷинояткор бо ҳам маслиҳат карда, бо супориши беруна ҳамин гуна чорабиниро ташкил намекарданд. Яроқ ҷамъ намекарданд, роҳро намебастанд. Шогирдони Маҳмадбоқир 19 автомату пистолетро оварда супориданд. Инҳо аз куҷо буданд, Шералӣ? Сабаби дар Бадахшон будани чунин ҷинояткорон он аст, ки мақомоти ҳукуматӣ пештар сахтгирӣ накарданд. Мардум ҳам сахтгирӣ накард. Агар мардум дар муқобили ҳамин гуна корҳо меистоданд ва мамоқот раҳм намехӯрданд, мо ба ин рӯзҳо намерасидем.”
Радиои Озодӣ: Ибораи “супориши берунӣ”-ро ба забон овардед, манзуратон чӣ аст?
Сайфулло Сафаров: “Аз суҳбати Улфатхоним ҳамин хел фаҳмидам, ки онҳо бо Алим Шерзамонов тамос доштанд. Яъне, Ҳизби наҳзати исломӣ. Онҳо Паймони миллӣ мегӯянд, вале он Ҳизби наҳзати исломӣ бо номи дигар аст. Фаъолонаш ба ғайр аз як-ду нафар аз ин ҳизб ҳастанд. Бигзор ҳизби террористии наҳзати исломӣ ҳам набошад, қувваи дигар бошад. Чаро Хоруғ бо Рӯшон мувофиқа мекунад ва якҷоя мубориза мекунанд? бароянд. Ман ҳеч гоҳ нашунидам, ки дар Рӯшон одамони норизо аз ҳукумат бошанд. Инҳоро ташкил карданд. Мардуми Рӯшон ҳама вақт нисбати ҳукумат содиқ буданд ва ҳукумати худ медонистанд.”
Шералӣ Ғуломалиев: “Ман назари дигар дорам. Имрӯз Бадахшон дар муҳосираи иттилоотӣ аст. Ба ҷуз телевизиони давлатӣ ҳеч манбаи алтернативии иттилоъ надорем. Агар интернет мебуд, шояд кор ранги дигар мегирифт. Мо медидем, ки онҷо чӣ ҳодиса шудааст. Ҳоло як нафарро айбдор мекунанд. Ҳукумат бо тамоми идорааш сӣ сол боз фаъол аст, як нафар меояду ба зидди ҳукумат тазоҳурот ташкил мекунад? Вақте мардум ба тазоҳурот баромад, чаро ҳукумат ба тарафи онҳо тир холӣ кард? Чаро бачаҳоро куштанд? Агар тазоҳуротгарон дар ҳақиқат силоҳ доштанд? Пас, наворҳояш ку? Ақаллан як видео бошад, ки мо ҳам бовар кунем, ки онҳо силоҳ доштанд ва ба сари ҳукумат тир холӣ карданду ҳукумат ҷавоб дод.”
Сайфулло Сафаров: “Агар ҷинояткор намешуданд, ба 17 нафар кӣ тир парронд ва кӣ ҳамон бачаро кушт? Ҳамаи мурдагиҳо автомат доштанд. Дар видео ҳаст.”
Шералӣ Ғуломалиев: “Ҳамон силоҳҳо аз куҷо пайдо шуданд? Ман мегӯям, ки сохта аст. Дар онҷо ягон силоҳ набуд.”
Радиои Озодӣ: Ҳамсуҳбатони гиромӣ, як ақидае дар маҳфилҳо садо медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳалли чунин вазъият танҳо бо роҳи зӯрӣ пеш бурда мешавад. Яъне, таърихан чунин шудааст. Дар ду ё се даҳсолаи гузашта, ба ёд биёрем, дар Рашт, Тавилдара, Нуробод, Кӯлоб ва дар ҳамин худи Бадахшон чанд бор ҳукумат танҳо аз нерӯ кор гирфт. Мешавад, гуфт, ки ин дигар ба сабки ҳукумат табдил шудааст?
Сайфулло Сафаров: "Як донишҷӯи ман аз Бадахшон ҳангоми ин ҳодисаҳо ба падараш занг зада гуфтааст, ки ҳамин қадар сол ба ҳеч кор нагирифтед, ягон кас ба Шумо кор гирифт? Шуморо парронд? Донишҷӯ ин гапро гуфтааст, бо ақли бистсолааш. Баъзе одамҳои калон дар кишварҳои хориҷӣ мехонанд, аммо ақлашон ба ин чизи оддӣ намегирад. Ҳукумат душмани халқи худаш буда наметавонад. Ҳеч вақт. Махсусан ҳукумати мо, ки дар натиҷаи ҷанги бисёр вазнин базӯр сулҳ кардем.”
Шералӣ Ғуломалиев: "Чаро ҳукумат интернетро хомӯш кардааст? Чаро намемонад, ки иттилоот барояд? Ҳукумат ба истифодаи нерӯ одат кардааст. Мехоҳад, методеро, ки дар Кӯлобу Рашту Нуробод кардааст, мехоҳад, дар Бадахшон истифода кунад, аммо ба кор намеояд. Мардум дар интернет ҳастанд, иттилоъ доранд. Пеш мо намедонистем, ки дар Кӯлоб кай ва чӣ гуна ҳамин корҳо шудааст ё Нуробод. Фақат аз телевизион медидем.”
