Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба муколама. Вокуниши сафирони ғарбӣ ба рӯйдодҳои Бадахшон


Акс аз ҳодисаи Хоруғ, 16-уми майи 2022
Акс аз ҳодисаи Хоруғ, 16-уми майи 2022

Сафирони чанд кишвари ғарбӣ дар Тоҷикистон рӯйдодҳои се рӯзи охирро дар Бадахшон "даргирии хушунатомези дохилӣ" номида, аз шиддат гирифтани вазъ ва талафоти ҷонӣ дар он ибрози нигаронии амиқ кардаанд.

Дар пайи эътирози сокинону бархӯрди мақомот дар шаҳри Хоруғ ва "амалиёт" дар ноҳияи Рӯшон, ба иттилои расмӣ, дар умум 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Яке аз кушташудаҳо низомӣ аст. Дар бораи дастгир шудани даҳҳо сокини маҳаллӣ гузориш мерасад.

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, сафоратҳои Фаронса, Олмону Бритониё ва Амрико дар Душанбе рӯзи 18-уми май дар изҳороти якҷоя аз тарафҳо хостаанд, барои поин овардани шиддати вазъ "нерӯву ғайрати худро дареғ надоранд ва таҳаммул пеша кунанд".

Инчунин, сафирони ғарбӣ аз тарафҳо хостаанд, "аз истифодаи бемеъёри қувва" ва "даъват ба зӯроварӣ" даст кашанд. Дар изҳорот ба мақомоти Тоҷикистон гуфта шудааст, “ҳатто дар ҳолатҳои буҳронии вобаста ба амният, волоияти қонуну эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон таъмин карда шавад.”

“Таҳдид ва таъқиби шаҳрвандон, рӯзноманигорон ва маҳдудияти васеи дастрасӣ ба иттилоот дурнамои коҳиши шиддати вазъ ва бозгашт ба низоми муқаррариро халалдор мекунад,” – гуфтаанд сафирони ғарбӣ.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин дархостҳо посухе надоданд.

Сафирони кишварҳои ғарбӣ гуфтаанд, аз талафоти ҷонӣ дар ин рӯйдодҳо “сахт мутаассиф ҳастанд” ва ба хонаводаи онҳову захмиён ибрози ҳадмардӣ мекунанд. “Билохира, мо ҳамаро даъват менамоем, то ба муколамаи софдилона ва роҳи зудтари оромии вазъият рӯй биоваранд,” – таъкид кардаанд онҳо.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 16-уми май ба ин тараф печида аст. Сокинони норозӣ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 16-уми май истеъфои ду мансбадори маҳаллӣ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ва озодии боздоштшудаҳоро тақозо карда, баъди он ки посухи рад гирифтанд, ба кӯчаҳо баромаданд.

Бино ба наворҳо, мақомот ба зидди онҳо аз воситаҳои парокандакунӣ, аз ҷумла тирҳои резиниву газҳои ашковар истифода карданд. Тибқи иттилои расмӣ, он рӯз як сокини Хоруғ ба ҳалокат расида, се афсари пулис захмӣ шуданд. Мардум мегӯянд, шуморе аз аҳолии осоишта низ маҷруҳ шудаанд.

Мавҷи нооромӣ рӯзи 17 ва 18-уми май ба ноҳияи Рӯшон “кӯчид”. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар онҷо “амалиёти зиддитеррористӣ” мегузаронад, чун “гуруҳи 200-нафарӣ бо истифода аз тамоми намуди силоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.”

Шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, гуруҳе аз сокинони маҳаллӣ, асосан ҷавонон, талош карданд, аз ҳаракати мошинҳои ҳарбӣ ба самти Хоруғ пеширӣ кунанд, вале онҳо мусаллаҳ набуданд. Ба қавли онҳо, "дар ин тирандозиҳо шаҳрвандони осоишта ба ҳалокат расиданд". Ба сабаби набудани интернет аксу навор дастрас нашуд.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021, кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ, ба ин сӯ печида аст.

Эътирозгарон он замон пас аз мувофиқати "Комиссияи 44" (иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ) бо ҳукумат пароканда гаштанд. Шартҳо ин буд, ки ҳукумат дастрасиро ба интернет дар Бадахшон дубора барқарор мекунад, эътирозгаронро ба ҷавобгарӣ намекашад ва омилони қатли Гулбиддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашад. Танҳо пас аз чор моҳ интернет бо суръати суст дар Бадахшон барқарор шуд, вале масъулони "Комиссияи 44" мегӯянд, мақомот ваъдаҳои дигари худро иҷро накарданд.

XS
SM
MD
LG