Навори мақомоти Тоҷикистон дар бораи "эътироф"-и рӯзноманигор ва мудофеи ҳуқуқи инсон Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқи ӯ, генерали мақомоти марзбонӣ Холбаш Холбашов, бо вокуниш, баҳс ва пурсишҳои бешуморе рӯ ба рӯ шуд.
Иддаои тарафҳо
Дар филме, ки аз телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов эътироф мекунанд, ки дар созмон додани тазоҳуроти Хоруғу Рӯшон “даст доранд”, ҳарчанд Улфатхоним то боздошташ дар Фейсбук ва суҳбат бо хабарнигорон ин иттиҳомро рад кард. Маълум нест, филм таҳти чӣ шароите сохта шудааст. Мамадшоева ва Холбашов мегӯянд, ҳамроҳ бо Мамадбоқир Мамадбоқиров ва дар ҳамкорӣ бо Алим Шерзамонов ташкили тазоҳурот дар Хоруғ ва Рӯшонро тарҳрезӣ карданд.
Ба гуфтаи муаллифони филм, Алим Шерзамонов бо ин ҳадаф дар умум 13 ҳазор доллар фиристодааст, ки 7 ҳазор барои тазоҳуроти Хоруғ ва 6 ҳазор барои Рӯшон тақсим шудааст. Муаллифон ҳеч далеле дар бораи тарзи интиқоли пул ироа намекунанд.
Алим Шерзамонов, сиёсатмадори мухолиф, низ тамоми иттиҳомотро алайҳи худ рад кард. “Барои машрӯият бахшидан ба он ҷиноят, наслкушие, ки дар ноҳияи Рӯшон сурат гирифт. Мардумро ба қатл расонданд. Баъд аз пайи он шуданд, ки Паймони миллӣ ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ асту Алим Шерзамонов узви он ва пойи ӯро ба миён бикашем, то кушта шудани мардумро қонунӣ кунем," -- шарҳ дод Шерзамонов дар мусоҳибаи худ бо Радиои Озодӣ.
Эътироф зери шиканҷа?
Эдвард Лемон, сиёсатшинос ва коршиноси умури Осиёи Марказӣ аз Донишгоҳи Техаси Амрико ва роҳбари маркази пажӯҳишии “Oxus Society” дар Вашингтон, мегӯяд, ин эътироф аз роҳи зӯру шиканҷа ба даст омадааст.
“Ба назар мерасад, ки чашми Мамадшоева осеб дидааст. Ҳатто нишонаҳои муносибати бераҳмона бо ӯ дар боздошт низ мушоҳида мешаванд. Ин бахше аз наҳваи рафтори мақомоти Тоҷикистон аст, ки дар бештари маврид аз он истифода мекунад. Маҷбур кардани одамон барои эътироф ба ҷинояте, ки содир накардаанд,” -- мегӯяд коршинос.
Муаллифони филм иддао мекунанд, ки Мамадшоева бо “созмонҳои шубҳаноки хориҷӣ” ва “ба хадамоти махсуси хориҷӣ иттилоъ додааст”. Ба унвони “далел” навори дурбинҳои яке аз тарабхонаҳои воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе оварда шудааст, ки онҷо Мамадшоева бо дипломатҳои хориҷӣ дидор доштааст. Далели дигари муаллифон пулҳои дарёфтии Мамадшоева барои созмони ғайридавлатиаш аст, ки аз ташкилоти “Интернюс” мебошанд, ки ба таври қонунӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Фаъолияти иҷтимоӣ ё ҷосусӣ?
Шахсони наздик ба Улфатхоним Мамадшоева эътироф мекунанд, ки ӯ воқеан бо дипломатҳои хориҷӣ, аз ҷумла кормандони Оҷонси рушди байнулмилалии Амрико (USAID) мулоқот кардааст, “вале он муҳтавои комилан дигаре дошт”.
“ВМКБ баъд аз воқеаҳои ноябри соли 2021 амалан дар инзиво қарор гирифт. Касеро ба онҷо роҳ намедоданд ва ҳеч хабаре аз онҷо берун намеомад. Улфатхоним Мамадшоева талош мекард, ба созмонҳои гуногун бирасонад, ки тарҳҳои иқтисодии ҳарчи бештаре ба вилоят ворид шаванд, то боиси кам шудани таниш шавад,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ба қавли ӯ, “Мамадшоева бо ин ҳадаф бо намояндаҳои сафорати Амрико, USAID, кормандони Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе дидор мекард, вале инро наметавон ҷосусӣ гуфт, чунки ба сирри давлатӣ дастрасӣ надорад ва наметавонист ба вазъияти Бадахшон таъсир гузорад.”
Бо ин ҳол, Улфатхоним Мамадшоева дар “эътироф”-и худ зикр мекунад, ки интиқоли таҷҳизоти низомӣ ва нерӯи инсониро дунбол мекард ва ба шахсони хос иттилоъ додааст. Маълум нест ӯ чӣ гуна ба чунин иттилоъ, ки сирри давлатист, дастрасӣ доштааст.
Грантҳо танҳо барои мақомоти давлатӣ?