Сайфулло Сафаров: “Барои мисол, вақте дар Амрико каме гапи Трамп нодуруст баромад, дастрсияшро ба Твиттер бастанд. Вақте ба давлат зарур шавад, маҳкам кардани иттилоот чизи ношуданӣ нест. Барои амнияти мардум бояд маҳкам карда шаванд. Барои онки амнияти мардумро таъмин кунанд, бояд дасту пои ҷинояткоронро баста маҳкам кунанд. Дар он ҳолат зӯрӣ дигар ба кор намеравад. Бақияшро Суд ҳал мекунад. Инро қонун ҳал мекунад. Бояд ҳама вақт ин корро кунем.”
Радиои Озодӣ: Кушта шудани Муҳаммадбоқир Мазҳмадбоқиров дар расонаҳои Ховари Миёна, Эрон берун аз он ҳамчун қатли лидери шиъаҳои Тоҷикистон маънидод шуд. Ин вокунишу эътирози мақомоти Тоҷикистонро ҳам ба бор овард. Суол: То кадом андоза воқеаҳои ахир метавонанд ба ҳамзистии мазҳабҳо ё маҳалҳо дар Тоҷикистон таъсир дошта бошанд?
Сайфулло Сафаров: “Аз рӯи муносибати мардум дар Душанбе ва минтақаҳои дигар бо сокинони Бадахшон хулоса кардам, ки мардуми тоҷик хеле ботаҳаммул, боақл ва бофаҳм ҳастанд ва ҳеч гоҳ пашшаро бо гӯшти лаҳм баробар намекунанд. Худи мардуми Бадахшон ҳам чунинанд. Ба ғайр аз чанд нафаре, ки бо Шералӣ тамос гирифтаву ҳамин гапҳоро гуфтаанд, боварии садфоиза дорам, ки мардуми Бадахшон дар тарафи ҳукумат ҳастанд. Ҳукумат аст, ки амниятро таъмин мекунад, на он дусад нафар.”
Шералӣ Ғуломалиев: " Мо асрҳо дар Тоҷикистон паҳлӯи ҳам зиндагӣ кардем. Дар Бадахшон ҳам исмоилиҳо ҳастанд ва ҳам бародарони аҳли суннат. Муноқишаи мазҳабӣ нашудааст. Дар Мурғоб дар як деҳа ҳам исмоилиҳо ҳастанд ва ҳам бародарони аҳли суннат. Онҳо ба тӯю маъракаи якдигар мераванд. Барои ҳамин, навиштаи расонаҳои Эрон беасос аст.”
Садоро инҷо бишнавед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Бархе аз таҳлилгарон мегуянд, агар раиси пешини вилоят Ёдгор Файзов дар сари кор мебуд, кор ба ин ҷо намекашид. Шумо ба ин ақида розиед ё зид?
Сайфулло Сафаров: “Аслан Ёдгор Файзов бо мардум наздик буд, вай метавонист бо мардум забон ёбад. Ин гап дуруст. Лекин Мирзонаботов ҳам бачаи маҳаллӣ аст, генерал аст. Одами хуб аст, бадии ӯро надидам ва ҳатто нашунидам. Дар яке аз ҷаласаҳо дар онҷо будем, хоксор буд. Бо мардум ва халифаҳо суҳбат кардем. Соли гузашта. Мо ба наздикӣ ба Бадахшон меравем ва бо мардум суҳбат мекунем. Ҳар гапе, ки дар ҳаққи мардуми Бадахшон мегӯянд, рад мекунам. На ба ҷасораташон, на ба ростгӯияшон, на ба инсофашон ва на ба ватандӯстияшон гунаҳкор карданба иҷозат намедиҳам.”
Шералӣ Ғуломалиев: “Бале, фикр мекунам, сари вазифа мебуд, вазъият ҳеч гоҳ ба ин дараҷа намерасид. Дар рӯзи аввал метавонист ба назди мардум барояд ва фаҳмонад, ки мо ин корро тафтиш мекунем.”
Радиои Озодӣ: Ин ҷо ба ёд орем, ки воқеаҳои ахир аз 25 ноябр сар шуданд, вақте ки якҷаовн дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, Гулбиддин Зиёбеков кушта шуд ва мардум таҳқиқи ин қазияро талаб карданд. Ба фикри Шумо, агар ин қазияи таҳқиқ мешуд ва ба поён мерасид, мумкин буд, кор ба ин ҷо накашад?
Шералӣ Ғуломалиев: “Бале, мардум низ ҳаминро хостанд. Прокурор ин корро кард, мақомот ҷазо надоданд, бачаҳо маҷбур шуданд, “самосуд” кунанд. Дар инҷо бояд прокурорро ба ҷавобгарӣ мекашиданд ва ба зидди бачаҳое, ки ӯро шаллоқ заданд, парванда мекушоданд. Мувофиқи қонун. Шояд онҳо то ҳашт моҳ аз озодӣ маҳрум мешуданд, на ин ки кушта мешуданд.”
