Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико ба ҳодисаҳои Бадахшон вокуниш карданд


Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба рӯйдодҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вокуниш кард.

Бюро оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии вазорат рӯзи 20-уми май дар Твиттер аз ҷонибҳо хост, шиддати авзоъро поин биоваранд.

Дар изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, “хештандории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот”-ро таъмин кунад.

То ин дам Созмони Милал, Дидбони Ҳуқуқи Башар, намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва сафоратҳои Амрико, Олмону Фаронса ва Бритониё дар Душанбе низ ба ҳаводиси Бадахшон вокуниш карда, тарафҳоро ба оштӣ хондаанд.

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд.

Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. Сокинони Рӯшон рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади 21 нафарро ба наздиконашон додаанд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

XS
SM
MD
LG