Коршинос Эвард Лемон иттиҳомот ба кишварҳои ғарбиро «тамасхуромез» гуфтааст, зеро ин кишварҳо аз муддатҳо пеш ба Тоҷикистон ёриҳои амниятӣ ироа мекунанд, ки дар чаҳорчӯби ба истилоҳ мубориза алайҳи терроризм истифода мешаванд. “Баъд аз ироа шудани ин қадар миллион доллар кумак барои таъмини амният ҳоло ҳукумати Тоҷикистон Ғарбро дар эҷоди бесуботӣ муттаҳам мекунад,” -- мегӯяд сиёсатшинос.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари мустақил, низ назари монанд дорад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар соли 2021 сохторҳои давлатӣ бо ниҳодҳои молии ғарбӣ дар мавриди ироаи грантҳо ба маблағи 500 миллион доллар қарордод имзо карданд ва ҳар нимсола ба онҳо аз корҳои иҷрошуда иттилоъ медиҳанд.
“Пас, инҳо ҳам ҷиноят содир кардаанд? Грантҳо барои рушди ин ё он соҳа дода мешаванд. Онҳо дар доираи қонун дода мешаванд ва чӣ сохтори давлатию ғайридавлатӣ ва чӣ шахсони алоҳида ин грантҳоро танҳо ба манфиати мардум ва Тоҷикистон истифода мебаранд,” - мегӯяд Қодиров.
Тазоҳурот ва шоҳидӣ бар зидди худ қонуниянд?
Муаллифони филм бар он таъкид мекунанд, ки Мамадшоева ва ҳамсари собиқаш Холбаш Холбашов барои гузаронидани тазоҳурот омодагӣ дида буданд. Аммо Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон ва муассиси “Бунёди Бузургмеҳр” мегӯяд, дар ин маврид ҳеч иқдоми ғайриқонунӣ мушоҳида намешавад, ҳатто агар созмон додани тазоҳурот барномарезӣ шуда бошад.
“Ҳеч як иқдоми эътрозӣ ё таҷаммӯи ғайриқонунӣ набояд боис ба кушта шудани муътаризон шавад, то он даме ки онҳо таҳдиде барои ҷомеа, амволи давлатӣ, ҳаёт ва саломатии кормандони интизомӣ ва ё шаҳрвандони мулкӣ намегарданд. Дар ин мавриди хос чизе ба ин монандро намебинем. Аз ин рӯ, суоле ба миён меояд, ки чаро нерӯҳои интизомӣ алайҳи шаҳрвандони норозӣ оташ кушонданд?" -- зикр мекунад Ёров.
Ба гуфтаи ин ҳуқуқдон, шоҳидӣ бар зидди худ бо қонунгузории Тоҷикистон дар таноқуз нест. Бо вуҷуди ин, маълум нест, чунин шоҳидӣ таҳти кадом шароите муяссар шудааст. Биноан, тибқи қонун ниёз ба фароҳам шудани далелҳои воқеӣ аст.
Чин ва Русия. Ба фоидаи кист?
Вазъият дар ВМКБ замоне печида шуд, ки 14-уми майи имсол чандин сокини шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Бархоруғ бо талаби истеъфои раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ва шаҳрдори Хоруғ Ризо Назарзода, барканор кардани посгоҳҳо дар маркази вилоят, бас кардани таъқиби сокинони Бадахшон, таҳқиқи одилонаи воқеъаҳои моҳи ноябри 2021 ва озод кардани фаъолони зиндонӣ ва боздоштшуда ба хиёбон омаданд.
Мақомот тасмими пароканда ва дар инзиво қарор додани маркази маъмурии ВМКБ-ро гирифтанд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар пайи даргирии мӯътаризон бо кормандони интизомӣ як сокини шаҳри Хоруғ кушта ва 3 корманди нерӯҳои давлатӣ захмӣ шуданд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, чанд тан аз эътирозгарон низ захм бардоштанд.
17-уми май сокинони ноҳияи Рӯшон бо ҳадафи роҳ надодани техникаи ҳарбӣ ва сарбозон ба шаҳри Хоруғ роҳи Душанбе-Хоруғро бастанд. Рӯзи дигар ВКД-и Тоҷикистон бо пахши як баёния эълон кард, алайҳи афроде, ки роҳро бастанд, “амалиёти зиддитеррористӣ” мегузаронад. Дар натиҷаи амалиёт, даҳҳо тан ҷон бохтанд ва бештар аз 100 нафар боздошт шуданд. Мақомот дар бораи кушта шудани 9 нафар, аз ҷумла як сарбоз, дар Рӯшон хабар доданд.
22-юми май таҳти шароити мармуз дар шаҳри Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии ВМКБ, кушта шуд. Афроди наздик ба ӯ мегӯянд мақомот дар куштани ӯ даст доранд, аммо ВКД эълом дошт, ӯ дар пайи “муноқишаи гуруҳҳои ҷиноятӣ” кушта шуд.
Доктор Сюзана Левӣ-Санчез таъкид меварзад, ки вазъияти Хоруғ метавонад, ба нафъи Чин ва Русия бошад. “Чин мехоҳад, роҳе, ки аз Бархоруғ мегузарад, таҳти назорати давлат бошад. Агар ин амр боиси куштани шаҳрвандон ва лидерони маҳаллӣ ва эҷоди монеа барои ворид ва хориҷ шудан аз Хоруғ ва минтақаҳои атроф шавад, эҳтимолан, Чин аз он ҳимоят хоҳад кард. Русия аз ин вазъият барои боз ҳам қавӣ кардани мавқеи худ дар минтақа нафъ мебарад ва аз ҳукумату раисҷумҳури Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад,” -- мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи вай, “агар барои ин зарурат ба кумаки низомӣ-фаннӣ дар ивази ҳузури қавии давлат бошад, Маскав аз он ҳимоят мекунад.”