Сайфулло Сафаров: “Фикр мекунам, масъала то ин дараҷа намерасиду ин гуруҳҳо низ фошнашуда мемонданд. Бо баҳонаи Гулбиддин ин гуруҳҳоро ошкор кардем. Гуруҳҳоеро, ки тайёрӣ дида, пул гирифта буданд. Онҳо бояд зиддиятро дар Бадахшон бештар мекарданд. Инҷо масъалаи геополитикӣ аст. Бозии калон аст. Дар пушти Улфатхоним ва Холбашов дигарон меистанд. Дар пушти Маҳмадбоқир ҳам.”
Радиои Озодӣ: Ёдгор Файзов дар соли 2018 баъди раиси вилоят таъин шуданаш дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "дар минтақа мушкилот зиёд аст: бекорӣ, норасоии замин, даромади ками аҳолӣ ва нархҳои баланди маҳсулот". Гузашта аз ин Ёдгор Файзов ба таваҷҷуҳи ҳатмии ҳукумати марказӣ ба Бадахшон таъкид карда буд. Мешавад гуфт, ки воқеаҳои Бадахшон аслан заминаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ доранд?
Сайфулло Сафаров: “Ҳамингуна заминаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар тамоми Тоҷикистон, албатта, дар ноҳияҳои кӯҳияш бештар аст. Замин инамерасад. Оилаҳо бисёр калон ҳастанд, ҷойи кор надоранд ва ғайраву ҳоказо. Лекин мардум мефаҳманд вазъият чӣ гуна аст. Интизори рӯзи нек, интизори онки дасти ҳукумат ба онҳо ҳам мерасад, сӣ сол тоқат карданд. Аллакай нисф зиёди Тоҷикистон обод шуд. Ҳамин қадар обод шуд, ки дар даврони Шӯравӣ обод нашуда буд. Шаҳри Хоруғ чӣ қадар зебо аст. Рӯшон чӣ хел буд ва ҳоло чӣ хел шудааст. Шаҳри Душанбе як қишлоқ буд, ҳоло чӣ шуд.”
Шералӣ Ғуломалиев: "Ғавғои хона аз дасти бенонӣ аст... Боз чӣ қадар сол мунтазир шавем, то барои мо ягон корхона сохта шавад? Ва шароит фароҳам оварда шавад, ки аз хориҷа ба ватани худ баргардем ва онҷо кор кунем? Як роҳи “ҳалол” надорем. Роҳе, ки барои мо Шӯравӣ сохта буд, дар умраш асфалт надидааст. Роҳ надорем, чӣ хел маҳсулоти ширӣ ва картошкаи худро аз Вахон ба Душанбе барему фурӯшем? Бале, зебо шудааст. Ақаллан як корхонаро номбар кунед, ки дар Ишкошиму Рӯшон ва ноҳияҳои дигар сохта шудааст, ки мардум онҷо кор кунанд? Чанд соли дигар бояд мунтазир шавем?”
Сайфулло Сафаров: “Шералиҷон, ҳамин корхонаҳо дар Хоруғ ҳам ҳастанд. Дар Мурғоб ГЭС сохтанд. Дар Роштқалъа “Себзор”-ро месозанд. Умуман Помир худашро бо энергия таъмин мекунад. Чандин корхонаҳо сохта шудаанд. Ин хел нест, ки ҳеч корхонае набошад. Корхонаҳои дӯзандагиву маҳсулоти ширӣ ва сангҳои қиматбаҳоро дидам.”
Радиои Озодӣ: Ба гумони Шумо оянда чиро бояд дар назар дошт? Вазъ дар Бадахшон чӣ гуна хоҳад шуд?
Шералӣ Ғуломалиев: “Агар ҳукумати мо ба байни мардум надарояд ва суҳбат накунад ва сухани онҳоро нашунавад, вазъ он қадар хуб нахоҳад шуд. Бояд ҳукумат роҳи мардуми Бадахшонро таъмир кунад. Иҷозаи сабти гумрук дар худи вилоят шавад, маблағаш ба вилоят дода шавад, то минтақа аз дотатсия барояд. Роҳҳои ҳавоии дохилӣ ва хориҷӣ кушояд. Туризми хориҷӣ ва дохилӣ ривоҷ дода шавад. Хориҷиҳо барои рафтан ба Бадахшон бар иловаи виза бояд иҷозатнома бигиранд. Инро аз байн баранд. Харидуфурӯши озоди сангҳои қиматбаҳо иҷозат дода шавад.”
Сайфулло Сафаров: “Фикр мекунем, албатта, нисбати Бадахшон дар тамоми дунё андешаҳои гуногун пайдо мешаванд ва онҳо таҳдидҳои навро ба вуҷуд меоранд. Худи мардуми Бадахшон тарафдори ин нестанд ва нахоҳанд буд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз дасти гуруҳҳо озод шаванд ва орому осуда зиндагӣ кунанд.”